Ҳамоиши нахустини Шурои сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ ба арафаи анҷоми ҳаҷҷи фарзӣ ва оғози ҳаҷҷи умра ба Арабистони Саудӣ рост омад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафари худ, аз як тараф, як идда мулоқотҳои судманд баҳри ҳалли масоили иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ анҷом доданд, аз тарафи дигар, адои Умра намуда, барои натиҷабахш гардидани он мулоқот дуо намуданд.
Роҳбари давлатамон ободиву рушди кишвари азизамонро дар сархати фаъолияти сиёсии хеш қарор дода, барои ноил шудан ба он тамоми имкониятҳои сиёсию иқтисодии мавҷуда ва ҳамаи неруи интеллектуалии худро сафарбар менамоянд. Мисоли равшани он дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ, дар ҳошияи нахустин нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ бо Валиаҳд ва Раиси Шурои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд анҷом додани мулоқоти судбахш мебошад.
Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти ин мулоқоти судманд бо мизбонон маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Подшоҳии Арабистони Саудиро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор доданд, ки барои Тоҷикистон бешубҳа хеле манфиатбахш ва судманд мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба ин нишаст баҳои баланд дода, дар таърихи муосири робитаҳои ҳамаҷонибаи ду минтақа дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Халиҷ” баргузор шудани онро рӯйдоди муҳим арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин ҷонибҳо бо итминони комил таъкид карданд, ки натиҷаҳои он ба тақвияти риштаҳои дӯстӣ ва пешбурди ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо мусоидати муассир хоҳанд кард.
Дар ҷараёни мулоқотҳо тарафҳо аз роҳандозӣ ва тақвияти муколамаи стратегӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои аъзои Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ҷонибдорӣ намуданд, ки албатта барои Тоҷикистон аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон давлати мо пайгирона барои амалӣ намудани ҳадафҳи стратегии судманд гом мегузорад ва мулоқоти мазкур намунаи равшани он аст. Қобили зикр аст, ки маҳз бо ибтикору ташаббуси роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои барои ҷонибҳо судманд, аз ҷумла барқарор ва таҳкими робитаҳои ҳасана байни кишварҳо, ба роҳ мондани муколамаи пайвастаи сатҳи олӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт.
Дар рафти вохӯрӣ ба рушду густариши робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар чаҳорчӯби Кумитаи муштараки дӯстии парлумонӣ, Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, Форуми сармоягузории ду кишвар ва Фонди рушди саудӣ, таваҷҷуҳи калон зоҳир карда шуд, ки бозгуйи сиёсати стратегии роҳбари давлат дар самти ҳамкориҳои муштараки самаранок мебошад.
Ҳанӯз аз оғози фаъолияти корӣ ба ҳайси роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз бунбасти энергетикӣ ва коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон кўшишу заҳматҳои зиёд сарф намуданд, ки натиҷаи он имрўз ба ҳамагон маъулум мебошад. Аз ҷумлаи ин кўшишу заҳматҳо таҷдиди неругоҳҳои барқист, ки имкон дод таъминоти аҳолӣ ба барқ беҳтар гардад. Бунёди неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2” ва ба истифода додани агрегатҳои якуму дуюми неругоҳи барқӣ-обии Роғун на фақат ба истиқлолияти энергетикии кишвар мусоидат намуд, балки дар солҳои охир дар кишвар зиёда аз 1600 коргоҳ ва корхонаҳои нави саноатӣ, аз ҷумла, корхонаҳои коркарди маъдан ва дигар намудҳои ашёи хоми саноатӣ, нахи пахта, маводҳои сохтмонии саноатӣ ва коркарди маҳсулоти истеҳсоли кишоварзии ватанӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд, ки дар нитиҷа даҳҳо ҳазор нарфар соҳиби ҷойи кор шуданд. Аз ин рў, рушд додани ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, ҳамчунин коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан аз самтҳои афзалиятнок дар ин нишастҳои дуҷониба буданд. Хусусан ба ҷалби сармояи саудӣ барои рушди бахшҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон, ки дорои захираву имкониятҳои фарох аст, афзалияти зиёд дода шуд.
Тавсеаи минбаъдаи робитаҳои илмию фарҳангӣ омили муҳими таҳкими дӯстии безаволу бародарии байни ду халқ маҳсуб меёбад. Ҷои тардид нест, ки рушду таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму маориф, сайёҳӣ, тандурустӣ ва варзиш ба манфиати дурнамои ояндаи Тоҷикистони азиз хоҳад буд.
Мавқеи Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи хатари ифротгароии динӣ ва экстремизму радикализм ҳамчун вабои аср ба кишварҳои дунё маълум аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланд таъкид намуданд, ки «терроризм сарҳад, миллат ва мазҳаб надорад». Аз ин рў, дар рафти мулоқотҳо ва нишастҳо ба масъалаи густариши ҳамкории кишварҳо дар арсаи амниятӣ, аз ҷумла ҷиҳати муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир аз мавзўъҳои дигари мулоқот буд, ки ҷонибҳо атрофи онҳо табодули афкор намуданд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шумули панҷсад Мусулмони машҳуртарини дунё мавқеъ гирифтааст ва ин боиси ифтихори мо буда, бори дигар аз нуфузи кишвари Тоҷикистон дар олами мусулмоннишин дарак медиҳад.
Ҳамзамон боиси таъкид аст, ки Пешвои миллат дар ҳошияи вохўрии мазкур Каъбатуллоҳро зиёрат намуда, адои Умра намуданд. Чуноне ки тавассути васоити ахбор маълум гардид, Пешвои хирадманди миллат тамоми маносики Умраро иҷро намуда, барои ободию гул-гулшукуфии Тоҷикистони азиз дуо намуданд, ки бешак аз муносибати эҳтиромона ва хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллат дар нисбати арзишҳои динӣ дарак медиҳад. Аз тарафи Пешвои миллат адо гардидани тамоми маносики Умра бори дигар амалан собит намуд, ки дар Тоҷикистон на танҳо барои адои талаботҳои фарзӣ, балки барои адои суннат низ ҳеҷ мушкил ва монеае вуҷуд надорад. Исботи ин гуфтаҳо соли ҷорӣ нисбати солҳои пеш ҳаҷҷи фарзиро адо намудани шумораи зиёди шаҳрвандони кишвар мебошад.
Хулоса, Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи вохўриҳои иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангии хеш адои Умра намуда, эҳтироми хосса ва самимӣ доштани худро аз арзишҳои динӣ амалан ба ҷаҳониён нишон дод ва собит намуд, ки мусулмонони кишвари мо дар адои талаботҳои динӣ бо ҳеҷ мушкиле рўбарў нестанд.
Аз тарафи худ мо мақбул гардидани Умраи Пешвои миллатро аз даргоҳи илоҳӣ таманно менамоем.
Муовини директори Маркази
исломшиносӣ дар назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалилзода К.А.
Сардори шуъбаи
пажӯҳиши исломи муосир Баҳромбеков В.А.