Фаъолияти сомонаи “НОВЫЙ ТАДЖИКИСТАН 2” ва аъзоёни он дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шуд.

Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми июни соли 2023 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шуда, сомонаи “НОВЫЙ ТАДЖИКИСТАН 2”  ташкилоти экстремистӣ ва иғвоангез эътироф гардида, фаъолияташ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.
 

Машғулиятҳои омӯзишӣ ба хотири баланд бардоштани малакаи касбӣ

Имрӯз, 27/07/2023 бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалишавии Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат бо мақсади баланд бардоштани касбияти занони хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон курсҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шуд.

АҚИДАҲОИ ҲУҚУҚИИ БУРҲОНУДДИН МАРҒЕЛОНӢ ВОБАСТА БА ОБ

Бурҳонуддин Марғелонӣ яке аз мутафаккирон ва ҳуқуқшиносони асримиёнагии шохаи мовароуннаҳрии мактаби ҳуқуқии ҳанафия буда, аз худ осори гаронбаҳое боқӣ мондааст [1, с. 25-28; 2, с. 39]. Ақидаҳои ҳуқуқии Бурҳонуддин Марғелонӣ вобаста ба об [3, с. 454-456] яке аз қисматҳои ақидаҳои давлатӣ ва ҳуқуқии ӯ мебошад.

Ривоят

Як донишманд падар чор писар дошт. Падар барои он ки ба онҳо дарси ҳаёт омӯзад, ки тасмими шитобкорона қабул накунанд ва рӯякӣ набошанд, падар онҳоро ба дидани дарахти бузурге дар водии дур фиристод.
Писари калонӣ зимистон, дуюмаш дар баҳор, сеюмаш тобистон ва хурдӣ дар тирамоҳ рафт.
Вақте ки ҳама дарахтро диданд, падарашон аз онҳо пурсид:
«Биёед, ҳар яки шумо дарахтеро, ки дидед, як-як тавсиф кунед», гуфт ӯ.
Писари калонӣ:
— Дарахт хеле хунук ва хушк аст, — гуфт у.
Баъдӣ:
— Дарахт барги сабз дорад, — гуфт у.
Сеюм:

ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТИВУ ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ИСЛОМШИНОСӢ”

Рӯзи 26 - уми июли соли 2023 маҷлиси ҳисоботию интихоботии солонаи ташкилоти ибтидоии «ИСЛОМШИНОСӢ»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Марказ Абдухалилзода Кароматулло ифтитоҳ намуда, пас аз интихоби котиботи ҷаласа намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомониро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Рӯзномаи ҷаласа чунин масъалаҳоро дар бар мегирифт.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. АЗ САРБОЗИ СОДИҚУ НАМУНАВӢ ТО ПЕШВОИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН

Фаромӯш накунед, ман дар Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ хизмат намудаам. Се соли расо – аз 1971 то 1974, дар киштии ҷангӣ арзу тули баҳри Сиёҳ ва уқёнуси Оромро чен кардаам. Ҳар кас, ки ба баҳр баромада бошад, хуб медонад: агар лангар ба об андохта шавад, ҳеҷ тӯфоне киштиро бурда наметавонад. Ман ҳам чунин лангаре дорам, ки ҳеҷ гоҳ аз он канда шуда наметавонам: он ҳисси масъулият аст дар пеши мардуми Тоҷикистон, ки маро Президенти худ интихоб кардааст.

Эмомалӣ РАҲМОН

Диндорӣ ва дингароӣ

Дар шароити ба таври бемисл интишор ёфтани раванди дунявигароӣ дар ҷомеаи муосир ва дар баробари он тақвият ёфтани дингароӣ дар кишвари мо ва ҳамчун маҳсули раванди мазкур зиёд шудани таассуби динӣ тааммулу тааққул дар мундариҷаи мафҳумҳои мазкур ва таҳқиқи аҳамият ва ё зарари равандҳои зикршуда хеле мубрам ва саривақтӣ дониста мешавад.

Бо хоинҳо дӯсти макун. Онҳо туро хоҳу нохоҳ рӯзе мефурӯшанд!

Ҳазрати Алӣ (р.а) дар бистари марг хоб буд. Садои гиряи писараш Ҳасанро (р.а) шунида гуфт:

Барои чӣ гиря дорӣ?

Гуфт:

Чӣ гуна гиря накунам,вақте ту дар бистари марг хобӣ?

Ҳазрати Алӣ (р.а) гуфт:

Ҳашт пандe ҳаст ба ту мегӯям агар бо чортои он амал карда аз чортои дигараш худдори намоӣ, пас ягон касе ба ту наметавонад зараре расонад.

— Онҳо чӣ будаанд? — гуфта пурсид Ҳасан (р.а).

Хазрати Али (р.а) гуфт:

Страницы

Яндекс.Метрика