ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТИВУ ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ИСЛОМШИНОСӢ”

Рӯзи 26 - уми июли соли 2023 маҷлиси ҳисоботию интихоботии солонаи ташкилоти ибтидоии «ИСЛОМШИНОСӢ»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори Марказ Абдухалилзода Кароматулло ифтитоҳ намуда, пас аз интихоби котиботи ҷаласа намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомониро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Рӯзномаи ҷаласа чунин масъалаҳоро дар бар мегирифт.

-Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии«ИСЛОМШИНОСӢ».

-Интихоби раиси нави ташкилоти ибтидоии ҳизбии «ИСЛОМШИНОСӢ».

-Қабули узви нави ҲХДТ.

-Баррасии масъалаҳои ҷорӣ.

Муовини директори Марказ зимни ҳисоботи мухтасар доир ба фаъолияти яксолаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур қайд кард, ки ҳизби сиёсӣ ҳамчун муҳимтарин унсури ҷомеаи демократӣ тавассути интихобот метавонад номзад ва намояндагони худро ба мақоми намояндагӣ ва иҷроия пешбарӣ намуда, соҳиби ваколат намояд, ки маҳз онҳо барои амалӣ гардонидани барномаҳои ҳизб иқдом менамоянд.

Барои ноил шудан ба ҳадафҳои вандӯстонаву наҷиб, ки сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳанд, ҲХДТ тавассути намояндагони худ дар ҳама шохаҳои ҳокимият талош меварзад, ки барои таъмини ширкат дар рушди устувори ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар ба ҳар як сокини мамлакат шароити мусоид фароҳам оварад.

Маҳз сиёсати хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масири рушди бомароми мамлакат махсусан муҳим қайд намуда, ҷавҳари асосии онро ормонҳои миллӣ, таҳкими арзишҳои демократӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар дар шароити пуртазоди минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ намуд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба унвони мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф гардидааст. Инчунин, тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати сарнаиштсози Роҳбари муаззами ҲХДТ мебошад. таъкид намуд, ки дарвоқеъ, рисолати ҳизби сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, барои кишварҳое, ки низоми давлатдории демократиро интихоб намудаанд, бениҳоят бузургу масъулиятнок аст.

Зикр гардид, ки ташкилоти ибтидоии «ИСЛОМШИНОСӢ» дар Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи Марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ХХДТ як қатор корҳои ташвиқотиву таблиғотиро ба анҷом расонида, дар тарғиби арзишҳои миллӣ, ташаккули маърифати ватандӯстӣ, татбиқи «Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025» ва амалишавии барномаҳои дигари давлатӣ саҳми муносиб гузошт.

Кароматулло Абдулхалилзода ба ҳамаи аъзои ҳизб муроҷиат намуда, таъкид кард, ки минбаъд боз ҳам фаъолтар амал намуда, ҳар як узви ҳизб дар баланд бардоштани нуфузу эътибори ҲХДТ ва амалӣ шудани талаботи ҳизбӣ чораҳои мушаххас андешида, баҳри иҷрои онҳо кӯшишу талош намояд.

Ҷаласаи ҳисоботиву интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ИСЛОМШИНОСӢ” дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

АБДУЛЛОҲИ ҚОДИРӢ - САРДОРИ ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА ТАШХИСИ ДИНШИНОСӢ ДАР НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Яндекс.Метрика