
Имрӯз, 27/07/2023 бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалишавии Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат бо мақсади баланд бардоштани касбияти занони хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон курсҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шуд.
Машғулияти навбатӣ дар мавзӯъҳои "Имиҷи зан-роҳбар" аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда Бегмурод ва "Мавқеи зан аз нигоҳи ислом", аз ҷониби Рамазониён Аҳтам, намояндаи Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шунавандагони курс манзур гардиданд, мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор дода шуд.
Рамазониён Аҳтам.