Китобхона

Оқибат манзили мо водии хомӯшон аст

Хезу дар косаи зар оби тарабнок андоз,
Пештар з-он, ки шавад косаи сар хок андоз.

Оқибат манзили мо водии хомӯшон аст,
Ҳолиё, ғулғула дар гунбади афлок андоз!

Чашми олуданазар аз рухи ҷонон дур аст,
Бар рухи ӯ назар аз оинаи пок андоз!

Ба сари сабзи ту, эй сарв, ки гар хок шавам,
Ноз аз сар биниҳу соя бар он хок андоз!

Дили моро, ки зи мори сари зулфи ту бихаст,
Аз лаби худ ба шифохонаи тарёк андоз!

Мулки ин мазраа донӣ, ки суботе надиҳад,
Оташе аз ҷигари ҷом дар амлок андоз!

"Тазкирату-л-авлиё"-и Фаридуддин Аттори Нишопурӣ

Шайх Аттори Нишопурӣ (1145-1221) дар таърихи адабиёт на танҳо чун орифи номвар, балки яке аз чеҳраҳои тобноки адабиёти сӯфия ва муаллифи осори фаровони ирфонӣ шинохта шудааст.

НАСИҲАТ ГӮШ КУН ҶОНО....

Яке аз суханварони бузурге, ки дар таҳкиму густариши андешаҳои тарбиявию ахлоқӣ ва инсонпарвариву зебоишиносӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ нақши намоён гузоштааст, Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ (1320-1389) мебошад.

Дар ҳақиқат шеъри Ҳофиз хазинаи панду ҳикмати рангин, сафинаи лутфу мавъизаи ширин ва ганҷинаи маъонии оёти қуръониву аҳодиси набавӣ мебошад.
Шеъри Ҳофиз дар замони Одам андар боғи хулд,
Дафтари насрину гулро зинати авроқ буд.

Бале, шеъри Ҳофиз имрӯз ҳам равшангари чароғи маҳфилҳост.

Китоби "Анису-н-нос"- и Шуҷоии Шерозӣ

Китоби "Анису-н-нос"- и Шуҷоии Шерозӣ аз зумраи беҳтарин китобҳои ахлоқиест, ки дар пайравӣ ба "Қобуснома"-и Унсурулмаолии Кайковус ба қалам омада, то ҳол дар адабиётшиносии тоҷик муаррифӣ нашудааст. Китоб баробари ҳовии муҳимтарин матолиби ахлоқӣ-тарбиявӣ будан, фарогири ҳикоёти дилписанд, ашъори латифи шуарои гуногундавр ва зубдаи панду андарзҳои бузургони Шарқ буда, намунаи насри зебои асри XV низ ҳаст.

МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ "МАСНАВИИ МАЪНАВӢ"

Ман чӣ гӯям дар васфи он олиҷаноб,
Нест пайғамбар, лек дорад китоб.
Маснавии маънавии Мавлавӣ,
Ҳаст қуръон дар забони паҳлавӣ.

Шоҳасари Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ "Маснавии маънавӣ" ҳикояву қиссаҳои зиёдеро дар бар мегирад. Ҳамаи ин достонҳо чун тамсил истифода бурда шудаанд ва ҳар кадоми онҳо бори зиёди маънавию ирфониро ба дӯш доранд.

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои "Маснавии маънавӣ"-ро дар шакли насрӣ дарбар мегирад.

Достонҳои ин китоб бо сабку услуби содаву оммафаҳм нигошта шудаанд ва дорои аҳамияти бузурги ахлоқиву маънавӣ мебошад.

МАНОҚИБИ ИМОМИ АЪЗАМ

Мавҷудияти кутуби бисёре, ки дар сифот ва корномаи зиндагии аиммаи мазоҳиб, аҳли тасаввуф ва ғайра далели он аст, ки мардуми мусалмон дар баробари ошноӣ бо ин шахсиятҳои хориқулода ва ақоиди эшон таълимоти онҳоро нардбоне ба сӯи Худованд ва суннати Расули гиромӣ медонистанд.

Имоми Аъзам ҳам аз зумраи он нухбагонеанд, ки дар бораашон маноқиби зиёде навишта шудааст.

Ин китоб аз асарҳои илмии ҷиддӣ дар шинохти шахсият ва мазҳаби Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит мебошад, ки фаъолияти гуногунҷанбаи эшонро бо равиши илмӣ пайгирӣ намудааст.

"РИСОЛАИ ҲОТАМИЯ"

Донишманд, мураббӣ, муаллими ахлоқ ва муфассири бузурги форсу тоҷик Ҳусайн Воизи Кошифӣ аз худ осори гаронбаҳои адабиву илмии зиёд дар фанҳои ахлоқ, таърих, тасаввуф, нуҷум, фиқҳ ва тафсир мерос гузоштааст. Машҳуртарин осораш "Тафсири Ҳусайнӣ", "Футувватномаи султонӣ", "Ахлоқи муҳсинӣ", "Анвори суҳайлӣ", "Рисолаи Ҳотамия" ва ғ. мебошад.
Рисолаи "Ҳотамия" аслан ба тасвири аркони ҷавонмардӣ: саховат ва шуҷоат нигаронида шудааст. Кошифӣ ин рисоларо ба чеҳраи саховатманду абадзиндаи адабиёти арабу аҷам Ҳотами Той бахшидааст.

АХЛОҚИ МУҲСИНӢ

Китоби "Ахлоқи муҳсинӣ"- и Ҳусайн Воизи Кошифӣ аз зумраи беҳтарин китобҳои ахлоқист, то имрӯз маъруфияти худро аз даст надодааст. Китоб баробари ҳовии муҳимтарин матолиби ахлоқӣ-тарбиявӣ будан, фарогири ҳикоёти дилписанд, ашъори латифи шуарои гуногундавр ва зубдаи панду андарзҳои бузургон буда, намунаи насри зебои асри XV мебошад.

Ин асар дар байни осоре, ки дар ин замина ба қалам омадаанд, ба монанди "Насиҳату-л-мулук"-и Абӯҳомиди Ғаззолӣ, "Сияру-л-мулук"-и Низомулмулки Тӯсӣ, "Ахлоқи носирӣ"-и Насируддини Тӯсӣ ва ғ. аз мақоми хосса бархурдор аст.

Страницы

Яндекс.Метрика