ГУЛШАНИ АДАБ

Давлати дунё кӣ таманно кунад...

❗Давлати дунё кӣ таманно кунад,
Бо кӣ вафо кард, ки бо мо кунад?
Расми ситам нест ҷаҳон ёфтан,
Мулк ба инсоф тавон ёфтан.
Мамлакат аз адл шавад пойдор,
Кори ту аз адли ту гирад қарор.
То чанд, Низомӣ, дари дунё занӣ?
Хезу дари дин зан, агар мезанӣ!
✍️Низомии Ганҷавӣ.

Бознашр аз саҳифаи
Марвориди форсу тоҷик

25/10/2022с

Хонаи дил рав, ки оби Зам-зам аст!

❗Зиндагӣ гаҳ шодиву гоҳе ғaм аст,
Гаҳ нишоти беш дорад, гаҳ кам аст.
Ғофил аз умри азизи худ мабош,
Буди мову ту, бародар, як дам аст.
Дар раҳи бебозгашти зиндагӣ,
Чашми ғамнокон ҳамеша пурнам аст.
Муслимо, гар лаб даме тар мекунӣ,
Хонаи дил рав, ки оби Зам-зам аст.
Румию Иқболу Атторанд пир,
Мисли ишон шайху мавлоно кам аст.
Аз ниҳоли сарбаланде суд нест,
Шоха чун пурбор бошад, сархам аст.
Он ки бо тезӣ мурувват мекунад,
Дӯстону душманонро ҳамдам аст.

Муноҷоти Ҷомӣ

Бандааму пургунох, бор Худоё, бубахш,
Номаи исён сиёх, бор Худоё, бубахш!
Бандаи камтоатам, карда гунах одатам,
Дур бикун гафлатам,бор Худоё, бубахш!
Чуну чаро кардаам, руву риё кардаам,
Баски хато кардаам, бор Худоё, бубахш!
Хаст гунохон маро, бехаду чурму хато,
Аз шарафи Мустафо, бор Худоё, бубахш!
Гиря кунам зор-зор, аз алами рузгор,
Дида шуд абри бахор, бор Худоё, бубахш!
Аз сари лутфу карор,чурми маро даргузор,
Хочати моро барор, бор Худоё, бубахш!
Эй Ахади Зулчалол, в-эй Самади безавол,

ҒАЗАЛИ ПАРЕШИ ШАҲРЗОӢ

Ишқро бе маърифат маъно макун,
Зар надорӣ, мушти худро во макун.

Гар надорӣ дониши таркиби ранг,
Байни гулҳо зишт ё зебо макун.

Хуб дидан шарти инсон будан аст,
Айбро дар ину он пайдо макун.

Дил шавад равшан зи шамъи эътироф,
Бо кас ар бад кардаӣ, ҳошо макун.

Эй, ки аз ларзидани дил огаҳӣ,
Ҳеҷ касро ҳеҷ ҷо расво макун.

Зар ба дасти тифл додан аблаҳист,
Ашкро назри ғами дунё макун.

Пайрави Хуршед ё ойина бош,
Ҳар чӣ урён дидаӣ, ифшо макун.

Луқмаи ҳалол аз назари Мавлоно

آنچه ما می خوریم در روحیات ما تاثیر دارد، این
روزی ما و لقمه ما چه باشد، بی ارتباط نیست با اینکه "حال ما" چگونه باشد
لقمه انسان باید حلال باشد، اما لقمه تنها آن خوراکی نیست که از راه دهان می بلعیم، لقمه هایی هست که ذهن ما و جان ما را تغذیه می کند.

ما روزانه سر سفره های مختلفی برای جسم و روحمان روزی برمی داریم، مهم است که بدانیم روزی که به جسم و جانمان می رسانیم، حلال است یا حرام؟

مولانا یک عیار برای سنجش حلال یا حرام بودن روزی به ما می دهد:

اگر ما به طور مستمر در دلمان احساس گرفتگی و تاریکی داریم، جایی هم سفره شیطان شده ایم، اگرچه بی خبر:

Ту ҳамедонӣ, ки ойини ту чист?

Ту ҳамедонӣ, ки ойини ту чист?
Зери гардун сирри тамкини ту чист?

Он китоби зинда Қуръони карим,
Ҳикмати ӯ лоязол асту қадим.

Гар ҳамехоҳӣ мусулмон зистан,
Нест мумкин ҷуз ба Қуръон зистан.

Муҳаммад Иқбол.

Бознашр аз саҳифаи
Хазинаи маърифат

Барои ояндаи дурахшони хеш нақша бояд дошт!

Касе, ки барои ояндаи худаш нақша надошта бошад, ҳамеша ба гузаштааш бармегардад.

کسی که برای آینده خودش نقشه نداشته باشه، همیشه به گذشته خودش برمیگرده.

Бознашр аз саҳифаи Хирад

Се сухани охири Курӯши Кабир:

1.Тобутамро табибон бардоранд то ҳама бидонанд, ки ҳеҷ духтуре наметавонад пеши роҳи маргро бигирад.

2.Тамоми тиллоҳоямро дар роҳи ҳаракатам бирезед то мардум бидонанд, ки моли дунё натавонист маро наҷот диҳад.

3. Дастҳоямро аз тобут берун бигзоред то бидонанд, ки бояд бо дасти холӣ рафт...

Баргардон аз форсӣ:
Абдуллоҳи Қодирӣ

Страницы

Яндекс.Метрика