Хонаи дил рав, ки оби Зам-зам аст!

❗Зиндагӣ гаҳ шодиву гоҳе ғaм аст,
Гаҳ нишоти беш дорад, гаҳ кам аст.
Ғофил аз умри азизи худ мабош,
Буди мову ту, бародар, як дам аст.
Дар раҳи бебозгашти зиндагӣ,
Чашми ғамнокон ҳамеша пурнам аст.
Муслимо, гар лаб даме тар мекунӣ,
Хонаи дил рав, ки оби Зам-зам аст.
Румию Иқболу Атторанд пир,
Мисли ишон шайху мавлоно кам аст.
Аз ниҳоли сарбаланде суд нест,
Шоха чун пурбор бошад, сархам аст.
Он ки бо тезӣ мурувват мекунад,
Дӯстону душманонро ҳамдам аст.
Эй азиз, аз илми “Қуръон” баҳра гир,
3-он ки он панди Расули Акрам аст.
“Ончӣ дар одам биғунҷад, олам аст,
Он чӣ дар олам нағунҷад, одам аст.”
Огаҳӣ, бар шеъри Иқболаш нигар,
Дар ақоид пои ӯ мустаҳкам аст!
✍️Абдулло Қодирӣ.

Бознашр аз саҳифаи Марвориди форсу тоҷик

Яндекс.Метрика