ГУЛШАНИ АДАБ

Аз Боязиди Бостомӣ Орифи бузург пурсиданд

Аз Боязиди Бостомӣ Орифи бузург пурсиданд. Ин мақоми арзишмандро чӣ гуна ёфтӣ? Гуфт: Шабе модарам аз ман об хост. Нигоҳ кардам дар хона об набуд. Кӯзаро гирифтам ва ба ҷӯй барои об рафтам. Чун бозгаштам дидам, ки модарамро хобаш бурдааст. Пас ба худ гуфтам агар бедорашон кунам гуноҳкор хоҳам буд. Он гоҳ интизор шудам то бедор шавад. Ҳангоми бомдод ӯ аз хоб бедор шуд ва маро болои сари худ бидид ва гуфт: Чаро истодаӣ? Қиссаро барояш гуфтам! Онгоҳ модарам бархесту таҳорат кард ва ба намоз истод.

ДОСТОНИ МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ ВА ШАМСИ ТАБРЕЗӢ

Мегӯянд рӯзе Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ Шамси Табрезиро ба хонааш барои меҳмононӣ даъват кард. Шамс ба хонаи Мавлоно рафт ва пас аз он, ки дастархони мизбонашро мушоҳида кард аз ӯ пурсид. Оё барои ман шароб фароҳам овардӣ? Мавлоно ҳайратзада шуд ва пурсид. Магар Шумо шаробхӯр ҳастед? Шамс посух дод, бале! Мавлоно гуфт: вале ман аз ин мавзӯъ иттилоъ надоштам. Шамс гуфт: ҳоло, ки фаҳмиди барои ман шароб муҳайё кун. Мавлоно гуфт: дар ин вақти шаб шароб аз куҷо пайдо кунам? Шамс дар ҷавоб гуфт: ба яке аз хизматгоронат бигӯ биравад ва таҳия кунад.

Эй дил аз пасту баланди рӯзгор андеша кун!

❗Эй дил аз пасту баланди рӯзгор андеша кун,
Дар барӯмандӣ, зӣ қаҳтии баргу бор андеша кун.
Аз насиме дафтари айём барҳам мехӯрад,
Аз варақгардонии лайлу наҳор андеша кун.
Бар лаби боми хатар натвон ба хоби амн рафт,
Эминӣ хоҳӣ, зӣ авҷи эътибор андеша кун.
Нест бе заҳри пушаймонӣ ҳузури ин ҷаҳон,
Аз раги хоби фароғат ҳамчу мор андеша кун.
Рӯй дар нуқсон гузорад моҳ чун гардад тамом,
Чун шавад лабрез ҷомат аз хумор андеша кун.
Гӯшагирӣ дардисар бисёр дорад дар камин,
Дар муҳити пуршару шӯр аз канор андеша кун.

Ҳаром аст даҳ чиз бар родмард !

❗Ҳаром аст даҳ чиз бар родмард,
К-аз он шаш бувад марди озода фард,
Ҳасад бурдану сифлагию дурўғ,
Намудан ниёзу заъифию дард.
Чу неъмат бувад, даст бар дўстон
Бибояд кушудан ба доду ба х(в)ард.
Чу шиддат бувад, роз пайдо макун,
Биҳил, то шавад рўят аз дард зард.
Саволе наярзад саросар чаҳон,
Чу фарҷом бошад яке... оҳи сард.
Аҷал нардбоз асту мо мўҳраем,
Фалак каъбатайну ҷаҳон тахти нард!
✍️Абу Али ибни Сино.

Гирдоваранда: Абдуллоҳи Қодирӣ

‼️АШК ЯК ЛАҲЗА БА МИЖГОН БОР АСТ‼️

❗Ашк як лаҳза ба мижгон бор аст,
Фурсати умр ҳамин миқдор аст.
Зиндагӣ олами осоиш нест,
Нафас оинаи ин асрор аст.
Баски гарм аст ҳавои гулшан,
Ғунча ин ҷо сари бедастор аст.
Шишасози нами ашке нашавӣ,
Олам аз сангдилон, кӯҳсор аст.
Хишти доғест иморатгари дил,
Хонаи ойина як девор аст.
Майкашӣ сурмаи ирфон нашавад,
Биниш аз чашми қадаҳ душвор аст.
Ҳамчу ойина, агар соф шавӣ,
Ҳама ҷо анҷумани дидор аст.
Гўш, гӯ, то шавад ойинаи роз,
Нолаи мо нафаси бемор аст.

Зан муъҷиза аст...

Зан ин бузургтарин офариниши Худованд аст, ки ҷаҳонро бо зебогӣ ва муҳаббати худ зинда нигоҳ медорад.

Леонардо да Винчи

Зан монанди гулест, ки онро бояд ғамхорӣ ва муҳофизат намуд, то бишкуфаду зебоияшро ба атрофиён тақдим менамояд.

Волфганг Амадей Мотсарт

Мард танҳо бо он зане хушбахт шуда метавонад, ки ӯро бештар аз худаш дӯст дорад.

Фёдор Достоевский

Зан ин муъҷизаест, ки ҳаёт ва ишқро тақдим мекунд.
Махатма Ганди

Зан санги гаронбаҳоест, ки онро нигоҳ ва ҳифз бояд дошт, то ҷило ва арзиши худро гум накунад.

Оноре де Балзак

Гуфторҳои бузургон дар мавриди кӯдакон

Агар хоҳед, фарзандонатон боҳӯш бошанд, ба онҳо қиса хонед, агар хоҳед, ки хеле боҳуш бошанд, барояшон бештар қиса бихонед!

Алберт Эйнштейн

Тақрибан ҳама ҳақиқате, ки бо садоқат баён мешаванд, тавассути кӯдакон аст.

Оливер Уэнделл Холмс

Рӯҳи инсон бо будан дар канори кӯдакон шифо меёбад.

Ф.М.Достоевский

Кӯдакон натанҳо маъсум ва кунҷкованд, балки мусбатандеш, пурлаззат ва аз ҳама муҳимтар шодиянд, бо як калом онҳо ҳамон чизе ҳастанд, ки бузургтарҳо орзуяшро доранд!

Кэролин Хейвуд

Назм

Ҷаҳон, эй бародар намонад ба кас,
Дил андар Ҷаҳонофарин банду бас.

Макун такя бар мулки дунёву пушт,
Ки бисёр кас чун ту парварду кушт.

Чу оҳанги рафтан кунад ҷони пок,
Чӣ бар тахт мурдан, чӣ бар рӯи хок.

Саъдии Шерозӣ

Страницы

Яндекс.Метрика