ДОСТОНИ МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ ВА ШАМСИ ТАБРЕЗӢ

Мегӯянд рӯзе Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ Шамси Табрезиро ба хонааш барои меҳмононӣ даъват кард. Шамс ба хонаи Мавлоно рафт ва пас аз он, ки дастархони мизбонашро мушоҳида кард аз ӯ пурсид. Оё барои ман шароб фароҳам овардӣ? Мавлоно ҳайратзада шуд ва пурсид. Магар Шумо шаробхӯр ҳастед? Шамс посух дод, бале! Мавлоно гуфт: вале ман аз ин мавзӯъ иттилоъ надоштам. Шамс гуфт: ҳоло, ки фаҳмиди барои ман шароб муҳайё кун. Мавлоно гуфт: дар ин вақти шаб шароб аз куҷо пайдо кунам? Шамс дар ҷавоб гуфт: ба яке аз хизматгоронат бигӯ биравад ва таҳия кунад. Мавлоно гуфт: бо ин кор обрӯву эътиборам байни хизматгорон аз байн хоҳад рафт. Шамс гуфт: пас худат бирав ва шароб харидорӣ кун. Мавлоно гуфт: дар ин шаҳр ҳама маро мешиносанд. Чӣ гуна ба маҳаллаи насоронишин биравам ва шароб бихарам? Шамс посух дод: агар ба ман иродат дорӣ бояд васоили роҳатии маро фароҳам кунӣ. Чунки ман шабҳо бидуни шароб наметавонам хӯрок бихӯрам, на сӯҳбат кунам ва на бихобам. Мавлоно ба далеле, ки ба Шамс иродат дошт хирқае ба дӯш меандозад ва шишаи бузургеро зери он пинҳон мекунаду ба маҳаллаи насоронишин роҳ пеш мегирад. То қабл аз вуруди ӯ ба он маҳалла касе нисбат ба Мавлавӣ кунҷковӣ намекард. Аммо ҳангоме, ки вориди он ҷо шуд мардум дар ҳайрат монданд ва ба таъқиби вай пардохтанд. Онҳо диданд, ки Мавлавӣ дохили майкадае шуд ва шишаи шароб харидорӣ кард ва пас аз пинҳон намудани он аз майкада хориҷ шуд. Ҳанӯз аз он маҳалла хориҷ нашуда буд, ки гурӯҳе аз мусалмонони он ҷо ба дунболаш афтоданд ва лаҳза ба лаҳза теъдодашон зиёд мешуд. То ин ки Мавлавӣ ба назди масҷиде, ки худ имоми ҷамоати он буд ва мардум ҳамарӯз дар он масҷид ба ӯ иқтидо мекарданд, расид. Дар ин ҳол яке аз рақибони Мавлавӣ, ки дар ҷамъият ҳузур дошт фарёд зад. Эй мардум шайх Ҷалолиддин, ки ҳар рӯз ҳангоми намоз ба ӯ иқтидо мекунед ба маҳаллаи насоронишин рафт ва шароб харидорӣ намуд. Он мард инро гуфт ва хирқаро аз дӯши Мавлавӣ кашид. Чашми мардум ба шиша афтод. Мард идома дод ва гуфт: ин мунофиқ, ки аддаои зӯҳд мекунад ва ба ӯ иқтидо мекунед, акнун шароб харидорӣ намуда ва бо худ ба хонааш мебарад. Сипас ба сурати Ҷалолиддини Балхӣ оби даҳон (туф) андохт ва тавре бар сараш зад, ки аммома (салла, дастор) аз сараш боз шуд ва ба гарданаш афтод. Замоне, ки мардум ин саҳнаро диданд ва ба вижа Мавлавиро дар ҳоли инфиол ва сукут мушоҳида намуданд, яқин пайдо карданд, ки Мавлавӣ як умр онҳоро бо либоси зӯҳд ва тақвои дурӯғин фиреб додааст. Дар натиҷа худро омода карданд, ки ба ӯ ҳамла кунанд. Дар ин ҳангом Шамс намоён шуд ва фарёд зад. Эй мардуми беҳаё. Шарм намекунед, ки ба марди мутадайин ва фақеҳ тӯҳмати шаробхӯрӣ мезанед. Ин шишае, ки мебинед оби сирко аст, ки ӯ ҳаррӯз бо хӯроки худ масраф мекунад. Ва Мавлавӣ фарёд зад ин сирко нест балки шароб аст. Шамс дари шишаро боз кард ва дар кафи дасти ҳамаи мардум, аз ҷумла он рақиб қадре аз мӯҳтавиёти шиша рехт ва бар ҳамагон собит шуд, ки дохили шиша чизе ҷуз сирко нест. Рақиби Мавлавӣ бар сари худ кубид ва худро ба пойи Мавлавӣ андохт. Дигарон ҳам дастонашро бӯсиданд ва аз ӯ пӯзиш талабиданд. Сипас ҳамаи онҳо пароканда шуданд. Он гоҳ Мавлавӣ аз Шамс пурсид барои чӣ маро имшаб дучори ин фоҷиа намудӣ ва маҷбурам кардӣ то ба абрӯву эътиборам шак пайдо кунанд. Шамс гуфт: барои ин ки бидонӣ он чи ки ба он менози ҷуз як сароб нест. Ту фикр мекарди, ки эҳтироми як мушт инсон сармояест абадӣ. Дар ҳоле, ки худ дидӣ бо тасаввури як шиша шароб ҳамаи он аз байн рафт ва оби даҳон ба суратад андохтанд ва бар фарқат кӯбиданд ва чӣ басо туро ба қатл мерасонанд. Ин сармояи ту ҳамин буд, ки имшаб диди ва дар як лаҳза барбод рафт. Пас дар чизе бовари дошта бош, ки бо тағйири авзоъ аз байн наравад.

То Худо ҳаст ба махлуқ даме такя макун,
Ки Худо кӯҳи савод ҳасту башар айни ниёз.

Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика