❗Ҳаром аст даҳ чиз бар родмард,
К-аз он шаш бувад марди озода фард,
Ҳасад бурдану сифлагию дурўғ,
Намудан ниёзу заъифию дард.
Чу неъмат бувад, даст бар дўстон
Бибояд кушудан ба доду ба х(в)ард.
Чу шиддат бувад, роз пайдо макун,
Биҳил, то шавад рўят аз дард зард.
Саволе наярзад саросар чаҳон,
Чу фарҷом бошад яке... оҳи сард.
Аҷал нардбоз асту мо мўҳраем,
Фалак каъбатайну ҷаҳон тахти нард!
✍️Абу Али ибни Сино.
Гирдоваранда: Абдуллоҳи Қодирӣ