ГУЛШАНИ АДАБ

"Маснавии маънавии"-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

"Маснавии маънавии"-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ яке аз шоҳкориҳои бузурги ирфонии адабиёти тоҷик буда, то имрӯз вобаста ба маърифат ва шинохти рамзҳои он дар кишварҳои олам шарҳҳои зиёд таълиф шудаанд.

Китоби ҳозир ба баррасии рӯзгори аввалин шореҳи "Маснавии маънавӣ"- Камолиддин Ҳусайни Хоразмӣ ва нақду таҳлили "Ҷавоҳир-ул-асрор ва завоҳир-ул-анвор"- ӯ, ки нахустин шарҳи "Маснавӣ" ба ҳисоб меравад, бахшида шудааст.

Абдуллоҳи Қодирӣ

Зи Сарқонуни мо парчам баланд аст

Рӯзи Қонуни асосӣ муборак!

Ливои мо шукӯҳи осмон аст,
Мадори қомати тоҷик он аст.
Ба Сарқонун сарафроз аст миллат,
Паёмаш аз Курӯши бостон аст.

Зи Сарқонуни мо парчам баланд аст,
Зи Қонун аҳли кишвар арҷманд аст.
Ба ҳикмат ҳамчунон “Қонун”-и Синост,
Аз он ҳастии миллат бегазанд аст.

Нишони адли Нуширвонии мост,
Мадори шавкати Сомонии мост.
Ба Сарқонун сару сомони мулк аст,
Ба раҳмат ҳуҷҷати Раҳмонии мост.

О МУДРОСТИ ЖИЗНИ С УСТЬ ВЕЛИКИХ ПОЭТОВ

⚠️Человек, пока не дряхл, не сед,
Склонен думать, будто смерти нет.
Так, пока орел не утомится,
Что крыла сдадут, он не боится!
✍️Кисаи Марвази.

⚠️Жизнь! все равно мы расстаемся с ней,
А слава вечна, потому ценней!
✍️Абулькасим Фирдоуси.

⚠️В мире так живи, чтоб не кончалась
Жизнь твоя,
Чтоб и после смерти продолжалась
Жизнь твоя!
✍️Абулькасим Унсури.

⚠️Пусть знает каждый - старец и юнец:
Жизнь дважды никому не даст творец!
✍️Фаррухи Систани.

Порча аз қасидаи Носири Хусрав

Худоё, арзу тӯли оламатро
Тавонӣ дар дили мӯре кашидан.
На вусъат дар даруни мӯр орӣ,
На аз олам сари мӯе буридан.
Ту дар иҷрои тоат ваъда додӣ
Биҳишт аз музди тоат офаридан.
Вале он музди тоат бо шафоат
Чӣ миннат аз ту мебояд кашидан,
В-агар на музди тоат нест ҳиммат,
Ба муздаш ҳар касе бояд расидан.
Касе, к-ӯ боядӣ, ёбад мукофот,
Наёбад фарқ бар мову ту дидан.
Агар неканд? агар бад, хилқат аз туст,
Халиқе хуб боист офаридан.
Ба мо тақсири хидмат нест лозим,
Бадему бад набоист оваридан.

МУТТАҲИД ГАР НАШАВЕМ...!!!

То ки як мушт нагардему насозем Ватан
Кай шавад майҳани мо боғи гулу сарву суман,

Даст бигзор сари дасти дигар бо ихлос
Нашавед бори дигар баҳри Худо чанг ба чанг,

Макун эҷод дигар тафриқаву буғзу аду
Дасти имрон бизан хишт бинеҳ бар сари санг,

Рӯзи пешрафту тараққию рифоҳ аст кунун
Даст бардор дигар аз баму аз тиру туфанг,

Муттаҳид гар нашавем мо ҳама нобуд шавем,
Шояд як рӯз равем ҷумлагӣ дар коми наҳанг!

"Ман агар мо нашавам танҳоям,
Ту агар мо нашавӣ танҳоӣ,

ИН ВАТАНРО СОХТАН ОСОН НАБУД!

Сӯхтан, бигдохтан осон набуд,
Ин Ватанро сохтан осон набуд.

Ин ҳама ороиш аз хуни дил аст,
Хонаро пардохтан осон набуд.

Баъди марги Коваву ҳаждаҳ писар,
Парчаме афрохтан осон набуд.

Сар ба дору пой дар завлона монд,
Бе сару по тохтан осон набуд.

Баъди хуни панҷаҳои Борбад,
Уди нав бинвохтан осон набуд.

Сад ҳазор осори фарҳангу ҳунар -
Ҳамчу ҷоне бохтан осон набуд.

Чун Сиёваш хешро аз баҳри нанг
Бар алоб андохтан осон набуд.

Мегӯянд рӯзе Мавлоно Шамси Табрезиро ба меҳмонӣ даъват кард...

Мегӯянд рӯзе Мавлоно Шамси Табрезиро ба меҳмонӣ даъват кард.
Шамс ба хонаи Ҷалолиддин омад ва пас аз онки мизи оростаи ӯро мушоҳида кард, пурсид: Оё барои ман шароб фароҳам намудаӣ?
Мавлоно ҳайратзада шуд ва пурсид:
— Магар шумо шароб мехӯред?
— Бале.
— Аммо ман аз ин мавзӯъ иттилое надоштам.
— Ҳоло, ки фаҳмидӣ, зуд барои ман шароб фароҳам кун.
— Дар ин мавқеъи шаб шаробро аз куҷо ёбам?
— Ба яке аз хидматгоронат бигӯ, ки таҳия кунад.
— Охир бо ин кор обрӯ ва ҳайсиятам аз байн меравад.
— Пас худат бирав ва шароб харидорӣ кун.

ТУ ВА ФАЛАСТИНИ ШАҲИД (Сухане ба ҳамватанон ва мусулмонони азиз)

Ба ҷойи ин ҳама ғавғо ту ҳам савод омӯз,
Ба ҷои ин ҳама фарёд, иттиҳод омӯз.

Ба ҷои ин ҳама даъво ту ҳам муҳандис шав,
Ва илмро пас аз ин ҳамчу эътиқод омӯз.

Яҳуд як фисади мардуми мусулмон нест,
Вале чаро ба ту пирӯз шуд? Тазод омӯз.

Чаро, ки ӯ ба ҳама арса дарс мехонад,
Бишину рози тараққии ин нажод омӯз.

Магӯ, ки ӯ ҳама макр асту мо ҳама хомем,
Ту ҳам ба ақлу тавони худ эътимод омӯз.

Илоҳиёт биёмӯхтӣ ту, мошаллоҳ,
Кунун сиёсату таъриху иқтисод омӯз.

Страницы

Яндекс.Метрика