То ки як мушт нагардему насозем Ватан
Кай шавад майҳани мо боғи гулу сарву суман,
Даст бигзор сари дасти дигар бо ихлос
Нашавед бори дигар баҳри Худо чанг ба чанг,
Макун эҷод дигар тафриқаву буғзу аду
Дасти имрон бизан хишт бинеҳ бар сари санг,
Рӯзи пешрафту тараққию рифоҳ аст кунун
Даст бардор дигар аз баму аз тиру туфанг,
Муттаҳид гар нашавем мо ҳама нобуд шавем,
Шояд як рӯз равем ҷумлагӣ дар коми наҳанг!
"Ман агар мо нашавам танҳоям,
Ту агар мо нашавӣ танҳоӣ,
Чи касе мехоҳад, ману ту мо нашавем хонааш вайрон бод " !
МУАЛЛИФ:
АБДУЛЛОҲИ ҚОДИРӢ