Ба ҷойи ин ҳама ғавғо ту ҳам савод омӯз,
Ба ҷои ин ҳама фарёд, иттиҳод омӯз.
Ба ҷои ин ҳама даъво ту ҳам муҳандис шав,
Ва илмро пас аз ин ҳамчу эътиқод омӯз.
Яҳуд як фисади мардуми мусулмон нест,
Вале чаро ба ту пирӯз шуд? Тазод омӯз.
Чаро, ки ӯ ба ҳама арса дарс мехонад,
Бишину рози тараққии ин нажод омӯз.
Магӯ, ки ӯ ҳама макр асту мо ҳама хомем,
Ту ҳам ба ақлу тавони худ эътимод омӯз.
Илоҳиёт биёмӯхтӣ ту, мошаллоҳ,
Кунун сиёсату таъриху иқтисод омӯз.
Намозу зикр биёмухтӣ, ҳалолат бод,
Кунун муодилаву ҳалли рамзу код омӯз.
Тамоми арзи Худо масҷид аст, медонӣ?
Биёву сохтани мактабу завод омӯз.
Ва қарз кардаву ҳар сол ҳаҷҷу умра нарав,
Ба илм харҷ бикун, дониши зиёд омӯз.
Бубин, ки ҷанги муосир чӣ гуна бераҳм аст,
Фановарии наву артишу ситод омӯз.
Ту ҳам ба сақфи ватан гунбаде зи оҳан зан,
Идора кардани обу замину бод омӯз.
Хабар расид, ки то ними рӯз дар хобӣ,
Дар аввалин қадамат, машқи бомдод омӯз.
Фасод кардаву хайрийя мекунӣ, ҳайҳот,
Дигар ту хайр накун, тарки ин фасод омӯз!
Ҷиҳоди акбари ту ҳифзи Тоҷикистон аст,
Дигар фиреб махур, маънии ҷиҳод омӯз.
Бознашр аз саҳифаи Абдуллоҳи Роҳнамо