Мақола

ЭЪЛОМИЯИ УМУМИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН – САНАДИ ҲУҚУҚИИ ТАҚДИРСОЗ

Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон баъди ҷанги дуюми ҷаҳон 10-уми декари соли 1948 аз ҷониби Созмони Миллали Мутаҳид қабул карда шудааст ва ҳамасола 10-уми декабрро Рӯзи ҳуқуқи инсон дар тамоми дунё ҷашн мегиранд. Бо қабул гардидани Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон вазъи ҳуқуқии инсон дар тамоми ҷаҳон дигаргун гардид. Аз эътирофнамоии ҳуқуқу озодиҳои инсон ба кафолатдиҳию риоянамоӣ ва ҳифзкунӣ оҳиста - оҳиста гузашт.

Фактҳои таърихӣ бозгӯи ҳақиқатанд!

Баҳсҳои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тадриҷан то ҳадде тезутунд гардиданд, ки ахиран ба задухӯрдҳои мусуллаҳона оварда расониданд. Ҷониби Қирғизистон дар тамоми расонаҳо ҷониби Тоҷикистонро гунаҳгор ҳисобида, худро бегуноҳ ва зарардида эълом медорад. Аз як тараф, ҳисси кунҷковӣ, аз тарафи дигар, тафаккури ҳақиқатпарастона ҳар шахси адолатпешаро водор менамояд, ки  ба раванди  баҳсҳои марзӣ баҳои воқеъбинона диҳад.

ФАРҲАНГИ МУТОЛИАРО БОЯД ТАШВИҚ КАРД

Дар шароити рушди бемайлони илму техника ва ҷаҳонишивии фазои иттилоотӣ, новобаста аз ҳама гуна изтиробу ташвишҳо нисбат ба мақоми китоб дар асри ҷомеаи иттилоотӣ, имрӯз нақши китобу хониш дар раванди донишандӯзӣ ва маърифатноксозии афроди ҷомеа баланд арзёбӣ мегардад. Зеро ниёз нисбат ба андӯхти донишу маърифат ва боло бурдани сатҳи зеҳнии афроди ҷомеа пайваста меафзояд, иттилоот ва донишҳои қаблан андӯхта бо мурури замон арзиши қаблии худро аз даст медиҳанд.

ҚОНУНИ МИЛЛӢ - БАРОВАРАНДАИ НИЁЗҲОИ МАРДУМ

Аз замоне, ки қонуни танзимгари маросимҳои мардумӣ ба ҳаёти ҷомеа ворид гардид, аллакай якуним даҳсола сипарӣ гардид. Ин муддат дар назди ченаки таърих фурсати начандон тулонӣ бошад, ҳам  таҳаввулотҳое, ки дар ҳаёти иҷтимоии ҷомеа ба шарофати қабули он дар баргузории маракаҳои хурсандӣ ва азодорӣ ба миён омад, шояд арзиши панҷоҳ ё садсоларо дошта бошад.

КОРРУПСИЯ – ПАДИДАИ ЗИШТУ НАНГИНБОР

(Бахшида ба Рўзи байналмилалии мубориза бо коррупсия)

Коррупсия ва ё ришва, ки ба истилоҳ зуҳуроти номатлуби ҷомеа фаҳмида мешавад, яке аз шаклҳои монеъшавандаи рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи башарӣ аст. Ин зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа оқибатҳои хатарзо дошта, боиси аз байн рафтани обрӯву эҳтиром, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешрафти ҷомеа мегардад.

НАЗАРИ ДОНИШМАНДОН ВА ҲУҚУҚШИНОСОНИ МУСУЛМОН ДАР БОРАИ ШАХСИЯТИ ИЛМИИ АЛӢ ҚОРӢ

Алӣ ибни Султон Муҳаммад, машҳур ба Алӣ Қорӣ Ҳанафӣ яке аз шахсиятҳои барҷастаи илмӣ дар мазҳаби ҳанафӣ мебошад. Агарчи соли таваллуди эшон дақиқан барои тазкиранависон маълум набудааст вале қадри мусаллам он аст, ки эшон дар қарни даҳуми ҳиҷрӣ дар шаҳри Ҳироти Хуросон (Афғонистони кунунӣ) ба дунё омада ва ба таърихи 1014 ҳиҷрӣ дар Маккаи Мукаррама аз дори фонӣ риҳлат намудаанд. Ихтилофот ва даргириҳои шадид байни шиъа ва суннӣ боиси ҳиҷрат кардани Алӣ Қорӣ аз ватан ва сабаби иқомат гузидани эшон дар Ҳарами Шариф гардидааст.

Шайх Алӣ Абдурозиқ - нахустин поягузори дунявият дар байни уламои исломӣ

Нуқтаи назаре вуҷуд дорад, ки нахустин гомгузори дунявият дар байни уламои исломӣ Шайх Алӣ Абдурозиқ (1888- 1966) аз Миср ба ҳисоб меравад. Вай махсусан баъди нашри  китобаш дар соли 1925 бо номи «Ислом ва принсипҳои идоракунӣ» (Ислом ва усул-ал-ҳукм) машҳур  гардид. Баъд аз чопи китоби мазкур дар олами ислом байни ислоҳотчиёну бунёдгароён баҳсҳои зиёде сурат мегирад. Ба сифати ҷазо  вай мавриди муҳокимаи Шӯрои уламои аъзами ал-Азҳар гардида, аз ҳуқуқи фаъолият маҳрум мегардад. Баъд аз як рӯзи ҳукми уламо хабарнигоре аз ӯ хоҳиш мекунад, ки идеяи асосии китобашро шарҳ диҳад.

Зарра-зарра барф меборад сафед

Баробари боридани барфи аввал, баъзе аз одамони боҳавсала, шўх, зиндадил ва хушсалиқа имрўзҳо низ ба иҷрои бозии қадимии тоҷикӣ, яъне "Барфӣ" шурўъ менамоянд. Дар ҳар маконе, ки барф меборад, ҳатман ин бозӣ иҷро мегардад.

Баъзеҳо интизори боридани барфи аввал ҳастанд. Бархе қаблан омодагӣ мегиранд, ки кадоме аз наздикон ва ё дўстонашон хеле осон ба "доми барфӣ" гирифтор мешаванд. Тарзи баргузор намудани "барфӣ" имрўзҳо чунин аст.

Страницы

Яндекс.Метрика