ҚОНУНИ МИЛЛӢ - БАРОВАРАНДАИ НИЁЗҲОИ МАРДУМ

Аз замоне, ки қонуни танзимгари маросимҳои мардумӣ ба ҳаёти ҷомеа ворид гардид, аллакай якуним даҳсола сипарӣ гардид. Ин муддат дар назди ченаки таърих фурсати начандон тулонӣ бошад, ҳам  таҳаввулотҳое, ки дар ҳаёти иҷтимоии ҷомеа ба шарофати қабули он дар баргузории маракаҳои хурсандӣ ва азодорӣ ба миён омад, шояд арзиши панҷоҳ ё садсоларо дошта бошад. Вақти сипаришуда, ҳамчун довари ҳақбину ҳақҷӯ собит намуд, ки иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати қабули ин санади тақдирсоз (8 июни соли 2007) саривақтӣ ва роҳи ягонаи раҳоӣ аз ин тилисми сарбаста будааст.

Ҳангоми нигоштани ин сатрҳо беихтиёр лаҳзаҳои оиладоркунии бародарам пеши рӯй омад, ки то давраи қабули қонун, солҳои то дуҳазорум ба вуқӯъ пайваста буд. Баъди чанд соли омодагиҳо ба хонаи қудо як гови калон, як гови хурд, 7 гусфанди парваришёфта, 6 халта орд, як бочка равѓан, чор той пахта, нӯҳ туқуз молу матоъ ва пойафзолу ҷиҳози арӯсӣ, фиристода шуд. Дар дохили як туқуз ҳафт қабат молу ҷиҳоз монда шуда буд. Танҳо матоъҳои барои либоси арӯс, модари арӯс, янгаҳо ва барои курпаву курпачаву болишти арӯс 400 метрро ташкил мекард. Гови калон барои тӯйи асосӣ, гови майда барои рӯзи сарупобарон, як адад буз барои шаҳтозон пешбинӣ шуда буд. Хешу табори роҳдурӣ чор рӯз пеш аз саршавии тӯй бо аҳли оилаашон бо ҷамъи фарзандон ба хона омада, ҳамарӯза машѓули нонбандӣ, ҳавлопазӣ, кулчапазӣ, озӯқпазӣ  ва ѓайраҳо буданд. Ҳавлӣ ба орӯхона шабоҳат дошт ва ҳамаи ин як кори маъмулӣ ба назар мерасид, чунки ҳама аҳли деҳа чунин мекарданд. Дар ин чор рӯз барои меҳмондории онҳо ду чорвои хурд забҳ карда шуд. 

Бегоҳи рӯзи ҷумъа чорвои калон забҳ гардид ва дар ҳудуди сӣ-чил нафар барои сабзирезакунон ва омодагии пагоҳ омада буданд. Ҳамон бегоҳ аҳли уламои деҳа ҳам даъват шуда, бо унвони хатми қуръон 20-25 нафар меҳмондорӣ гардид. Аз субҳи барвақти рӯзи шанбе маъракаи тӯйи асосӣ оѓоз гардид ва то соати 22 шаб хешу табор, аҳли деҳа, устодони мактаби миёна, мактаб-интернат, кормандони идораи ҷамоат ва беморхона, ки дар наздикии хонаи падарӣ қарор доштанд, бо ду таом, хӯришҳои гуногун, обҳои ташнашикан ва ғайра пазироӣ шуданд. Рӯзи якшанбе тараддуди овардани келин оѓоз шуд, ки барои ин кор як мошини боркаш, як автобус ва 15 автомашинаи сабукрав сафарбар гардид ва ин равуой баъди соати панҷи бегоҳ анҷом ёфт. Аз тарафи бегоҳ базми туйёна бо иштироки ҳунармандони маъруфи замон сурат гирифт, ки то соати 1-и шаб идома ёфт. Ҷамъи иштирокдорон ва тамошобинон, ки хурду барнои деҳа буданд 500-600 нафарро ташкил медод. Тамоми дарахтони боғ ва заминҳои обчакории ҳавлӣ зери қадами мубораки меҳмонон пурра поймол гардида буд, аммо аз ин кор касе нороҳат набуд. Рӯзи душанбе занҳо ташаббусро ба даст гирифта, ба корҳои худ идома дода, маъракаҳои рӯйбинон, саршӯён, чодарканон ва чанд кори дигарро асос карда, то бевақтии шаб маъракаороӣ намуданд. Хулосаи калом тӯй 5-рӯз давом кард ва хонавода хаставу монда, интизори анҷоми маърака буданд, вале ҳолати равонии худро ҳеҷ ошкор намекарданд, ки мабодо боиси малоли хотири меҳмонон нагарданд. Ба назар чунин мерасид, ки касе ба ѓайр аз ин маъракаороӣ ягон кори муҳимтаре надоранд. Баъди як ҳафтаи тӯй боз маъракаҳои домодталбон, арӯсталбон, хусурталбон, раисталбон ва ғайра бо хароҷотҳои зиёд гузаронида шуд.

Ба ҳамаи меҳмонони аз ду ҷониб омада, сару по гуфта, матоъ ва рӯймол барои занон ва куртаву ҷома барои мардон тақдим гардид. Чунин буд равиши маъракагузаронии ҳамватанони азизамон, ки мо ҳам ҷузъи он будем. Касе дар фикри он, ки ҳамаи ин ба хотири чист? Андеша ҳам намекарданд, чунки ягон дастури баргузории маъракаҳо мавҷуд набуд. Маъракаҳои азодорӣ ҳам аз ин вазнинтар мегузашт, ки он мавзуи суҳбати баъдӣ хоҳад буд. 

Ба ҳамаи ин зиёдаравиҳо Қонуни миллӣ тавонист дар давоми ҳамагӣ  понздаҳ соли амали худ хотима бахшад. Ба низом даромадани маъракаҳо чун насими гуворои баҳорӣ нафаси тозае барои мардум гардид. Аз он саргардониву бедорхобиҳо, малоливу асабониятҳо, ки дар иртиботи маъракаороиҳо ба миён меомад, ҳоло қариб нишонае намондааст. Баъзан аз мо коршиносони соҳа мардум бо савол мепурсанд, ки қонун чӣ натиҷа дод? Дар ҷавоб дилпурона ва бо ифтихор гуфта метавонем, ки қонун самараҳои неки зиёд ба бор овард, ки чанд мисоли онро оварда метавонем.

Пеш аз ҳама мӯҳтавои Қонун ва муқаррароти қонун андешаи шаҳрвандонро дар масъалаи маъракаороӣ дигар кард ва ба ҳамин васила фарҳанги маъракаороии мардумро боло бурд. Пештар агар як нафарро ба маърака даъват мекарданд ӯ бо худ чор рафиқашро ҳам мебурд, ё аҳли як хонавода ҳама якҷо 5-7 нафар ба маърака мерафтанд. Феълан бе даъват ба маърака рафтан кам ба мушоҳида мерасад, ё аз як хонавода як ё ду нафар мераванд. Пештар агар шахси қадрдон аз мадди назари маъракадор дур мемонд ва даъват намешуд, онҳо солҳо бо ҳам қаҳрӣ мегаштанд. 

Хароҷоти мардум дар баргузории маъракаҳо дар муқоиса то давраи қабули Қонун се маротиба кам гардид. Феълан зарурати забҳи чорво тақрибан аз байн рафтааст, чунки маҳдудияти вақт ва шумораи меҳмонон инро тақозо мекунад. Барои мисол агар чорво забҳ ҳам шавад, истифодаи пурраи он ба асоси далелҳои вақт ва шумораи меҳмонон номумкин аст. Қабл аз қабули Қонуни мазкур шаҳрвандон чор-панҷ сол омодагии туйро гирифта, маблаѓ ҷамъ мекарданд, осор металабиданд ва ё аз банкҳо қарз гирифта, маъракаороӣ мекарданд. Феълан, ин вазъият муътадил гардида, баръакс пасандози  шаҳрвандон дар бонкҳо ҳамасола то бист дарсад афзоиш ёфта, гирифтани қарзҳо аз бонкҳо ба мақсади баргузории маъракаҳо хеле кам ба мушоҳида мерасад. То қабули Қонун аз ҳисоби хизматрасониҳо дар маъракаҳо ҳунармандону сарояндагон, тарабхонаҳо, наворбардорону суратгирон ягон намуди андоз намесупориданд, феълан аз ин ҳисоб миқдори муайяни маблағ барои ғанӣ гардидани буҷаи давлат ворид мешавад. 

Дар баробари  ин ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ нақши Қонуни мазкур назаррас мебошад. Пештар шаҳрвандон дар панҷ-шаш сол як маротиба метавонистанд тӯй барпо намоянд, ки ин боиси он мегардид, ки синни писарону духтарон то ҷое мерасид, феълан ин масъала ҳалли худро ёфта, ҳамасола дар ҷумҳурӣ тақрибан 70-75 ҳазор маърака барпо гардида истодааст. Дигар хизмати қонун дар он зуҳур меёбад, ки қонун бо фармудаҳои дини мубини ислом ягон мухолифат надошта, баръакс динро аз ҳар гуна маъракаву маросимҳои хурофотӣ озод намуд, ки инро ходимони дин эътироф карданд.

Омӯзиши матолиби дар васоити ахбори оммаи дохилу хориҷ ва расонаҳои хабарии интернетии солҳои охир нашр шуда, далолат бар он мекунад, ки эътирофу нуфӯзи Қонуни миллии мо имрӯзҳо дар кишварҳои дуру наздик Қирѓизистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Хитой, Аморати муттаҳидаи Араб, Кувайт, Қатар, Арабистони Саудӣ, Англия, Франсия ва ѓайраҳо ба мушоҳида мерасад. Дар кишварҳои зикршуда ба ин ё он шакл санадҳои муайяни меъёрӣ-ҳуқуқӣ ҷиҳати ба низом даровардани расму русумҳо қабул гардидааст. Дар ин нукта муҳим он аст, ки таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масъалаи кам намудани зоеъшавии маводи  хӯрока, пешгирии исрофи бемайлони маводи аввалия, дар мадди назари коршиносон қарор гирифта истодааст.

Дар баробари ҳамаи ин дастоварду комёбиҳо то ҳол ҳам баъзе мушкилот ва зиёдаравиҳо дар татбиқи қонун ба мушоҳида мерасад, ки боиси таассуф аст. Баъди ворид гардидани тағйиротҳо ба қонун аз соли 2017 инҷониб баргузории ҳама гуна маъракаҳои азодорӣ бо дуову фотиҳа, вале бе додани таъом пешбинӣ шудааст. Ин талабот ба фармудаҳои шариати ислом ягон мухолифат надошта, балки баръакс динро аз хурофоту зиёдаравиҳо пок намуда, онро ба асолат мутобиқ месозад. Дар асл бошад ин талабот махсусан дар манотиқи ҷануби кишвар аз ҷониби баъзе аз шаҳрвандон сароҳатан риоя намегардад, ҳарчанд дар ин масъала ваколатдори соҳа, комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросим дар мақомоти маҳаллӣ ҳамеша чораҳои даркорӣ меандешанд. Ба андешаи ғолиб дар масъалаи зикршуда нақши эмомхатибони расмӣ ва руҳониёни суннатӣ метавонад хелле муассир бошад, чунки ягон маъракаву маросими динӣ бе шахсони руҳонӣ баргузор намегардад. 

Ба ҳар сурат раванди амалишавии қонун бо гузашти айём, дурустии худро пурра исбот намуд ва ин далел гӯёи он аст, ки роҳи бозгашт вуҷуд надорад. Мо аҳли ҷомеаро зарур аст, минбаъд низ баҳри волоияти пурраи қонун ва таъмини зиндагии босаодати хеш камари ҳимматро мустаҳкамтар бандем.  

 

Мирзозода Азизулло Файз - мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Яндекс.Метрика