Мақола

ДУРНАМОИ ТАНЗИМИ АНЪАНАВУ МАРОСИМИ ДИНӢ ДАР ШАРОИТИ ДАВЛАТДОРИИ ДУНЯВӢ

...Таъкид кардан зарур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» моҳияти динӣ надорад, балки дар асоси талаботи принсипҳои давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва қонунҳои амалкунандаи кишвар ба тасвиб расидааст, ки мақсад аз он ба танзим даровардани расму оинҳо ва пешгирии исрофкорӣ ва харҷи беҳуда мебошад, то ин ки иқтисоди хонаводагӣ осебпазир ва хароб нагардад.

Берунӣ кист ?

Абурайҳони Берунӣ 4 сентябри соли 973 дар шаҳраки Коси Хоразм зода шудааст. Зодгоҳи Берунӣ дар он замон деҳаи хурдакаке буда, баъдан ба ифтихораш номи Беруниро гирифт. Берунӣ аз падару модар дар айёми тифлӣ бенасиб монда, таҳсилоти ибтидоиро дар муҳити наздикон гирифта, асосҳои илмро дар зодгоҳаш омӯхтааст. Берунӣ дар яке аз ноҳияҳои Хоразм дар байни аҳли касбу ҳунар ба воя расида, мувофиқи маълумоти ибни Яқут тахаллуси «Берунӣ»-ро аз номи ҳамин ноҳия гирифтааст.

"Донишномаи забони тоҷикӣ"

Ин "Донишнома" маълумоти асосӣ оид ба забони тоҷикӣ (форсӣ), сохти дастурӣ (грамматикӣ), луғот (лексика), фразеология, услубиёт ва савтиёти он ва ғ., ҳамчунин, оид ба таърихи ин забон, лаҳҷаву шеваҳо, мавқеи он дар байни дигар забонҳои эронӣ аз давраҳои бостон то имрӯз, нақши забони тоҷикӣ (форсӣ) ҳамчун забони байналмилалии илмию давлатӣ дар асрҳои миёна ва имрӯз дар Тоҷикистон, забони адабии ҳозираи тоҷикӣ ва ғ. фароҳам омадаанд.

НАЗАРЕ ДАР БОБИ ФАЗОИ МАҶОЗӢ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Тамоми дунё ҳамарӯза дар моварои ҷангҳои иттилоотӣ қарор дорад. Ин бархӯрдҳо аз мухолифати андешаҳо, хостҳо ва амалҳои эҳтимолӣ сарчашма мегиранд ва шаклгирии ояндаи ҷамъият аз ғолибияти тарафе вобастагӣ дорад. Бо ин мақсад, дар баробари гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятие, ки мақсадашон халалдор сохтани фазои маънавӣ, анҷом додани амалҳои террористиву экстремистист, муборизаи оштинопазир бояд бурд.

ДУРНАМОИ ТАНЗИМИ АНЪАНАВУ МАРОСИМИ ДИНӢ ДАР ШАРОИТИ ДАВЛАТДОРИИ ДУНЯВӢ

...Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои танзими «ҷашну маросими оилавӣ ва расмӣ» бахшида шудааст. Дар қонун ба сифати ҷашнҳои расмӣ Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон, иди Рамазон, иди Қурбон ва дигар идҳо қабул гардидаанд (қисми 1– и моддаи 7).

ИЛМИ ФИКҲ

Баробари ба истиқлолияти давлатӣ расидани кишвар дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа тағйироти бузург ба вуқӯъ пайваст ва барои рушди маърифату фарҳанг ва дастрасӣ ба сарчашмаҳои илмию адабӣ ва динию мазҳабӣ уфуқҳои тоза боз гардиданд.

Истилоҳи илми фикҳ аз ду калима, илм ва фиқҳ иборат буда, ҳар кадоми онҳо дар алоҳидагӣ маънои худро дорад.

Истилоҳи илм ба маънои илмҳои дақиқ, ки бар асоси равиши таҷриба ҳосил мешаванд, мавриди истифода карор гирифтааст, лафзи илмро бидуни қайду қарина истифода бурдаанд, маъмулан манзурашон ҳамин маънӣ, яъне илмҳои таҷрибавӣ аст.

РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИББИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК БОШАД, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!

Ибни Синоро дар Ғарб Авитсенна меномад ва ӯ бузургтарин пизишк, табиатшинос, файласуфи асрҳои миёна буд. Вай тавонист донишҳо дар бораи анатомия ва тиббро, ки инсоният дар тӯли таърих ба даст овардааст, ба ҳам орад.
Абу Алӣ Ҳусейн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Али ибни Сино — чунин аст номи пурраи яке аз бузургтарин донишмандони асрҳои миёнаи Шарқ –Ибни Сино. Ибни Сино, яъне писари Сино.

МАЗҲАБҲОИ АҲЛИ СУННАТ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Дини ислом яке аз се динҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Пайравони ин дин мувофиқи сарчашмаҳо ва оморҳо имрӯз қариб зиёда аз 1,5 миллиардро ташкил дода, дар 120 кишвари дунё зиндагӣ намуда истодаанд.

Дар замони имрӯза 4 мазҳаби аҳли суннат мавҷуд буда, мардуми суннимазҳаб аз рӯй ҳамин чор мазҳаб амал менамоянд.

Страницы

Яндекс.Метрика