ИЛМИ ФИКҲ

Баробари ба истиқлолияти давлатӣ расидани кишвар дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа тағйироти бузург ба вуқӯъ пайваст ва барои рушди маърифату фарҳанг ва дастрасӣ ба сарчашмаҳои илмию адабӣ ва динию мазҳабӣ уфуқҳои тоза боз гардиданд.

Истилоҳи илми фикҳ аз ду калима, илм ва фиқҳ иборат буда, ҳар кадоми онҳо дар алоҳидагӣ маънои худро дорад.

Истилоҳи илм ба маънои илмҳои дақиқ, ки бар асоси равиши таҷриба ҳосил мешаванд, мавриди истифода карор гирифтааст, лафзи илмро бидуни қайду қарина истифода бурдаанд, маъмулан манзурашон ҳамин маънӣ, яъне илмҳои таҷрибавӣ аст.

Истилоҳи фикҳ дар луғат иборат аст,  аз фаҳмидани мақсади гуянда аз гуфтори ў. Гиреҳро аз забонам бикушо, то гуфторамро бифаҳманд. (Сураи Тоҳо, ояти 27-28).

Гуфтанд ё Шуъайб он чи, ки мегуӣ, мо намефаҳмем.(мо нафқаҳу) (Сураи Ҳуд, ояти 91).

Абўҳанифа мегўяд, фиқҳ иборат аст, аз шинохти инсон тамоми ҳуқуқи хешро. Таърифе, ки Абуҳанифа барои фиқҳ ироа кардааст, фарогирандаи тамоми аҳкоми ибодот ва муомилот мебошад.

Имом Шофеиӣ мегўяд: илми фиқҳ иборат аст аз илми аҳкоми амалии шаръие, ки бо иҷтиҳод аз далелҳои тафсилӣ гирифта мешавад.

Мавзуи илми фиқҳ бошад, аз аъмоли ашхоси мукаллаф ва он чи, ки мустаҳиқи ҳар кори аз ҳукми шаръии амалӣ берун меояд, иборат мебошад.

Донишмандон маҷмӯаи гаронбаҳои фиқҳи исломиро аз ҳайси муҳтаво ба чаҳор бахш: а) ибодот,б) муомилот, в) уқубот ва г) бахши одоб ҷудо кардаанд ва дар заминаи қонунгузорӣ бошад, онро ба ҳафт қисмат ва ё маҷмӯа тақсим намудаанд, ки зикри онҳо барои хонанда муфид ва зарурӣ аст. Фиқҳи хонавода, фиқҳи муомилот, аҳкоми кишвардорӣ ва фиқҳи сияр ҳама аз ҷиҳати муҳтаво як бахш ва фиқҳи уқубот як бахши дигари низоми фиқҳиро ташкил медиҳанд.

Илми фиқҳ баъд аз ақида дуввумин шоҳсутуни дин аст. Паёмбари акрам (с) мефармояд: Касе, ки Худо барояш хайрро бихоҳад, ўро дар (улуми) дин донишманд мегардонад. (ҳадис).

 

Мудири шуъбаи пажўҳиши

ҳуқуқи исломӣ                                                                                                Наботов М.А

 

Яндекс.Метрика