ДУРНАМОИ ТАНЗИМИ АНЪАНАВУ МАРОСИМИ ДИНӢ ДАР ШАРОИТИ ДАВЛАТДОРИИ ДУНЯВӢ

...Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои танзими «ҷашну маросими оилавӣ ва расмӣ» бахшида шудааст. Дар қонун ба сифати ҷашнҳои расмӣ Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон, иди Рамазон, иди Қурбон ва дигар идҳо қабул гардидаанд (қисми 1– и моддаи 7).

Чуноне, ки аз мӯҳтавои ин моддаи қонун маълум мегардад, дар ҷумҳурӣ ҷашнвораҳои шаҳрвандӣ (рӯзи Истиқлолият, Конститутсия, Ваҳдати миллӣ), ҷашнҳои таърихӣ (идҳои Наврӯз, Сада ва Меҳргон) ва ҷашнҳои мусулмонӣ (иди Рамазон ва иди Қурбон) ба қатори ҷашнҳои расмӣ–давлатӣ ва умумиҳатмӣ дохил мешаванд. Ҳарчанд, дар қонун моҳияти ҷашнвораҳои зикргардида, аз ҷумла идҳои динӣ ба таври муфассал инъикос наёфтааст, вале ин масъала дар тафсири расмии қонуни мазкур то ҳадде шарҳу тавзеҳ дода шудааст [7, 15-18].

Ташкил ва баргузор намудани ҷашну маросими шаҳрвандӣ, аниқтараш давлатӣ (Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи қабули Конститутсия, Ваҳдати миллӣ) дар асоси санадҳои дахлдори меъёрӣ-ҳуқуқӣ (Конститутсия, қонунҳои марбута, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ шаҳрак ва деҳот дар робита бо таърихи муайяншуда) амалӣ гардонида мешаванд. Ҷашнвораҳои хусусияти таърихӣ дошта (Наврӯз, Сада, Меҳргон) бо назардошти анъанаҳои таърихан ба вуқӯъ омада, қайд карда мешаванд. Тавре маълум аст, ҷашнҳои зикргардида, таърихи чандинасра доранд. Аён аст, ки дар рафти гузаронидани онҳо, анъанаҳо ва урфу одатҳои мардумӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Инчунин, татбиқи онҳо ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дахлдор такя мекунад.

Ҷашнҳои динӣ (идҳои Рамазон ва Қурбон) бо меъёрҳо ва анъанаҳои дини ислом алоқаманданд. Дар рафти гузаронидани онҳо, бевосита меъёрҳои мусулмонӣ ба назар гирифта мешаванд. Масалан, иди Рамазон баъди ба итмом расонидани рӯза ва хондани намози ид дар масҷидҳо ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз, инчунин дигар анъанаҳо ва меъёрҳои мусулмонӣ низ риоя карда мешаванд. Иди Қурбон низ бо риояи меъёрҳои мусулмонӣ (намози субҳ, қурбонӣ, зиёрати қабри наздикону пайвандон, ташриф овардан ба манзили хешу таборон ва ғ.) асос меёбад.

Аён аст, ки идҳои мусулмонии дар қонун зикргардида, наметавонанд бар хилофи талабот ва муқаррароти дини ислом таҷлил шаванд. Онҳо идҳои сирф динӣ ба ҳисоб рафта, бо меъёрҳои шаръӣ алоқамандии бештар доранд, мисли меъёрҳои гуногуншакли сиёсӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, қисми таркибии ҳуқуқи мусулмонӣ маҳсуб мешаванд. 

Табиатан барои мусулмонон хусусияти ҳатмӣ доштани онҳо дар Қуръон ва ҳадисҳо, яъне сарчашмаҳои асосии ҳуқуқи мусулмонӣ пешбинӣ гардидааст. Ин идҳо дар ҳамаи кишварҳои исломӣ ва ғайриисломӣ, ҳатто дар кишварҳои Аврупо ва Амрико, аз тарафи мусулмонон ҷашн гирифта мешаванд. Бо назардошти он, ки ташкил ва барпо намудани идҳои мусулмонӣ аз қабили иди Рамазон ва иди Қурбон комилан бо меъёрҳои мусулмонӣ алоқамандӣ доранд, метавон гуфт, ки ҳуқуқи мусулмонӣ дар ҳоли ҳозир ба ҳуқуқи вазъии Тоҷикистон таъсири бевосита расонида истодааст.

Маросим ва идҳои мусулмонӣ, яъне моҳи шарифи Рамазон, иди Фитр, маросими ҳаҷ, иди Қурбон, инчунин, соири одатҳо ва анъанаҳои бо онҳо алоқаманд дар мутобиқат бо ҳадафҳо ва меъёрҳои шариати исломӣ гузаронида ва иҷро карда мешаванд. Ба ибораи дигар, дар якҷоягӣ бо анъанаву маросим ва идҳои мусулмонӣ, меъёру қоидаҳои исломии дигаре низ фаъолият менамоянд, ки бо онҳо алоқамандӣ доранд. 

Мутобиқи қонун, рӯзҳои таҷлили идҳои Фитр ва Қурбон рӯзҳои истироҳатӣ мебошанд ва дар ин рӯзҳо фаъолияти мусулмонон, ки беш аз 90 фоизи аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд, асосан, ба иҷрои меъёрҳо ва суннатҳои бо ин идҳо алоқаманди динӣ ва этнофарҳангӣ нигаронида мешавад [1]. Гуфтан мумкин аст, ки идҳои Фитр ва Қурбон, намози ҷумъа, ҳаҷ ва маросимҳои дигари дорои мазмуни динӣ на танҳо ҳамчун меъёрҳои амалкунанда барои ҳамаи мусулмонон ҳатмӣ ва императивӣ мебошанд, балки ба дӯши сохторҳои ҳукуматӣ низ як қатор масъулияту ӯҳдадориҳоро (мисли таъмини реҷаи мӯътадил ва бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҷойҳои баргузории намозҳои ид, таъмини низому тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми баргузории намоз ва дигар чорабиниҳои идона ва ғ.) таҳмил мекунанд. Бо дарки ин масъулият, Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҷиҳати такмили шароити ҳуқуқӣ барои дар доираи қонун баргузор намудани ҷашну маросими динӣ, ҳамзамон барои аз унсурҳои хурофотӣ ва аз лиҳози пайомадҳои иҷтимоиву иқтисодӣ номатлубу зарарнок озод намудани онҳо талош менамояд. 

Аммо, таъкид кардан зарур аст, ки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар самти танзими анъана ва ҷашну маросими динӣ, агар, аз як тараф натиҷаи дарки бошууронаи масъулият ва вазифаҳои танзимгарию идоракунии давлат бошад, аз тарафи дигар, гувоҳи арҷгузорӣ, эътироф ва эҳтироми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба меъёрҳо ва сарчашмаҳои динии ин анъанаҳо ва ҷашну маросим мебошад. Яъне, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳо ва усулҳои динии алоқаманд бо моҳи шарифи Рамазон, идҳои Фитру Қурбон, ҳаҷ ва ҷашну маросими дигари исломиро эътироф ва арҷгузорӣ мекунад. Аз ин нуқтаи назар, метавон гуфт, ки дар ҷумҳурии мо, дар баробари идҳои Фитру Қурбон ва ҷашну маросими дигари динӣ, инчунин меъёрҳои бо онҳо алоқаманди исломӣ низ дар доираи қонун риоя ва татбиқ мешаванд. Аз ин лиҳоз, ин қабил меъёрҳои шаръиро, ки ҷашну маросими динии мардум тибқи онҳо баргузор карда мешаванд, ҳамчун қисми муҳими сарчашмаҳои суннатии ҳуқуқи муосири миллии Тоҷикистон шуморидан дуруст ва ба ҳақиқат наздик хоҳад буд.

Ҳеҷ зарурате барои исбот кардани дурустии ин андеша, ки зимни баргузории  идҳои мусулмонии зикргардида меъёрҳои ҳуқуқи мусулмонӣ бояд мавриди истифода қарор гиранд ва ё ҳадди ақал дар рафти пайдоиши маъалаҳои баҳснок ҳангоми гузаронидани ин идҳо ба назар гирифта шаванд, вуҷуд надорад. Масалан тахмин мекунем, ки шаҳрванд ё гурӯҳи шаҳрвандон метавонанд ба мақомоти судӣ ва дигар мақомоти давлатӣ нисбати қонунвайронкуниҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё дигар сохторҳои давлатӣ дар робита бо баргузории идҳои мусулмонии зикргардида (мухолифат оид ба гузаронидани намози ид, маҳдуд сохтани забҳи чорвои барои қурбонӣ зарур ва ғ.) шикоят кунанд. Дар чунин мавридҳои эҳтимолӣ, мақомоти давлатӣ зимни баррасии чунин арзу шикоятҳо бояд мӯҳтавои аҳкоми шаръиро ба инобат гирад.

Ҳамин тариқ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» худи меъёрҳоро оид ба баргузории ҷашнҳои шаҳрвандӣ, таърихӣ ва динӣ дар бар намегирад. Вай танҳо ба ҷашнҳои зикргардида, аҳамияти расмӣ бахшида, ҳамзамон қабули меъёрҳои ҳуқуқӣ-диниеро, ки ба онҳо алоқамандии зич доранд, имконпазир мегардонад. Аз ин нуқтаи назар, қонуни зикргардида агарчӣ худи урфу одатҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи мусулмониро муқаррар накунад ҳам, вале барои дар чорчӯбаи Конститутсия, қонунҳои дахлдор ва ҳуқуқи мазҳабҳои суннатии мусулмонони кишвар риоя шудани онҳо ҳеҷ монеаи ҳуқуқӣ эҷод намекунад. Табиист, ки муқаррар намудани маҷмӯи урфу одатҳои марбут ба гузаронидани ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Меҳргон дар чорчӯбаи Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  имконнопазир аст, зеро ин қабил урфу одатҳо, бо сабаби истифодаи тӯлонии онҳо дар минтақаҳо ва кишварҳои гуногун аз тарафи гурӯҳҳои сершумори этникӣ, хеле зиёд ва гуногун мебошанд. 

Танзими урфу одатҳои иҷтимоӣ низ мушкил аст, чунки аҳолии Тоҷикистон, хусусан насли ҷавон, солҳои зиёд аз чунин имконият маҳрум буданд. Ҳамчунин, зарурат барои таҷдиду такмили меъёрҳои шаръии бо идҳои Рамазон ва Қурбон алоқамандӣ дошта низ вуҷуд надорад. Чунин меъёрҳо дар сарчашмаҳои ҳуқуқи мусулмонӣ (Қуръон ва ҳадис) дарҷ ёфтаанд ва аз ин рӯ, барои ҳамаи мусулмонони кишварамон муқаддас ва ҳатмӣ мебошанд. 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчунин намудҳои дигари ҷашнҳо ва маросимро танзим менамояд. Мувофиқи моддаи 8 қонун, рӯзи таваллуд ба таври ихтиёрӣ, танҳо дар доираи оила ҷашн гирифта мешавад. Мутобиқи меъёрҳои қаблии танзимкунандаи маросими хатна ва хатнасур, то ворид шудани охирин тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур (28 августи соли 2017) хатнасӯр дар тӯли як рӯз бо иштироки 60 нафар  гузаронида мешуд. Вале пас аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур, хатнасур минбаъд ба таври ихтиёрӣ, танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад (қисми 1, моддаи 9). Худи хатна бошад, бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи 20-уми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббӣ тибқи тартиби  муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад (қисми 2, моддаи 9).

Қонуни мазкур қоидаҳоро оид ба тӯйи арӯсию домодӣ низ муқаррар намудааст, ки мутобиқи он тӯйи арӯсию домодӣ дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ, бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронида мешавад (қисми 1, моддаи 10). 

Қонун, инчунин, маросими динӣ ва азодориро низ танзим менамояд. То ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни танзим дар соли 2017, тибқи меъёрҳои қаблӣ маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштирокчиён гузаронида шуда, маросими себегоҳа бе додани таом, маросими «чил» бо додани як намуди таом барои то 80 нафар, маросими «сол» бо додани таом барои то 100 нафар баргузор карда мешуданд. Акнун, баъди ворид кардани тағйирот ба моддаи 11 (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.08.2017, №1461), маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешаванд (қисми 2, моддаи 11).

Қонуни танзим инчунин, баъзе маъракаҳо ва одатҳои хурофотомезу серхароҷотро, ки сабаби коҳиши вазъи молиявии мардум мешуданд, манъ кардааст. Масалан, маъракаҳои марбут ба хатнасур, маслиҳатошӣ, бузкашӣ, гӯштингирӣ, ордбезон, инчунин, ба ғайр аз писарбачаи хатнашаванда ба шахси дигаре додани тӯҳфа, инчунин як қатор маъракаҳои марбут ба тӯйи домодиву арӯсӣ, аз қабили фотиҳатӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон ва тақдими сарулибос ба меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс, ба истиснои тақдими тӯҳфаҳо ба домоду арӯс ва падару модари ҳар кадоми онҳо ғ., ҳанӯз дар соли 2010 манъ карда шуда буданд. Баъдан, зимни такмили минбаъдаи қонун ва ворид кардани охирин тағйиротҳо ба он бо дархосту райъи аҳолӣ, хатнасур танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон ва додани таъом ба аҳли оила гузаронида мешавад. Аз маъракаҳои марбут ба тӯйи арӯсиву домодӣ бошад, ин дафъа ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон) манъ карда шуданд (қисми 2, моддаи 10, ҚҶТ аз 28.08.2017, № 1461). 

Ҳамчунин, қонун як қатор одатҳои марбут ба маросими диниро низ манъ кардааст, мисли забҳи чорво ва додани таом, оши сари тахта, душанбегӣ, ҷумъагӣ, ҳафт, бист, шашмоҳагӣ, ҳамчунин, додани пули нақд ва дигар ашё, ба истиснои ҳаққи хизмати мурдашӯй ва қабркан (қисми 3, моддаи 11) ва ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон ва ҳоҷиошӣ қатъиян манъ карда шудаанд (қ. 3, моддаи 11, ва қ. 2, моддаи 12,). Дар қонун инчунин, меъёрҳову муқаррароти дигари танзимкунандаи вақту соати мушаххас ва макони баргузории тӯйи арӯсиву домодӣ ва маъракаҳои дигари иҷозатдодашуда низ дарҷ ёфтаанд. Масалан, тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 то 22, ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то 22, дар шаҳраку деҳот, аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то 22 дар рӯзҳои истироҳатӣ ва аз соати 18 то 22 дар рӯзҳои корӣ баргузор карда мешаванд (қ.3, моддаи 14).

Ҳамин тавр, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба як қатор ҷашну маросими иҷтимоӣ, таърихӣ ва динӣ нерӯи ҳуқуқӣ бахшид.

Тавре, ки қаблан зикр гардид, ҳарчанд дар қонуни мазкур мӯҳтавои ин ҷашну маросим ифода наёфтаанд, вале танҳо зикр шудани онҳо ба ҳайси ҷашну маросими расмӣ онҳо ва одату маъракаҳои бо онҳо марбутро ҳукми қонуният ва табиати ҳуқуқӣ мебахшад. Ин ҳолат аз табдил ёфтани ин меъёрҳои одатии иҷтимоӣ ба меъёрҳои ҳуқуқӣ-вазъӣ гувоҳӣ медиҳад. Дар қонун як қатор маъракаҳо ва одатҳо, ки аз як тараф бо манбаҳои асили диниву фарҳанги миллии тоҷикон ва дигар халқҳои мусулмони кишвар бегона буда, аз тарафи дигар хеле серхарҷ ва исрофкорона баргузор мегардиданд, манъ карда шудаанд. Сабаби асосии манъи ин гуна маъракаҳо, ки бо таклифу дархост ва раъйи худи аҳолии мусулмони кишвар доир шуд, пайомадҳо ва зарарҳои сахти онҳо ба вазъи моливу иқтисодии мардум мебошад. Қонун доираи иштирокчиён, ҳаҷми хароҷоти молӣ ва макону замони баргузории бархе маросимро маҳдуд намудааст, ки ин ба хотири пешгирии хароҷоти беҳуда, ҳифзи тартиботи меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ ва дигар мақсадҳои нек мебошад. 

Ниҳоят, қонун баъзе меъёрҳо ва муқаррароти нави марбут ба гузаронидани ҷашнҳо ва маросимро низ муқаррар кардааст, мисли таъсиси мақомоти ваколатдор оид ба танзим, комиссияҳои доимӣ, ҷамъиятӣ ва ғ., ки барои таъмини волоияти қонун ва дастёбӣ ба ҳадафҳои стратегии он мусоидат менамояд... 

 

 

Шоев З. – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ;

Одинаева Ш. – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

 

 

 

Яндекс.Метрика