Мақола

ЁДИ "ШАЙХИ ШАРҚШИНОСОН" -И РУС ГИРОМӢ БОД!

Василий Владимирович Бартолд 15 ноябри соли 1869 дар шаҳри Санкт Петербург дар хонаводаи шахси доро ба дунё омадааст.
Асли аҷдодаш аз Ҳамбург буда, ба Россия муҳоҷир шудаанд. Ниёгони падарияш аз мардуми минтақаи соҳили дарёи Балтик будаанд.

Ҷашни худшиносӣ, бозгашт ба асолати миллӣ ва баҳрабардорӣ аз мактаби давлатдории Пешвои миллат

16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, зимни он фарзанди ҷасуру диловари миллат – Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1994 дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ дар шаҳри Риёз

Санаи 11 – уми  ноябри соли ҷорӣ дар пойтахти Арабистони Саудӣ – шаҳри Риёз Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ доир гардид ва дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Амнияти Ватан неъматест, ки сазовори шукр аст (ДАР ҲОШИЯИ СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР САММИТИ МУШТАРАКИ ИЗТИРОРИИ АРАБИЮ ИСЛОМӢ, КИ ДАР ШАҲРИ РИЁЗИ АРАБИСТОНИ САУДӢ БАРГУЗОР ГАРДИД)

Сулҳу субот беҳтарин дастовард барои инсоният дар ҳар давру замон маҳсуб мешавад. 
 
Иштироки Пешвои миллат ва ибтикороту пешниҳодоте, ки дар дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ доштанд, ҳам барои ҷомеаи башарӣ ва ҳам барои ҳимояи мардуми мазлуми Фаластин саривақтӣ судманд буд.
 

ИҶЛОСИЯИ XVI-УМ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти таърихӣ мебошад. Вай барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар кишвар ба раванди бунёдкорӣ оғоз бахшид ва симои сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. 
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ ҳаёти навини худро оғоз намуда, барои бунёди давлати миллӣ қадамҳои устувор гузошт. 

ИҶЛОСИЯИ ТАЪҚДИРСОЗ

 
Худо он миллатеро сарварӣ дод, 
    Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
     Ки деҳқонаш ба дасти дигарон кишт.
 

ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗУ ШАРАФИ ИНСОНИСТ

Бо ибтикори созанда ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисмҳои низомии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон барои хизмати ҷавонон тамоми шароитҳоро дар сатҳи зарурӣ фароҳам овардаанд.
Хизмат мактаби шарафу номус, мардонагию шуҷоатмандӣ буда, маҳз обу тоби бадан ва ҳамчун шахсият шинохташавии мард аз ҳамин мактаб ибтидо меёбад.

НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ ХVI-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ МИНБАЪДАИ ТОҶИКИСТОН

Дар охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ вазъияти сиёсию ичтимоии халқу миллатҳо ба куллӣ тағйир ёфта, давлатҳо сиёсати мустақилонаро пеша намуданд.

Дар натиҷа бузургтарин сохтори сиёсии як минтақаи дунё бо номи “Сотсиализм” давлатҳои зиёдеро таҳти идора дошт, аз байн рафт. Чунин ҳолат барои давлатҳо хурд, ки Шӯравӣ роҳнамою роҳгустар буд, мушкилоти зиёдеро ба бор овард.Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки анъана ва таҷрибаи зарурии идоракунии мустақилонаро надошт, барои нерӯҳои сиёсии мамлакат, созмон додани сохтори нав муаммо гардид.

Страницы

Яндекс.Метрика