Санаи 11 – уми ноябри соли ҷорӣ дар пойтахти Арабистони Саудӣ – шаҳри Риёз Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ доир гардид ва дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронии хеш Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки вазъи изтирорӣ дар навори Ғазза Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро сахт нигарон сохтааст. Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор гирифтани иншооти ғайринизомии минтақаи мазкурро, ки боиси кушта шудани ҳазорон нафар аҳолии осоишта ва дар ин миён занону кӯдакон, ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди мардум ва хароб гардидани инфрасохтори ҳаётан муҳим дар он гардидааст, шадидан маҳкум мекунад.
Инчунин, Сарвари давлат ба қазияи ҷавҳарии Фаластин - ташкил намудани давлати Фаластин бо пойтахти он дар шаҳри Байтулмуқаддаси Шарқӣ ва озод намудани тамоми заминҳои ишғолшудаи Фаластин баъди соли 1967 рў оварда, чунин таъкид намуданд: «Аз нигоҳи мо, ҳалли воқеии қазияи Фаластин, таъмини сулҳи одилона, пойдор ва дарозмуддат танҳо аз роҳи иҷрои қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташкили Давлати мустақили Фаластин имконпазир мебошад.
Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он шаҳри Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар асоси марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад. Ин роҳест, ки тавассути он мардуми Фаластин метавонанд ҳаққи аслии миллии худро ҳамчун субъекти мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси усулҳои эътирофшудаи муносибатҳои байнидавлатӣ амалӣ намоянд. Мову шумо медонем, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 29 ноябри соли 1947 дар бораи дар сарзамини Фаластин таъсис додани ду давлати мустақил қатънома (№181) қабул карда буд.
Аз нигоҳи мо, ҳалли воқеии қазияи Фаластин, таъмини сулҳи одилона, пойдор ва дарозмуддат танҳо аз роҳи иҷрои қарорҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташкили Давлати мустақили Фаластин имконпазир мебошад. Ҳолати имрӯза бори дигар он ҳақиқатро собит месозад, ки қазияи Фаластин роҳи ҳалли низомӣ надорад».
Аз қатъномаи (№181) Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зиёда аз 75 сол сипарӣ гардида бошад ҳам, он амалӣ нагардидааст, то ҳол давлати мустақили Фаластин таъсис дода нашудааст. То имрӯз орзуву омоли мардуми Фаластин дар мавриди таъсис додани давлати худ мустақил амалӣ нагардидааст. З-ин рў, ҷомеаи ҷаҳониро лозим аст, ки ҷиҳати татбиқи қатъномаҳои дахлдори Маҷмаи Умумӣ ва Шӯрои Амнияти Созмони Милал саъю кўшиш намоянд, то Давлати Фаластин, бо заминҳои расмии хеш, таъсис дода шуда, асоси ин ҳама нооромиҳо аз байн бурда шавад.
Наҷмиддин Салимов – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир