ЁДИ "ШАЙХИ ШАРҚШИНОСОН" -И РУС ГИРОМӢ БОД!

Василий Владимирович Бартолд 15 ноябри соли 1869 дар шаҳри Санкт Петербург дар хонаводаи шахси доро ба дунё омадааст.
Асли аҷдодаш аз Ҳамбург буда, ба Россия муҳоҷир шудаанд. Ниёгони падарияш аз мардуми минтақаи соҳили дарёи Балтик будаанд.
Донишманд, ховаршинос, узви фарҳангистони улуми Россияи подшоҳӣ ва баъдан узви вобастаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ, яке аз муҳаққиқони ботаҷриба, ки дар соҳаи эроншиносӣ, исломшиносӣ ва туркшиносӣ басир буда, ҳамчун муаллифи даҳҳо китоб ва садҳо мақола дар соҳаи таъриху фарҳанги Ховари Миёна, хусусан Осиёи Марказӣ машҳур мебошад. Ӯро ба ҳайси “Шайхи шарқшиносон”-и рус мешиносанд.
Бартолд 19 августи соли 1930 дар синни 61-солагӣ дунёро падруд гуфт. Ӯро бо ахлоқи нек ва сифатҳои хуби инсонӣ васф кардаанд, ки мероси гаронбаҳое аз таҳқиқи илмии асил боқӣ гузоштааст.
Омӯхтани таърих ва навиштаҷоти академик В.В. Бартолд дар таърихи мардуми Ховари Миёна, махсусан Тоҷикистон марҳилаи наверо мекушояд. Зеро эшон на танҳо ҳамчун шарқшинос, балки як шахсияти барҷаста бо азму самимият ва забондонӣ дар фарҳангу тамаддуни ин мардум хидматҳои арзандае кардааст.
Академик Бартолдро дар олами илм на фақат ҳамчун муҳаққиқи таъриху фарҳанги Осиёи Миёна мешиносанд, балки ҳамчун исломшиноси барҷастаи рус эътироф менамоянд. Аммо дар хусуси дастовардҳои исломшиносии ӯ, рисолаҳову мақолаҳои зиёде аз ҷониби пажуҳандагони шарқӣ-ғарбӣ, таълиф ёфтаанд.

Аз саҳифаи Ахбор барои афкор

Яндекс.Метрика