Мақола

ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Парчам яке аз нишонаҳои давлат буда, дар он ҳастии миллати давлатдор ифода меёбад. Парчам таърихи қадима дошта, аввалин бор аз ҷониби Коваи оҳангар бар зидди зулму ситами Заҳҳок истифода шудааст. Парчам мутаҳидкунандаи халқу миллат аст. Парчам нишонаи ҳастии халқу миллат буда, дар он орзую омоли халқу миллат, мақсаду мароми он ва боигарии давлат тасвир ёфтааст.
 

Андешаи олимон нисбати назарияи фарҳанги Б.Малиновский

Назарияи фарҳанги Б.Малиновскийро антропологҳо ва этнологҳо борҳо танқид кардаанд. Асосгузори антропологияи сохторӣ ва назарияи хешутаборӣ К.Леви-Стросс равиши Малиновскийро «биологизатсияи фарҳанг» номидааст [11, с. 20]. Этнографи шӯравӣ С.А.Токарев назарияи Малиновскийро ҳамчун назарияи «зиддитаърихӣ» танқид кардааст [21, с. 235]. Э.Эванс-Причард, ки низ намояндаи функсионализм аст, назарияи фарҳанги Б. Малиновскийро тавсифӣ ва аз лиҳози таҳлилӣ-мантиқӣ заиф медонист [24, с. 243,244].
 

Мафҳуми «ҳувияти миллӣ» ва аҳамияти он дар устувории ҷомеа

Ҳувияти миллӣ падидаест, ки хусусиятҳои рӯҳиву равонии аҳли ҷомеа, шуури таърихӣ ва шинохти ҷойгоҳи худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ, ташаккули ифтихору ғурурӣ созандаи миллиро таҷассум мекунад. Он ҳамеша арзишҳо ва орзую амолҳои мардум ё миллатро дар худ инъикос намуда, ба забон, фарҳанг, таърих, иқтисод, ҳудуд, психология, урфу одат, анъанаҳо ва дигар арзишҳои миллӣ алоқамандӣ дорад, одамонро муттаҳид месозад ва барои расидан ба мақсадҳои дарпешгузошта ба самти муайян равона месозад. 
 

Таҳқир ба парчами давлатӣ ин таҳқир ба миллат аст

Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон  буда, дар баробари Конститутсия,  Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад.
 

Ин ҷолиб аст: анъанаҳои аҷиби халқҳои ҷаҳон

Маросими издивоҷ
 
Анъана падидаест, ки фарҳанги халқҳои ҷаҳонро гуногунранг, беназир ва ҷолиб месозад. Онҳо таърих, урфу одатҳо ва эътиқоди одамонро инъикос мекунанд ва метавонанд ҳам ҳайратовар ва ҳам аҷиб бошанд. 
 

Унсурҳои низоми фарҳангӣ дар таълимоти Малиновский

Ба ҳамин тарик, Б.Малиновский чунин мешуморид, ки тамоми фаъолият ва ҳаёти инсон ба қоидаҳои фарҳангӣ тобеъ буда, бештар на муносибати шахс ба рафтораш, яъне на худбаҳодиҳии вай, балки дарки мазмуни рафтори шахс аз тарафи ҷомеа муҳим аст. Яъне бояд муайян карда шавад, ки рафтор ва амалҳои шахс барои гурўҳҳои иҷтимоӣ то чӣ андоза фоиданоканд, онҳо то кадом андоза ба урфу одатҳои мавҷуда мувофиқат мекунанд ва барои нигоҳ доштан ва мунтазам такмил додани низоми мавҷуда ёрӣ мерасонанд.
 

Нақши суннатии «Очашир» дар устувории оила

Анъанаҳо,  урфу одатҳо, рафторҳои иҷтимоие мебошанд, ки дар тӯли асрҳо тавассути аз насл ба насл гузаштан ташаккул меёбанд ва орзуву омоли мардумро таҷассум мекунанд.
 
Агар ба таҳкими анъанаҳо аз ҷиҳати фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқӣ назар кунем, маълум мегардад, ки донишмандону орифон анъанаҳои мардумиро расми хуб ва писандида баён намудаанд, аз ҷумла: Имом Абуҳомиди Ғаззолӣ мегӯяд: «Урф чизест, ки дар дилҳо аз тариқи ақлҳо қарор гирифтааст ва бо хӯю кирдори солим пазируфта шудааст» [1]. 

ИНЪИКОСИ ТАЪРИХИ ПАРЧАМ ВА ОЙИНИ ПАЧАМДОРИИ ТОҶИКОН ДАР САРЧАШМАҲОИ ТАЪРИХӢ

Қадршиносӣ ва гиромӣ доштани парчами миллӣ эҳтиром ба миллат, давлату давлатдорӣ ва Ватани маҳбубамон мебошад, зеро парчами мо дар замони истиқлолияти давлатӣ василаи асосии таҳкими ваҳдати миллӣ, роҳнамои мардуми кишвар ба сӯи ояндаи нек ва нишонаи побарҷо будани давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳон гардидааст. 
Эмомалӣ Раҳмон
 

Страницы

Яндекс.Метрика