Мақола

МУНОСИБАТҲОИ ГЕОПОЛИТИКИИ ҶАҲОН ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Ҷаҳони пуртазоди муосир, ки ин ҳама таҳаввулотҳои сангинро ба сари давлатҳои ҷаҳон оварда истодааст ва бархе аз давлатҳо дар муқобили ин гуна таҳаввулотҳо оҷиз мондаанд, бояд ҳар як фарди тоҷик аз соҳиби истиқлоли сиёсӣ будан ифтихор намояд. Зеро имрӯз баъзе аз миллатҳое дар сайёраи Замин ҳастанд, ки истиқлоли сиёсӣ надоранд ва ё онро аз даст додаанд.

Аз ҳамин лиҳоз , истиқлоли сиёсӣ барои миллати тоҷик ҳадяи бузурги таърих мебошад ва ҳифзи ин неъмати бузург вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди тоҷик мебошад.

ИСРОФКОРӢ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН

Дини мубини ислом баҳра бардоштан аз неъматҳои илоҳӣ ва зебогии зиндагиро мубоҳ ва раво, исрофу зиёдаравиро ҳаром ва нораво медонад. Ин бад-он ҷиҳат аст, ки мусулмон бо таносуби имконият ва тавоноии худ дар баробари ҷомеа масъулият доранд.
Аз ҳадду андоза гузаронидан дар тамоми коре, ки инсон анҷом медиҳад, ин исроф мебошад. Дар як қатор оятҳои Қурони карим ва аҳодиси набавӣ ҳаром будани исроф ва зиёдаравию худнамоӣ аз амалҳои номатлуб шинохта шуда, манъ будани онҳо таъкид шудааст.

ҲИФЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ – МАСЪУЛИЯТИ ҲАР ЯК ХУДШИНОС

Асоси ҳастии ҳар миллатро фарҳанги ӯ ташкил менамояд. Фарҳанг чунин унсури муҳимест, ки дар тӯли садсолаю ҳазорсолаҳо миллатро аз нобудшавӣ ҳифз менамояд ва ба он умри пояндаю бардавом мебахшад. Ба хотири ҳамин нақши созандаю ҳаётбахши фарҳанг қишрҳои худшиносу меҳанпарасти миллат дар тули таърих пайваста барои ҳифзи фарҳанги худ тавассути офаридани асарҳои илмию фарҳангӣ кӯшидаанд.

ҲИФЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ – ЗАМИНАИ УСТУВОРИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ

Маҳз фарҳанги миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва рӯзгори пурғановати маънавии таърихи миллат аз воситаҳои асосии намои соҳибихтиёрии миллӣ, сарчашмаи нодири худшиносӣ ва кафили пойдории давлати мустақили миллист. Бо ин мақсад шинохтан, гиромӣ доштан ва эҳёи ақлонии сарчашмаҳои нодири ин ганҷинаи пурғановат вазифаи халқи соҳибдавлат аст. Президенти мамлакат доир ба ин масъала хеле нишонрас таъкид кардаанд: «Ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шаш ҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо – ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад.

О роли исламоведения в контексте диалога культуры

В условиях эпохи глобализации особенно актуальной становится желание всех стран и народов жить в мире друг с другом. Достижение этой цели возможно лишь на основе диалога и взаимного сотрудничества.
В контексте глобальных вызовов современности следует говорить не только о диалоге различных локальных культур и религий, но также и о сосуществования в одном месте представителей разных культур и религий.

ЗАРДУШТИЯ ВА МЕРОС

Аз замоне, ки инсон мафҳуми моликиятро дарк кард, ҳаёти якҷоя оғоз ёфт. Ҳар касе, ки дунёро тарк мекард, молу мулкашро дигарон соҳиб мешуданд. Дар дунёи қадим дар байни миллатҳои бо тамаддун ва бетамадуни ҷаҳон, соҳиб шудани моли тарк карда шуда, шаклу усулҳои гуногун дошт, маслан: мусодираи он маҷбурӣ буда, ҳар касе, ки нерумандтар буд, молу мулки шахси фавтидаро ба моликияти худ дароварда, афроди заиф ва нотавон, аз ҷумла занону кӯдаконро аз он маҳрум месохт.

Хусусиятҳои зоҳиршавии ифротгароии динӣ - сиёсӣ дар ҷомеаи имрӯза

Халқи боору номуси мамлакат лаззати соҳибдавлатиро баъди садсолаҳо бори дигар чашиданд. Амонию осоиштагӣ дар асоси ободии ҳар кишвар ва сарчашмаи хушбахтии ҳар як фарди ҷомеа аст. Илму ҳунар барои ҳар як шахс мояи фазлу камол буда, инсонро ботаҷриба ва комил мегардонад. Дар аксари ҳолатҳо мушоҳида мешавад, ки ҷавонон аз рӯзҳои таътил истифода намуда, ба ҳар гуна кору амалҳои беҳуда ва ё зараровар машғул мешаванд.

ДИН ВА ДУНЁИ ИНСОН АЗ ДИДГОҲИ ҲАМУДУДДИНИ КИРМОНӢ

Таносуби дин ва дунё аз муҳимтарин ҷанбаҳои таълимоти фалсафии Ҳамудуддини Кирмонӣ мебошад. Дар осори Ҳамудуддини Кирмонӣ метавон кӯшишҳоеро ҷиҳати «оштӣ додани дин ва дунё» пайдо намуд. Мутафаккир мардумро ба дарки амиқи моҳияти олами воқеӣ, инсон ва фарди алоҳида ҷалб намуда, мақоми инсонро дар ҳаёти моддӣ ва моҳияти умумии вуҷудияти ӯ нишон додааст.

Страницы

Яндекс.Метрика