ҲИФЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ – ЗАМИНАИ УСТУВОРИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ

Маҳз фарҳанги миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва рӯзгори пурғановати маънавии таърихи миллат аз воситаҳои асосии намои соҳибихтиёрии миллӣ, сарчашмаи нодири худшиносӣ ва кафили пойдории давлати мустақили миллист. Бо ин мақсад шинохтан, гиромӣ доштан ва эҳёи ақлонии сарчашмаҳои нодири ин ганҷинаи пурғановат вазифаи халқи соҳибдавлат аст. Президенти мамлакат доир ба ин масъала хеле нишонрас таъкид кардаанд: «Ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шаш ҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо – ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад. Эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим мебошад» (ниг.: Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» // Махзани электронӣ: http://prezident.tj/node/27417 аз 21.12.2021 (санаи муроҷиат: 11.07.2024)).
Дурустӣ, ногузирӣ ва асоснокии илмии таъкидҳои мунтазами Роҳбари давлатро дар масъалаи зарурати ҳифзи мероси пурғановати фарҳанги ниёгон, бевосита равандҳои ноороми ҷаҳони муосир, фишори аз ҳад зиёди онҳо ба аслҳои фарҳанги миллӣ, бегонакунонии намунаҳои ахлоқи миллӣ ҳамчун унсури фишороварандаи хориҷӣ аз як ҷониб, хусусиятҳо ва талаботи шаклгирии ҷомеаҳои муосири давлатдор аз ҷониби дигар, ҳамчун раванди дохилӣ собит менамоянд.
Яке аз чунин талаботҳои мубрами рӯз – қонеъ сохтани он бе истифода аз мерос ва таҷрибаи пурғановати фарҳангӣ-миллӣ хеле мушкил аст, – эҷоди мафкураи солими миллӣ ва ташкили роҳҳои самараноки муқовимат бо хурофот, ифротгароию сиёсисозии дин мебошад. Қисмати фарҳангӣ ва маънавии сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон дар ҳама нуктаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ зуҳури худро муаррифӣ карда истодааст. Зеро, шароити хуби иҷтимоӣ ва иқтисодиёти пешрафта, таъмини ҷойҳои нави корӣ ба шаҳрвандон, ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои созандагӣ ва варзишӣ, шароити хуби зиндагӣ дар маҷмуъ аз омилҳои асосии дур намудани насли наврас аз хурофот ва таассуб аст, ки меҳвари сиёсати имрӯзаи давлатдории милиро ташкил медиҳад ва аз назари мантиқӣ ҳамчун алгоритми рафтори ҷомеа ва мақомоти давлатӣ масъалагузорӣ гардидааст.
Омӯзишу таҳқиқи осори таърихию ҳуқуқӣ заминаи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад, зеро ҳофизаи таърихии халқ, пеш аз ҳама, дар мероси фарҳангию ҳунарӣ инъикос мегардад. Аз ин лиҳоз, дар иртибот бо гузаштаи таърихӣ, анъана ва суннатҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳангӣ ва арзишҳои маънавӣ, омӯхтани мероси илмиву адабӣ, ошноӣ бо кору пайкори шахсиятҳои таърихӣ ва бо чашми ибратҷӯ нигаристан ва баҳра бардоштан аз ин мерос пайвандҳои маънавии инсонро бо гузашта ва оянда таъмин месозад. Бархуди тамаддунҳо, омехташавии арзишҳои фарҳангӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки тамаддуни гузаштаи худро омӯхта, нақши таърихӣ ва асолати зиндагисозашро дар мизони дастовардҳои маънавии замони нав баркашида, беҳтарин падидаҳои ҳаётбахши онро дар хидмати башарият қарор додан вазифаи муқаддаси наслҳои имрӯзу оянда аст (муфассал ниг.: Раҳмонов Эмомалӣ. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён (китоби сеюм). – Душанбе: Ирфон, 2006. – 228 с.). Муроҷиат ба афкори фалсафию ҷамъиятии ниёгон, таърихи халқи тоҷик, омӯзиши таълимоти мутафаккирону фақеҳони таҳаммулгарои асримиёнагии тоҷик на танҳо барои ҳалии мушкилоти зикршудаи тағйирпазир, балки барои ташаккули шуури солим ва истиқлоли фикрии муҳаққиқони имрӯза низ мусоидат намуда, ба онҳо имконият медиҳад, ки дар ҳифз ва рушди мафкураи солими миллӣ саҳмгузор бошанд.
Таърихи пурғановати халқ ва давлатдории мо бо ганҷинаи бузурги маънавиаш зиёд саҳифаҳои гуҳарбореро медонад (муфассал ниг.: Ғафуров Б. Тоҷикон: таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. – Душанбе: Нашриёти муосир, 2020. – 976 с.), ки дарк ва ҳазми дурусти илмию таърихиашон ба ташаккули мафкураи солими миллӣ ва созандаю эҷодгар мувофиқат ва мусоидат менамоянд. Омӯзиши таърихи тамаддуни башарият василаи асосии огоҳӣ пайдо кардан ва дарк намудани таърихи ташаккули давлатсозию давлатдории миллӣ буда, барои музаффарияту муваффақият ба даст овардан дар ин росто замина мегузорад. Навиштаи мазкур натиҷаи тасаввуроти мо аз масъалагузориҳои навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ва бо аҳли илм ва маорифи кишвар буда, як кӯшише дар роҳи ҳамовозии афкори созандаи ниёгон ва фарзандони меҳангарои имрӯз аст. Ба вижа масъалаҳои мубрами имрӯз, хурофоту ифротишавии фикр, сиёсисозии дин, тангназарии душманони миллат андешаи моро ҷиҳати дарёфти роҳҳои рушди мафкураи солими миллӣ ва муқовимат бо экстремизму терроризм ва як қатор падидаҳои дигари номатлубу хатарноки муосир дар ҳошияи суханрониҳои Роҳбари давлат ҳидоят кард.
Тавре ки маълум аст, рушду тараққиёти устувори ҷамъиятию иқтисодии ҳар як ҷомеаи сиёсӣ, чӣ дар гузашта ва чӣ дар замони ҳозираю оянда, аз дараҷа ва сатҳи инкишофи шууру мафкураи миллӣ, сатҳ ва сифати озодиҳои фикрӣ, вуҷуди нерӯҳои солими зеҳнию ақлонӣ ва тавонмандӣ дар истифода аз таҷрибаҳои пешинаю муосири фарҳангӣ дар ҳалли мушкилоту масоили гуногуни иҷтимоӣ вобаста мебошад. Маҳз, озодии фикрии аъзои ҷомеа дар ташкили зиндагии шахсӣ ва муносибати он бо атроф ҳамеша муҳаррики рушд ва пешравии ҷомеаю давлатҳо будааст.

Холиқзода Абдураҳим Ғафор – директори муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Яндекс.Метрика