Мақола

Омили динӣ дар филмсозии ҷаҳони муосир ё муборизаҳои идеологӣ дар ҳунари филмсозӣ)

Мушоҳидаҳову баррасиҳои муҳаққиқон нишон медиҳад, ки дар сӣ соли охир раванди ба ҳунари филмсозӣ ворид гаштани мазмунҳои динӣ ва мазҳабӣ ва бо ин восита таблиғи фарҳанги динӣ ру ба афзоиш аст. Дар баъзе кишварҳо (назири ИМА, Фаронса, Русия ва Италия) бештар ба тарвиҷи андешаҳои давлатдорӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва ҳофизаи таърихӣ аҳамият дода мешавад. Филмсозони ҳиндӣ, ки пешсафи ин самт дар Осиё шумурда мешаванд, кӯшиш мекунанд, ки дар бештари филмҳо маросимҳои ибодӣ ва анъанаҳои мазҳабиро низ фаромӯш накунанд.

Роғун заминаи воқеии иқтисоди сабз ва муҳаррики рушди маънавии халқи мост

(Андешае дар партави мақолаи профессор Э.Насриддинзода)

Ҷойгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар андеша ва осори Иқболи Лоҳурӣ

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ яке аз шоирону андешамандонест, ки огоҳии вай аз илму адаб ва андешаҳои аҳли Аҷам дар саросари осораш ҳувайдост. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз ҳамин гуна чеҳраҳои маъруф аст, ки Иқбол дар осораш сареҳан аз вай ишора кардааст. Ба ҳарфи дигар, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз симоҳои таъсиргузор дар андешаву орои Иқбол будааст ва ин  дар осораш равшан мушоҳида мешавад. Чунончи, ӯ дар маснавии «Ҷовиднома» ба сайри рӯҳонӣ мебарояд ва бо раҳнамоии Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ ба он сӯи афлок, ба зиёрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Ғании Кашмирӣ меравад ва мегӯяд:

Исрофкорӣ амали зишт

"Эй фарзандони Одам, наздики ҳар намоз зинати (яъне, либос) худро бигиред ва бихўреду биошомед ва исроф макунед, ба дурустї, ки Худо исрофкунандагонро дўст намедорад" (Сураи Аъроф: 31); "Ва ба соҳиби қаробат ҳаққи вайро бидеҳ ва (низ) ба дарвеш ва роҳгузар ва исроф макун исроф карданї.

Ҷанбаҳои тарбиявӣ дар мақолаи профессор Э.Насриддинзода

Мақолаи доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода «Нақши бузурги Пешвои миллат дар бунёди НБО-и «Роғун» ва аҳамияти байналмилалии ин иншооти аср» шомили аҳамияти бузурги  тарбиявӣ мебошад. Профессор ба фаъолияти ободкории Пешвои миллат бори дигар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, саҳми ӯро дар бунёди НБО-и Роғун бо далелҳои мушаххас бори дигар таъкид намуданд. 

Масъулият ва маърифат

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд, ки “Тарбияи фарзанд рисолати муқаддаси волидон буда, таҳкими оила, таълиму тарбияи насли солиму бомаърифат, яке аз воситаҳои рушди ҷомеа, мустаҳкамии қудрати давлат ва пойдевори тамаддунҳо ба шумор меравад”. Гар чанде нињодњои иљтимои: мактаб ва љомеа дар таълим ва тарбияи кудак наќши муасире дошта бошанд њам, вале оила дар таълиму тарбияи фарзанд наќши мењвариро бозидааст.

 

Муаллимонро дастгирӣ бояд кард!

Мақоми устод баланд аст. Бисёр баланд. Ҳаққи устодро гузаштагон аз ҳаққи падар бештар донистаанд. Ин бесабаб нест. Омӯзгороне, ки аз дил бо сидқ иҷрои вазифа менамоянд дар ин радиф хоҳанд буд. 

Андешаҳои ахлоқии Абунасри Форобӣ дар рушди идеяҳои инсонпарварӣ ва тарбиявию ахлоқӣ

Абунасри Форобӣ дар рушди идеяҳои инсонпарварӣ ва тарбиявию ахлоқӣ саҳми арзандае гузоштааст. Ақидаҳои ахлоқии Форобӣ дар асарҳои «Ороу аҳлил - мадинат - ил - фазилат», «Ас - сиёсат - ал - маданийя», «Эҳё - ул - улум», «Ас - саодатӣ» ифода ёфтаанд.
Дар ин асарҳо Форобӣ ақлу хирад ва ахлоқу одобро аз беҳтарин сифатҳои инсонӣ мешуморад. Форобӣ дар ҷамъият то чӣ андоза аҳамияти бузург доштани илму донишро тарғиб намуда, зарурати ба хизмати халқ равона сохтани онро таъкид мекунад.

Страницы

Яндекс.Метрика