Ҷойгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар андеша ва осори Иқболи Лоҳурӣ

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ яке аз шоирону андешамандонест, ки огоҳии вай аз илму адаб ва андешаҳои аҳли Аҷам дар саросари осораш ҳувайдост. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз ҳамин гуна чеҳраҳои маъруф аст, ки Иқбол дар осораш сареҳан аз вай ишора кардааст. Ба ҳарфи дигар, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз симоҳои таъсиргузор дар андешаву орои Иқбол будааст ва ин  дар осораш равшан мушоҳида мешавад. Чунончи, ӯ дар маснавии «Ҷовиднома» ба сайри рӯҳонӣ мебарояд ва бо раҳнамоии Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ ба он сӯи афлок, ба зиёрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Ғании Кашмирӣ меравад ва мегӯяд:
Ҳарфи Румӣ дар дилам сӯзе фиканд,
Оҳ Панҷоб, он замини арҷманд.
Иқбол дар «Ҷовиднома», дар қатори Мавлонои Румӣ, Орифи Ҳиндӣ, Зардушт, Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ, Сайид Ҳалимпошшо, Ғолиб, Тоҳира, Мансури Ҳаллоҷ ва дигар шахсиятҳои бузурги таърихӣ, аз Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Ғании Кашмирӣ, беҳуда сухан дар миён наовардааст, зеро ӯ ба ин мавзеъ, ба ин хитта, ки ватани аслӣ ва сарзамини бобоӣ ва аҷдодияш мебошад, ишқу алоқаи зиёд дорад ва бо бузургони он, ба вижа Ғанию Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки на танҳо дар Ҳинд, балки берун аз он ҳам шуҳрат доранд, ифтихор менамояд. Бинобар ин, вай дар қатори адибони дигари тоҷику форс, ба омӯзиши ҷиддии осори ӯ, мепардозад. Ҳамин ошноӣ бо осор ва шахсияти ӯст, ки Иқбол вайро дар «Ҷовиднома» ба навҳи аҳсан меситояд ва ҳамчун эҳёгари Кашмир, яъне «офарандаи Эрони Сағир» ва мубаллиғи забону адаби форсии тоҷикӣ ва ношири ирфону маорифи исломӣ ба хонандагон муаррифӣ менамояд ва меситояд.
Дар бораи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ на танҳо Иқбол, балки дигар муҳаққон низ маълумот додаанд. Тибқи маълумоти эшон, «акнун ҷои вазъу тадриси вай дар Кашмир мавриди эҳтирому такрим аст. Мусалмонони Кашмир дар ҷое, ки вай барои мавъиза ва иршод менишаст, бинои ёдбуде дуруст кардаанд ва он маҳалро зиёрат мекунанд. Мақоми маънавии ин сайиди бузургвор ба андозае дар дилҳо нуфуз карда, ки қоиқронони рӯдҳои Кашмир, ҳангоме ки аз пору задан хаста мешаванд, аз рӯҳи Сайид истимдод мекунанд ва фарёд мезананд: «Ё Шоҳи Ҳамадонӣ!».
Бояд ёдовар шуд, ки тамҷид аз Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Кашмири Ҳинд танҳо ба аҳли илму адаби он ҷо, аз ҷумла муридону шогирдону пайравони ӯ-Сарфии Кашмирӣ, Ғании Кашмирӣ, Иқболи Лоҳурӣ ва ғайра, поён намепазирад, балки то замони мо идома меёбад. Ин абёт аз як ғазали шоири муосири покистонӣ Муҳаммад Ҳусайни Тасбеҳист, ки бо номи «Ҷаннати Кашмир» сурудааст ва мисли Иқбол дар он Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Ғании Кашмириро, ки аз чеҳраҳои бузург ва мондагору ифтихории ин сарзамин маҳсуб меёбанд, мавриди васф қарор додааст:
Гули гулзори хуш симои Кашмир,
Хиромон меравад раънои Кашмир.
Бихон таърихи Кашмири куҳанро,
Ки гардӣ огаҳ аз маъвои Кашмир.
Амири корвон Саййид Алиро
Шиносад муршиду мавлои Кашмир…
Ҳамин тавр, ҳам Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ҳам Иқболи Лоҳурӣ, ки аз андешамандони бузургу маъруфанд, дар осорашон аз ноқадрдонии аҳли рӯзгори хеш шиква кардаанд, аммо бо як пешбинии пайғамбарона муайян намудаанд, ки пас аз маргашон мардум ҳатман ба мақому мартабаи онҳо пай мебаранд ва ба ситоишу такрими онҳо мепардозанд.
«Маро дар ин рӯзгор касе нашинохт, валекин баъд аз фавти ман толибон пайдо шаванд, ки аз осору расоили ман фавоид гиранд ва қадри ман шиносанд»,  -менависад Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.

«Дунё наметавонад маро напарастад, зеро ман худам табъан парастанда ҳастам. Агар рӯзе афкоре, ки дар умқи рӯҳам вуҷуд дорад ва ҳарфҳое, ки дар қалбам ҳастанд, бармало шаванд, мутмаин ҳастам, ки пас аз маргам мардуми дунё то ҳадди парастиш маро дӯст доранд», - навиштааст Иқболи Лоҳурӣ.
Мирсаид - ходими калони Институти Осиё ва Аврупои АМИТ
Бознашр аз сомонаи Институти Осиё ва Аврупои АМИТ 
Таҳиякунанда:
Искандаров Шарафҷон Фахриддинович - корманди шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ

Яндекс.Метрика