Омили динӣ дар филмсозии ҷаҳони муосир ё муборизаҳои идеологӣ дар ҳунари филмсозӣ)

Мушоҳидаҳову баррасиҳои муҳаққиқон нишон медиҳад, ки дар сӣ соли охир раванди ба ҳунари филмсозӣ ворид гаштани мазмунҳои динӣ ва мазҳабӣ ва бо ин восита таблиғи фарҳанги динӣ ру ба афзоиш аст. Дар баъзе кишварҳо (назири ИМА, Фаронса, Русия ва Италия) бештар ба тарвиҷи андешаҳои давлатдорӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва ҳофизаи таърихӣ аҳамият дода мешавад. Филмсозони ҳиндӣ, ки пешсафи ин самт дар Осиё шумурда мешаванд, кӯшиш мекунанд, ки дар бештари филмҳо маросимҳои ибодӣ ва анъанаҳои мазҳабиро низ фаромӯш накунанд. Дар аксари ин мавридҳо дину ойин ҳамчун пояи фарҳанги миллӣ тарғиб гаштааст. Ҳунармандони ҳиндӣ дар 50 соли охир ҳамеша ин усулро дар мадди назар дошта, аз ҷумла кӯшиш кардаанд, ки дар филмҳо худоёни ҳиндӣ ва ибодатгоҳҳои онро меҳрубону ҳоҷатбаро нисбат ба бандаҳо нишон диҳанд. 

 

Дар филмҳои кишвари ҳамзабони мо Эрон дар чил соли гузашта вобаста ба талаботи низоми теократӣ дар ин кишвар ба тасвир кашидани симоҳои динӣ, аз ҷумла пайғамбарон ва имомон кӯшиши зиёд шудааст. Филмҳои «Юсуфи пайғамбар», «Мардони Анҷелелес» ва «Марями муқаддас» берун аз марзҳои Эрон низ маҳбубият пайдо кардааст. Филмсозони турк бештар ба ҳаводиси таърихи туркҳо рағбат дошта, филмҳои туркӣ дар даҳ соли охир хеле машҳур гардидаанд. Ҳамчунон баъзе филмҳои туркӣ дар кишварҳои ҳамсояи он шадидан мавриди интиқод қарор гирифтанд. Арманистон аз ҷумлаи чунин кишварҳо ба шумор меравад, ки намоиши филмҳои туркӣ дар қаламрави худро бинобар ихтилофи ҷиддӣ бо ормонҳои милии ин кишвар мамнуъ эълон кардааст. Филми «Ҳарими Султон» ё («Садаи бошукӯҳ») низ, ки дар қаламрави собиқ Шӯравӣ хеле бинанда доштааст, аз ҷониби мардуми Эрон «зиддиэронӣ» дониста шуда, тамошои онро кори нораво донистанд. 

 

Ахиран филмсози машҳури турк Атилла Энгин, ки филмномаҳои «Артуғрул» ва «Усмон»-ро офаридааст, гуфтааст, ки дар тараддуди офаридани филме бо номи «Имом Шомил» аст. Атилла Энгин барои шинос шудан бо мавқеи ҷуғрофии Қафқоз ба Ҷумҳурии Доғистони Русия сафари корӣ анҷом додааст. 

 

Дар кишварҳои пасошӯравӣ дар даҳ соли охир филмсозони Узбекистон хеле фаъол гашта, чандин филм бар асоси талаботи низоми сиёсӣ ва идеологии ин кишвар падид овардаанд. Бо муташанниҷ гаштани вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон филмсозӣ ба яке аз абзорҳои муҳими сиёсӣ ва идеологии кишварҳо мубаддал мегардад. 

 

 

Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

Яндекс.Метрика