ТАЪРИХИ СОЛИ НАВ

27 декабр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад

27 декабр иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ, иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум 27 декабри соли 2023, соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Боязиди Бистомӣ ро гуфтанд;

Боязиди Бистомӣ ро гуфтанд;
Агар рӯзи растохез Худованд бигӯяд чи овардайӣ, чи хоҳӣ гуфт;
Боязид гуфт;
Вақте фақире бар кариме ворид мешавад, ба ӯ намегӯянд чи овардайӣ, балки мегӯянд чи мехоҳӣ?!

Зиндагӣ як подош аст; на як мукофот.
Фурсате аст кӯтоҳ то биболӣ; биёбӣ, бидонӣ, бияндешӣ, бифаҳмӣ ва зебо бингарӣ
Ва дар ниҳоят дар хотираҳо бимонӣ ...

Таҳиякунандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ

«Тазкирату-л-авлиё»

«Тазкирату-л-авлиё»-и Фаридуддин Аттори Нишопурӣ аз нахустин тазкираҳои ирфонии адабиёти форсӣ буда, бо шеваи насри аҳди аввали адаби форсу тоҷик эҷод шудааст.

Нависанда зиндагиномаи мухтасари машоихи сӯфия, ҷаҳоншиносӣ ва русуму суннати онон, зинаву мақомоти сулук, мабоҳиси муаммои марказии тариқат, тарбияи нафс ва мароҳили камолоти башариро бозгӯ месозад.

Китоб бори нахуст пурра ба ҳуруфи кириллӣ чоп мешавад ва барои муҳаққиқону дӯстдорони таърихи забон, адабиёт ва фарҳанг таҳия шудааст.

 

Таъиноти кадрӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар мақомоти роҳбарӣ ва фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, суҳбат намуданд.

ДИЛИ ИНСОН

Аз ҳакиме пурсиданд:
— Дар бораи дили инсон мафҳумҳои зиёде мавҷуданд.
Ба ман соддатаринашро бигӯед.

Сипас, ҳаким ба ҷойи посух додан шогирдашро ба як хона бурд. Хона хеле зебо буд ва дар мобайн болои мизе як коса хӯрок меистод.

Аз хӯрок бӯйи хуше дар фазои хона паҳн мегардид. Пай бурдан душвор набуд, ки таом бомазза аст. Аз даҳони шогирд об рафта, мехост таомро бичашад.

Ҳаким шогирдашро аз ин ҳуҷра берун бурда, ба хонаи дуюм даъват кард.

Вақте вориди ҳуҷраи дуюм шуданд, бӯйи баде ба димоғ зад, ки тоқат кардан ва он ҷо мондан мушкил буд.

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми Фармондеҳи
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон — сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Пиракзода Ҳикматулло
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 22 декабри соли 2023 №558 ш. Душанбе

Дар бораи сардори Донишкадаи
олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Пиракзода Ҳикматулло

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Пиракзода Ҳикматулло сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Бознашр аз сомонаи :
www. president. tj

Страницы

Яндекс.Метрика