ТАЪРИХИ СОЛИ НАВ

Ҳарчанде ки ҷашни Соли Навро аксарияти мардуми ҷаҳон ҳамчун ҷашни мавлуди Исои Масеҳ дарк ва таҷлил мекунанд, вале дар ҳеҷ куҷое аз матнҳои муқаддаси қадимаи насронӣ рӯзӣ таваллуди Исо сабт нагаштааст ва ҳеҷ як санаде вуҷуд надорад, ки дар он рӯзӣ1-уми январ ҳамчун рӯзӣ таваллуди ин паямбар сабт шуда бошад. Рӯзи 25- декабр якумин маротиба дар соли 221 дар навиштаҳои яке аз муаррихони насронӣ мавлуди Исо сабт ёфтааст, ки баъдан барои солшуморӣ ба якуми январ гузаронида шуд. Дар соли 354 аз ҷониби падарони рӯҳонӣ қарори махсусеқабул гардид, ки рӯзӣ мелоди Исоро дар  шаби ялдо  ҷашн гиранд. Ин рӯз дар давраи қадим, яъне то зуҳури дини насронӣ дар баъзе кишварҳои ҷаҳон ҳамчун рӯзӣ мавлуди худоён чашн мегашт.Масалан: дар Юнони қадим –мавлуди Дионис,дар  Мисри қадим- мавлуди Осирис, дар Рими қадим - мавлуди Митра (худои офтоб Меҳр).
 
Дар мавриди парастиши Меҳр яъне ойини меҳрпарастӣ (митраизм), бояд тазаккур дод, ки ин ойин аслан яке аз динҳои қадимтарини мардуми ориёитабор буда, то замони зуҳури дини запрдуштӣ дар қаламрави Эрон ва Осиёи Марказӣ мавриди пайравӣ қарор дошт ва ҳанӯз 1400-сол кабл аз зуҳури дини насронӣ дар ҳудуди империяи Рим интишор ёфта он ҷо мақоми баланд касб намуда буд. Тамоми табақаҳои поёнии ҷомеа аз он пуштибонӣ мекарданд ва имони бузург доштанд. Баъд аз он, ки насронӣ дини давлатӣ эълон шуд, пайравони ойини меҳрпарастӣ то дер замон ҳатто ба хунрезӣ дини навро қабул намекарданд. Бо мурури замон, таълимоти рӯҳониёни насронӣ бо мақсади таҳким бахшидан ба равнди интишори дини насронӣ баъзе бахшҳои таълимоти ин динро бо таълимоти меҳрпарастӣ ҳамоҳанг сохтанд. Аз ҷумла рӯзи 25 декабрро, ки  ки он ба рӯзи зоиши Митра ё рӯзи мавлуди Хуршеди шикастнопазир мутобиқат мекунад,  рӯзи мавлуди Исои Масеҳ эълон карданд. Далели тасдиқкунандаи ин фикр, ки митраизм ин ҳамон ойини меҳрпарастии эрониёу тӯрониёни қадим аст, чашни Меҳргон мебошад. Илова бар ин, меҳр номи яке аз дувоздаҳ моҳҳои  солшумории шамсӣ-хуршедӣ(офтобӣ) мебошад, ки тибқи он як сол  аз 365-рӯз, 5-соату 48-дақиқа иборат будааст.
 
Ҳамин тавр, шаби Ялдо - шаби таваллуди Меҳр ва мутобиқ ба оини Меҳр дарозтарин шаб мебошад. Он дар доираи маросими хос ҷашн гирифта мешуд. Мардум дар ин шаб шириниҳо, таомҳо пухта инчунин донаҳои кадую харбуза бирён мекарданд. Бо себу санҷид анору дигар меваҳо дастархон оро дода, бузургони хона қиссаҳо нақл мекарданд.
Анъанаи насронии оростани арчаи соли навӣ низ аслан аз ойини меҳрпарастӣ маншаъ гирифтааст.
 
Оростани дарахтони сарву санавбар дар қисмати болоии он дохтани ситора аз ҳамон давра боқӣ мондааст. Ин дарахт пой дар замин сар дар осмон рамзи озодагӣ буда,  буи дилангез дорад. Дар адабиёти форсу тоҷик ҳамчун рамзи маъшуқаи хушқомат омадааст. Бартарии ин дарахт дар он аст, ки ҳамешасабз, дарозумр ва сояафкан мебошад. Ситорае ,ки дар болои дарахт аст рамзи хушҳолист. Анъанаи оростани арча дар Аврупо аз қарни XVI дар Олмоноѓоз ёфтааст.
 
Дар соли 1841 дар Англия шоҳзода Алберт,шавҳари Малика Виктория аввалин шуда арчаисолинавиро бо шамъу шириниҳо зебу  зинат дод ва ин анъана ҳамчун муд дар тамоми давлатҳо расм гардид. Анъанаи орову торо додани арча ба Русияю дигар давлатҳо низ расид.
Николаи 2 дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳон оростани арчаро қатъиян манъ кард. Чунки он анъанаи олмониҳо, яъне душманон шуморида мешуд. Дар соли 1926 ороиши арчаи соли навӣ дар Русия ҷиноят  буд. Дар натиҷаи пешниҳодҳои зиёде аз ҷониби равшанфикрони рус дар соли 1935 И.В.Сталин иҷозат дод, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ арчаи солинавӣ зебу ородода шавад.
 
Яке аз қаҳрамонҳои дигари солинавӣ Бобои барфӣ мебошад. Агар ба шакли либоси он назаре афканем, ба коҳинони ойини меҳрпарастӣ ва дини зардуштӣ  монанд мебошад. Подшоҳони Эрон ва коҳинони зардуштӣ ҳангоми ҷашнҳои динию миллӣ мисли бобои барфӣ либоси махсусро ба бар мекарданд. Бобои барфӣ дар афкори Аврупоиён пирамарди фарбеҳи риши сафеди дароздор мебошад, ки дар шаби соли нав ё қабл аз он барои бачаҳо туҳфа медиҳад. Шахсияти бобои барфӣ (Санта Клаус) ишора ба номи яке аз бузургони масеҳӣ бо номи Сан Николас аст, ки дар қарни чорум мезистааст. Вай тахминан аз минтақаи Анталияи Туркия буда, бо кумаку сарпарастӣ ва  ҳадя додан ба ятимону фақирон шуҳрат ёфта буд. Аз ин маълумотҳо бар меояд, ки ҷашнгирии ин сана яъне соли нави милодӣ ва расму одатҳои он аслан пеш аз дини масеҳӣ маъмул будааст ва аз дину ойинҳои мардуми ориёитабор маншаъ гирифтааст. 
 
 
Шарифова Санавбар – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ
Яндекс.Метрика