Назари иҷмолие ба таълимимоти ахлоқии Имом Абуҳанифа

Мавҷудияти ахлоқ, ки пояи устуворӣ пешравии ҷомеа аст, дар тамоми қарну ҷомеъаи башарӣ барои халқу миллатҳо амри зарури ва муҳим буда, пайвасти ногусастани наслҳоро таъмин менамояд.  Ахлоқи ҳамидаи инсон дар ҷомеа  сабаби иззат ва обрумандии инсон, мояи оромии рӯҳ, каромати нафс, адами озори инсонҳо, беҳбудии зиндагӣ ороми ҷомеа, насли солим ва дигар арзшҳое мебошанд, ки ҳасти инсонро дар ҷомеа нишон медиҳад. 
 

«Таърихи Табарӣ» ҳамчун сарчашмаи нодири таърихӣ ва исломӣ

Муаррихони мусулмон дар таърихи  башарият ҷойгоҳи махсуси худро соҳиб гаштаанд. Имрӯз қариб ҳамаи навиштаҳои муаррихону муҳаққиқони муосир дар асоси навиштаҳои таърихнигорони асримиёнагӣ бунёд ёфтаанд. Ин маъхазҳо сарчашмаҳои гаронбаҳое мебошанд, ки дар  омӯхтан ва сабт кардани таърихи инсоният саҳми аввалиндараҷа доранд.
 

Муаллим оинаи миллат аст

Муаллим ҷом бошад, бода -дониш,

Муаллим шоиру сарвода -дониш.

Барои ташнагони Замзами дил,

Муаллим бо садоқат дода дониш.

Дар ҷомеаи башарӣ касбҳои гуногун хеле зиёд ва дар зиндагии онҳо бисёр заруранд, лекин касби муаллимӣ аз ҳамаи касбҳо пуршарафтар ва пурифтихортар аст. Муаллим тарбиятгар ва ба танзим дароварандаи насли одамизод аст.

НИГАҲ КУН БАД-ИН ЛАШКАРИ НОМДОР...

«Халқе, ки қаҳрамон надорад, халқи бадбахт хоҳад буд. Оне, ки имрӯз кишвар дар сулҳу субот ва рушду тараққӣ ба сар мебарад, натиҷаи қаҳрамониҳои фарзандони ҳамин миллат аст. Далериву шуҷоат мебояд моҳияти рӯҳу равони ҳар як узви ҷомеаро ташкил кунад. Бидуни қаҳрамониву мардонагӣ миллат наметавонад орому осуда бошад. Истиқлолият ва тамомияти сарзамини худро ҳифз намояд. Дар оилаи бузурги халқҳо сарбаланд бошад. Аммо оғози ҳама гуна ғолибият шуҷоат ва азхудгузаштанҳост. Ҷавонмардони Ватани бузурги мо дарки амиқи меҳанпарастӣ доранд.

Ҳар 4- умин шаҳрванди Тоҷикистон дар ҶВБ иштирок кардааст

Тавре Элмурод Турсунов, котиби масъули собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон мегӯяд дар ҶБВ аслан аз Тоҷикистон 300 ҳазор иштирок карданд . Дар он вақт аҳолии кишварамон 1 миллиону 200 ҳазор нафар будааст . Яъне ҳар 4 - умин шаҳрванди Тоҷикистон дар ҶБВ иштирок кардааст. Мутаассифона 92 ҳазор нафар аз ҷанг бар нагаштанд. Имрӯз иштирокчиёни ҶБВ дар кишвар чанд нафар ҳастанд. Чӣ дастгирӣ аз ҷониби Ҳукумати ҶТ дар нисбати онҳо карда мешавад ,ин ва дигар паҳлуҳои зиндагии қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар маводи навбатии "Истиқлол"

Паёми табрикии​ директори Маркази исломшиносӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ​

Ҳамасола 9 - уми май дар қатори дигар халқҳои сайёра дар кишвари мо низ Рӯзи Ғалаба бар фашизм ботантана таҷлил мегардад.

Бояд қайд намуд, ки аз таърихи муборизаҳои фидокоронаи фарзандони далеру ғаюри тоҷикистонӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 79 сол сипарӣ гардид.

Сафари корӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия 08.05.2024

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо боздиди корӣ ба шаҳри Москва сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Инқилоби фикрии ҷомеа - озодӣ аз хурофот, ифрот ва зиёдаравиҳои эътиқодӣ

Баррасии масоили маънавиёту маърифати мардуми мамлакат дар шароити ҷаҳонишавии манфиатҳо ва шиддат ёфтани бархурдҳои молӣ, фарҳангӣ ва мазҳабӣ аз ҳар ҷиҳат мубрам мегардад. Муқаррар намудани вазифаҳо барои бартараф сохтани решаи мушкилоту камбудиҳои дар ин самт барои зуҳури арзандаи давлати ҷавони миллӣ ва тақдири ояндаи истиқлолаш таърихӣ хоҳад буд. 
 

Страницы

Яндекс.Метрика