Паёми табрикии​ директори Маркази исломшиносӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ​

Ҳамасола 9 - уми май дар қатори дигар халқҳои сайёра дар кишвари мо низ Рӯзи Ғалаба бар фашизм ботантана таҷлил мегардад.

Бояд қайд намуд, ки аз таърихи муборизаҳои фидокоронаи фарзандони далеру ғаюри тоҷикистонӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 79 сол сипарӣ гардид.

Ба ин муносибат, Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба фарорасии Рӯзи Ғалаба сидқан табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яке аз онҳо сулҳу оромӣ, хушбахтӣ, иқболи баланд ва рӯзгори орому осуда орзу менамояд.

Дар ин ҷанги хонумонсӯз мутаассифона зиёда аз 300 ҳазор нафар мардони далеру шуҷоъи кишвар сафарбар гардиданд, ки ин шумора 20 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медод. Аз ин рӯ, қадршиносӣ ва ба ёд овардани корномаи беназири падарони қаҳрамон, инчунин насли калонсол, занон ва наврасоне, ки дар ақибгоҳ шабонарӯз заҳмат кашида, дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ саҳми арзишманди худро гузоштанд, вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст маҳсуб меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба фоҷиаи ин ҷанги ҷаҳонӣ таъкид намудаанд: «оқибатҳои бисёр талху фоҷиабори Ҷанги дуюми ҷаҳон ба аҳли башар ҳамеша ҳушдор медиҳанд, ки пойдории сулҳу субот ва рӯзгори орому осуда, ҳамкорӣ ва равобити созандаи халқу давлатҳо неъмати бебаҳои зиндагӣ барои ҳар як инсон мебошад».

Бахусус, дар шароити имрӯзаи вазъи ниҳоят ноорому мураккаби ҷаҳон, ки башарро хатару таҳдидҳои гуногун, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ба ташвиш овардааст, рушд бахшидани сулҳу дӯстӣ ва ҳампайвандиву ҳамкорӣ дар байни халқу кишварҳо аҳамияти бештар пайдо мекунад ва моро ҳушдор медиҳад, ки баҳри ҳифзу ҳимояи суботу оромӣ ва зиндагии осудаи шаҳрвандони Ватани маҳбубамон ҳамеша ҳушёру омода бошем. Ҷавонон, ба вижа насли бедору огоҳи моро зарур аст, ки таҷрибаи зиндагӣ ва роҳи пурифтихори гузаштагони худро омӯхта, баҳри таъмини сулҳу амният, оромӣ ва иқтидори мудофиавии Тоҷикистони азиз, рушди иқтисодиву иҷтимоии давлатамон беш аз пеш талош варзанд.

Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар, ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва кулли ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватанӣ табрику таҳният гуфта, сулҳу оромӣ, хонаи обод ва муваффақиятҳои беназир таманно менамоем. Рӯзи Ғалаба муборак бошад!

Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика