САДОҚАТРО АЗ Ӯ ОМӮЗЕМ!

“Ман то охирин гурезаро ба Ватан бар нагардонам осуда намехобам!”
Аз аввалин ваъдаҳои Раиси тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар Иҷлосияи таърихии 16- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд шунида шуд.
Нахуст амалаш, рафтораш ва гуфтораш аз иттиҳоду сарҷамъӣ, сулҳу оромӣ буд.
Ба қавлаш вафо кард, новобаста аз вазъ, мамоният ва душвориву хатар.Тайи ин 30 сол ба хотири сарҷамъиву осудагии миллаташ, хиёнатро бахшид, хаторо ислоҳу гунаҳро авф кард.

Ҳоли дунёро аз фарзонае пурсиданд...

❗Ҳоли дунёро бипурсидам ман аз фарзонае,
Гуфт: ё хоб аст, ё бод аст, ё афсонае.
Гуфтамаш: аҳволи умрамро бигу то умр чист?
Гуфт: ё барқест, ё шамъест, ё парвонае.
Гуфтамаш: инҳо, ки мебини чаро дил бастаанд?
Гуфт: ё хобанд, ё мастанд, ё девонае!
✍️Мавлоно Балхӣ-Румӣ.

Сӯҳбати сарироҳӣ бо мардум

Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Заршӯёни ноҳияи Сангвор дар асоси банди 4 - Нақшаи чорабиниҳои Маркази исломшиносӣ ва дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҶТ вохӯрии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдурраҳим , бо раисони ҷамоат, маҳалла, муаллимону устодон, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта , деҳқонону кишоварзон, занбурпарварон ва дигар сокинони ҷамоат доир гардид.

Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

СУХАНОНИ БЕНАЗИРИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Халқи азизам. Ман ба қудрати созанда ва нангу номуси ҳар як фарди ту бовар дорам. Миллати бузурги ман. То зиндаам, ман бо номи ту сидқан ифтихор мекунам, туро самимона дӯст медорам ва тамоми ҳастии худро дар роҳи хизмат ба ту бедареғ мебахшам. Халқи бузургу қаҳрамони ман. Мо ҳама даст ба дасти ҳамдигар дода, дар фазои сулҳу оромӣ Ватани азизамон - Тоҷикистонро ба биҳишти рӯи замин табдил медиҳем. Миллати куҳанбунёд ва соҳибмаърифату таҳаммулгарои Тоҷик. Рӯзҳои сангин ва вазнину торикат паси сар шуданд.

ДУЪОИ МӮРЧА

Соле дар мулки Сулаймон алайҳиссалом хушксолӣ омад. Ҳамон сол борон наборид ва сабаби қаҳтиву хушк шудани дарахтон ва нобуд гаштани зиёди зироат гашт.
Сулаймон алайҳиссалом бо тамоми умматони худ (муру деву парӣ) ба биёбоне баромад то бо дуъои дастҷамъона аз Худованд неъмати Ӯ - борон бихоҳанд.

Модар фаришта буд, аммо болу пар надошт...

Хеле дард овар аст!
Ҷавоне дар синни 18 - солагӣ барои модараш мегӯяд: эй модар!
Вақте, ки 20 - сола шудам бароям чи тӯҳфа медиҳӣ?!

Модар мегӯяд: писарам!
Ту ба бистсолагӣ ҳанӯз нарасидаӣ ва вақти зиёде мондааст.
Як соли дигар ҳам сипарӣ шуд;
Писар 19 сола шуд; ки ногаҳон бемор шуд, ва модараш уро ба бимористон бурд.

Тарбия аз оила сарчашма мегирад!

Мо бояд як чизро амиқ дарк намоем, ки дар тарбияи инсон пеш аз ҳама ва беш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташшаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан дар оила ибтидо мегирад.
Ба дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургро, ки дар тарбияи фарзандони худ ба дӯш доранд, пурра эҳсос намоянд”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

СММ аз хатари гуруснагии оммавӣ дар ҷаҳон ҳушдор дод!

Директори иҷроияи Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ Дэвид Бизли гуфт, ки, агар буҳрони кунунии ғизо сарфи назар карда шавад, ҷаҳон ба гуруснагии оммавӣ дучор мегардад.
“Мо, аллакай, бо буҳрони бесобиқа мувоҷеҳ ҳастем ва, агар бо он ба таври стратегӣ ва муассир мубориза набарем, моро гуруснагӣ, бесуботии даҳҳо кишварҳо ва муҳоҷирати оммавӣ интизор аст”, - иброз намуд Бизли дар бахше аз муҳокимаи Шуро оид ба корҳои байналмилалӣ.

Страницы

Яндекс.Метрика