Директори иҷроияи Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ Дэвид Бизли гуфт, ки, агар буҳрони кунунии ғизо сарфи назар карда шавад, ҷаҳон ба гуруснагии оммавӣ дучор мегардад.
“Мо, аллакай, бо буҳрони бесобиқа мувоҷеҳ ҳастем ва, агар бо он ба таври стратегӣ ва муассир мубориза набарем, моро гуруснагӣ, бесуботии даҳҳо кишварҳо ва муҳоҷирати оммавӣ интизор аст”, - иброз намуд Бизли дар бахше аз муҳокимаи Шуро оид ба корҳои байналмилалӣ.
Қаблан Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш зимни суханронӣ дар як чорабинӣ бахшида ба амнияти озуқаворӣ гуфта буд, ки аз гуруснагии ҷаҳон танҳо дар сурати бозгашти маҳсулоти ғизоии Украинаву Россия ва, ҳамчунин, нуриҳои минералии Россия ба бозорҳои ҷаҳонӣ метавон ҷилавгирӣ кард.
Манбаъ: СММ