ДУШАНБЕ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН

Рӯз то рӯз обод ва сарсабз гардидани пойтахти Ватани мо - шаҳри Душанбе, ки мояи ифтихору сарфарозӣ ва дилбастагӣ ба ҳаёти зебову осоиштаи мардуми Тоҷикистон гардидааст, аз воридшавии кишвари азизамон ба марҳалаи нави рушд, бо қадамҳои устувор пеш рафтани мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда , амнияти давлату ҷомеа нишон медиҳад.

Бознашр аз саҳифаи ХХДТ

Паёми сулҳ

Бошад ҳамеша ҳамсафари ман каломи сулҳ,
Хоҳем рӯдбори хуши мустадоми сулҳ.

Ҳар субҳидам ба нағмаи ҷонсӯзи ошиқӣ,
Булбул ба шоха мерасад баҳри саломи субҳ.

Дар зери Парчами Ватан тифлони мо хушанд,
Воло шуморам аз зару сим эҳтироми сулҳ.

Гардад димоғ тозаю гул медамад ба боғ,
Ояд ба гӯши ҷон агар умре паёми сулҳ.

Эй кош, ҷои ҷангҳо дар курраи замин,
Нӯшем бодаи тараб,ёрон, зи ҷоми сулҳ.

Нуринисо
Душанбе

پیام صلح .

باشد همیشه هم صفای من کلام صلح
خواهیم رود بار خوش مستدام صلح

Андеша намекунӣ ту аз рӯзи гарон!

Эй гашта шабу рӯз ба дунё нигарон,
Андеша намекунӣ ту аз рӯзи гарон.
Охир нафасе бубину бозой ба худ,
К-айём чӣ гуна мекунад бо дигарон.

Бознашр аз Хазинаи маърифат

Дастури таълимии олимони тоҷик дар бораи Муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар арафаи истиқбол аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба нашр расид

Дар арафаи истиқбол аз Иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози миллат, XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри дастури таълмии олимони тоҷик -  Маҷидзода Зоир Ҷурахон, Холиқзода Абдураҳим Ғаффор ва Қосимов Файзалӣ Маҳмадович дар бораи Муқовимат бо терроризм ва экстремизм армуғони идона ба ҳисоб меравад. 

Дастури таълимӣ муаррифигари курси махсусе мебошад, ки аз ибтидои солҳои 80 – уми асри XX то рӯзҳои мо давраи пайдоиш ва инкишофи экстремизми динӣ – сиёсиро дар Осиёи миёна, Тоҷикистон ва кулли ҷаҳон дарбар мегирад.

Рӯзатро беандеша оғоз накун!

«Фақр» чизе аст, ки ҳама ҷо сар мекашад.
Фақр, гуруснагӣ нест, урёнӣ ҳам нест. Фақр чизеро надоштан аст, вале он чиз пул нест, тило ва ғизо ҳам нест.
Фақр ҳамон гарди хокест, ки бар китобҳои фурӯшнарафтаи як китобфурӯшӣ менишинад.
Фақр, шабро «беғизо» сар кардан нест, фақр, рӯзро «беандеша» оғоз кардан аст!

09/10/ 2022с
Бознашр аз саҳифаи Хирад

Аз Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ пурсиданд: Ибодат чист?

Аз Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ пурсиданд:
Ибодат чист?
Фармуд:
Ибодат-хидмат кардан ба халқ аст...
Ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест,
Ба тасбеҳу саҷҷодаву далқ нест.
Саъдӣ
Пурсиданд: Чи гуна?!
Гуфт: Агар ҳар пешае, ки ба он иштиғол дорӣ, ризои Худо ва мардумро дар назар дошта бошӣ, ин номаш ибодат аст.
Пурсиданд:
Пас намозу рӯзаву хумс...??
Гуфт: Инҳо итоъат ҳастанд, ки бояд банда барои наздик шудан ба Худо анҷом диҳад то анвори Ҳақ бигирад..!

ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сабзу хуррамгардони гулзору шодобкорӣ, зебову ободкории маҳал, кучаву хиёбон ва шаҳру деҳот аз анъанаи қадими мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта таърихи бисёр ҳазор сола дорад, имрӯз ин анъанаи қадимиву таърихӣ тоҷикон таҳти ҳидояти роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома дода мешавад, ки намунаи олии он талошу тадбирҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хеле назаррасу шоистаи ситоиш аст.

Эй забони Балъамиву Рӯдакӣ, Меҳри ту парвардаам аз кӯдакӣ

❗Эй забони Балъамиву Рӯдакӣ,
Меҳри ту парвардаам аз кӯдакӣ.
“Шоҳнома” бо ту обу ранг ёфт,
Дар ҷаҳон халқам зи ту фарҳанг ёфт.
Ибни Сино дар Бухорои куҳан,
Кошт дар марзи шифо тухми сухан.
Бо ҳамин имло Низомӣ зода буд,
Бар ту, эй лафзи дарӣ, дил дода буд.
Килки пуршӯри Камол андар Хуҷанд,
Бо ту иншо кард ашъори баланд.
Мисли Саъдӣ, Ҷомии ширинкалом,
Дурри маънӣ суфт бо азми тамом.
Ҳарчи оҳанги гуворо медиҳӣ,
Анҷуманро зебу оро медиҳӣ.
Сабз бодо, то абад домони ту,
Эй муборак бод ин даврони ту!

Страницы

Яндекс.Метрика