
Сабзу хуррамгардони гулзору шодобкорӣ, зебову ободкории маҳал, кучаву хиёбон ва шаҳру деҳот аз анъанаи қадими мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта таърихи бисёр ҳазор сола дорад, имрӯз ин анъанаи қадимиву таърихӣ тоҷикон таҳти ҳидояти роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома дода мешавад, ки намунаи олии он талошу тадбирҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хеле назаррасу шоистаи ситоиш аст.
8 октябри соли равон бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, хуррамгардонии пойтахти азизамон шаҳри Душанбе шанбегии дастаҷамъонаро баҳри саҳм гузоштан дар корҳои ободониву зебогардонӣ баргузор гардид.
Дар шанбегии дастаҷамъи кормандони Маркази исломшиносӣ бехи гулҳои ороиширо нарм намуда, атрофи дарахтону буттаҳоро аз ҳаргуна партовҳои моишӣ ва алафҳои бегона тозаю озода намуданд.
Ёдовар мешавем, ки кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсад доранд, ки супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ қарор дода, ташаббусҳои ободониву созандагӣ, хуррамгардониро ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе доир намуда, ба ин васила саҳми худро дар ободонӣ ва сарсабзу хуррамгардонидани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе гузоранд.
Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир