Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.

Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.
Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.
Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст.
Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад.
(Моддаи 30)

Андарзҳои Амир Кабир

Агар нияти яксола доред гандум бикоред.
Агар нияти даҳсола доред дарахт бикоред.
Агар нияти садсола доред одам тарбият кунед!

Баргардон аз форсӣ

Тадвинкунанда: Абдуллоҳи Қодирӣ

Абу алӣ Ибни Сино

Агар дил аз ғами дунё ҷудо тавонӣ кард,
Нишоту айш ба дори бақо тавонӣ кард.

В-агар ба оҳи риёзат бароварӣ нафасе,
Ҳама қудурати дилро сафо тавони кард.

Зи манзилоти ҳавас гар бурун ниҳӣ гоме,
Нузул дар ҳарами кибриё тавонӣ кард.

В-агар зи ҳастии худ бигзарӣ, яқин медон,
Ки аршу фарши фалак зери по тавонӣ кард.

Валекин ин амали раҳравони чолок аст,
Ту нозанини ҷаҳонӣ, куҷо тавонӣ кард?

На дасту пои амалро фурў тавонӣ баст,
На рангу бўи ҷаҳонро раҳо тавонӣ кард.

Ватандӯстӣ – омили муҳими ташаккули худшиносии миллӣ

Таърихи ташаккули ватандӯстӣ исботи он аст, ки нишонаҳои ин падида дар ҷамъияти ибтидоӣ пайдо шудаанд. Бо мурури замон ҳисси дилбастагӣ ба замин ва забони худ бо дарки вазифаҳои шаҳрвандӣ дар назди ҷамъият пайваст гардид. Кӯшиши одамон барои инкишоф додани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ватани худ, ҳифзи он аз истилогарони хориҷӣ нишонаи барҷастаи ватандӯстӣ аст. Ифтихор намудан аз дастовардҳо ва фарҳанги худ, бо хоҳиши худ маҳфуз нигоҳ доштани хислат ва хусусиятҳои фарҳангии он, ҳимояи манфиатҳои Ватан ва халқи худ сифатҳои беҳтарини ватандӯстӣ мебошанд.

САҲМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ДАР ПОЙДОРИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

«Дар ин давра (солҳои 20-ми асри XX), ба арсаи мубориза барои муайян намудани сарнавишти миллату давлати тоҷикон як қатор фарзандони баору номуси Ватанамон, ба монанди Садриддин Айнӣ, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳидинов, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ворид шуданд, ки дар натиҷаи кӯшишу талошҳои онҳо Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурӣ таъсис ёфт».Эмомалӣ Раҳмон

Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад!

Бо пешрафту тараққиёти рӯзафзуни технологияҳои иттилоотӣ, истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ низ афзоиш ёфта истодааст. Дар ин замина шаҳрвандонро мебояд дар баробари мақсадноку оқилона истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамзамон дар хотир дошта бошанд, ки ҳар навору акс ва матнҳои нашр намудаи шаҳрвандон, ки хусусияти экстремистӣ - террористӣ дошта бошанд, боиси ба ҷавобгарӣ кашидан ва маҳрум намудан аз озодӣ мегардад.
 

Дараҷа ва мақоми китобҳои фикҳи ҳанафӣ

Мувофиқи маълумотҳои маъхазу сарчашмаҳо ва манбаъҳо аён мегардад, ки китобҳои ривоятшудаи фиқҳи ҳанафӣ дар мартаба аз ҷиҳати қувваи ривоят дар як дараҷаю сатҳ  нестанд. Агар ба китобҳои ривоятшуда изофаҳои мутааххирин аз фатво ва тахриҷи фиқҳӣ аз имомоне, ки мазҳабро бино кардаанд, илова шавад, дар ин ҳолат китобҳои фиқҳи ҳанафӣ ба се табақа тақсим мешаванд:

Аввал, «Усул» тавре гуфтем, онҳоро «Зоҳир ар-ривоя» мегӯянд. Ин китобҳо шомили ақволи Абӯҳанифа (р), Абӯюсуф ва Муҳаммад мебошанд, ки онҳоро Имом Муҳаммад дар шаш китоби худ ҷамъоварӣ намудааст.

Бунёди масҷиде дар ИМА ки қарор аст мусулмононро баҳам оварад

Дар рӯзҳои баҳор ва таҷлили Наврӯзи бошукӯҳ аз он сӯйи обҳо, аз иёлати Вирчинияи кишвари Иёлоти Муттаҳида Амрико хабаре пахш шуд, ки боиси тааҷҷуби мардуми олам гардид. Тавре медонем мусулмонони гуногунфирқаи Покистону Ироқу Афғонистон дар бист соли охир борҳо ба ҷони ҳам уфтода масоҷиди якдигарро ба оташ кашида, гоҳе бо анҷоми ҳамлаи интиҳорӣ боиси куштори бегуноҳон мегарданд. Дар натиҷаи ин амалҳо ҷони ҳазорон нафар талаф ва хонаводаҳои зиёде азодор мегарданд.

Страницы

Яндекс.Метрика