СУҲБАТУ МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Нимаи дуюми рӯзи 25-уми апрел дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ҳайати гурӯҳи кории иборат аз намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, зери роҳбарии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам бо сокинони ноҳияи Қубодиён дар мавзӯи "Омилҳои гаравиши ҷавонон ба ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ" вохӯрӣ доир намуданд.

ВОХӮРӢ БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ХУРОСОН

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2023, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст ва ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" гурӯҳи кории иборат аз намояндагони вазорату сохторҳои давлатӣ рӯзи 25-уми апрел бо сокинону фаъолони ноҳияи Хуросон дар мавзӯи "Омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ" вохӯрӣ доир намуданд.

Китоби “Мухтасар-ул- виқоя”-и Убайдуллоҳ ибни Масъуд

Дар 14 асри мавҷудияти дини мубини ислом барои ба халқ омӯзондани илми шариат садҳо китобу рисолаҳо навишта шудаанд ва машҳуртарину бузургтарини онҳо китоби “ҳидоят” (“Роҳ ба сӯйи ҳақиқат”) аст, ки ба қалами фақеҳи машҳури Осиёи Миёна Бурҳониддин Алӣ ибни Абдуҷалили Фарғонӣ (с. Ваф. 1197м.) тааллуқ дорад. 

Муаллифи “Ҳидоят” асари худро дар асоси китоби олими машҳури илми фиқҳи ҳамон давр. Абу Ҷаъфар қудурӣ (с. Ваф. 1037м.) “Мухтасар” ва асари олими дигари фиқҳ таълиф намудааст. 

Ҳикояи “Гурбаи зишт” (мазмуни шеъри “Уродливый кот”-и Игор Мазунин (1938-2007), ки хеле муассир ва пандомўз мебошад)

Як замони начандон дур, яъне як сол қабл дар як маҳалла дар хонаи кӯҳнае мезистам. Дар ин маҳалла гурбаи зиште гаштугузор мекард, ки ба тамоми сокинон ошно буд. Аз як чашму як гӯши маъюбаш онро зуд мешинохтанд. 

Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзуи “Таҳқиқотҳои сотсиологӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” баргузор гардид.

Рӯзи 4-уми майи соли 2023 бо ташаббуси кафедраи сотсиология дар толори фарҳангии факултети фалсафаи ДМТ конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзуи “Таҳқиқотҳои сотсиологӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” баргузор гардид. Дар конфренсия олимону донишмандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ш.

ЗОДРӮЗ МУБОРАК!

Имрӯз ҳамкори муҳтарами мо мудири бахши кадрҳои Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулором Саноӣ зодрӯз дорад. Ӯро ба ин муносибат самимона табрику муборакбод намуда, барояшон беҳтарин таманниётро орзумандем.

Рӯзи мавлуди Шумо шоиста бод,
Хуррамиву хушдилӣ пайваста бод.
Армуғони мо дар ин рӯзи мурод,
Даста-даста ҳадяву гулдаста бод.

Бо эҳтиром, ҳайати кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ки: "Фарҳанг бошад зи гавҳар фузун"

❗Зи доно бипурсид пас додгар,
Ки: «Фарҳанг беҳтар бувад ё гуҳар?.
Чунин дод посух бад-ў раҳнамун,
Ки: «Фарҳанг бошад зи гавҳар фузун,
Ки фарҳанг ороиши ҷон бувад,
Зи гавҳар сухан гуфтан осон бувад.
Гуҳар бе ҳунар зору хор асту суст,
Ба фарҳанг бошад равон тандуруст»!
✍️Абулқосими Фирдавсӣ

Таҳиякунанда: Абдуллоҳи Қодирӣ

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим - Жомарт Токаев

Худи ҳамин рӯз дар шаҳри Остона мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим - Жомарт Токаев баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим - Жомарт Токаев Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвараш самимона хайрамақдам гуфтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвари кишвари мизбон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Страницы

Яндекс.Метрика