ВОХӮРӢ БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ХУРОСОН

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2023, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст ва ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" гурӯҳи кории иборат аз намояндагони вазорату сохторҳои давлатӣ рӯзи 25-уми апрел бо сокинону фаъолони ноҳияи Хуросон дар мавзӯи "Омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ" вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрии мазкур, роҳбари гурӯҳи корӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарпрокурори ҳарбӣ – Зоирзода Икром, Директори Маркази таълимии судяҳои Суди Олӣ - Завқизода Солеҳ, Сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонону ноболиғони ВКД - Бухоризода Мансур, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Чоршанбезода Сураҷ, муовини Директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Наҷотзодда Мутеулло, муовини Сардори Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон - Ёров Дилшод ва Раиси ноҳияи Хуросон - Аҳмадзода Ислом иштирок ва суханронӣ намуданд.

Вохӯриро Раиси ноҳия - Аҳмадзода Илҳом ҳусни оғоз бахшида, суханро ба роҳбари гурӯҳи корӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам дод. Рудобаи Мукаррам дар суханронии хеш моҳият ва ҳадафи аслии гузаронидани вохӯриро ба ҳозирин шарҳ дода, оид ба масъалаҳои умдае, ки ба мавзӯи ҳамоиш рабт дошт, изҳори назар кард. Қайд гардид, ки терроризму экстремизм ва таассубу хурофот аз тарбияи нодуруст, ҷаҳолату ноогоҳӣ ва бетарафии аҳли ҷомеа сар зада, оқибатҳои нохушоянди он таъсири манфиро дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимми халқ дар пай хоҳад дошт.

Дар баромади муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарпрокурори ҳарбӣ – Зоирзода Икром паҳлӯҳои ҳуқуқии аз тарбия дур мондани ҷавонон ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дар суханронии Директори Маркази таълимии судяҳои Суди Олӣ - Завқизода Солеҳ оқибату натиҷаҳои додгоҳии масъала мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонону ноболиғони ВКД - Бухоризода Мансур доир ба пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон изҳори андеша намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" диққати ҷиддӣ диҳанд.

Муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Чоршанбезода Сураҷ дар суханронии худ аз шароиту имкониятҳое, ки имрӯз аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои насли наврасу ҷавон муҳайё карда шудааст, ёдоварӣ намуда, зикр карданд, ки ҷавонони кишварро мебояд дар посухи ин ҳама дастгириҳо дар рушду нумӯи Тоҷикистон саҳми боризи худро гузоранд.

Дар баромади муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Наҷотзодда Мутеулло мавзӯъҳои таълиму тарбия ва роҳҳои мубориза бо ақидаву ғояҳои ифротиву террористӣ, ки зери ниқоби дини Ислом амалӣ карда мешаванд, мавриди шарҳу тавзеҳ қарор гирифт. Муовини Сардори Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон - Ёров Дилшод ба иштирокдорони вохӯрӣ оид ба ҳолати ҷинояту ҷинояткории дорои хусусиятҳои террористӣ ва ифротӣ маълумот дода, ҳозиринро ба ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ дар самти пешгирии ҷиноятҳо даъват кард.

Пас аз ироаи баромадҳо байни иштирокдорон ва меҳмонон суҳбати самимӣ доир шуда, дар фарҷом аз ҷониби роҳбари гурӯҳи корӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам ба Китобхонаи ноҳияи Хуросон ҷилди китоби "Ваҳдат, Давлат, Президент" тақдим карда шуд.

Манбаъ: Маркази матбуоти ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Яндекс.Метрика