Назари параллелӣ ба мушкилии сиёсисозии дин ҳамчун омили хатарзо

«Бешубҳа, шинохти ҷойгоҳи дурусти дин дар фарҳанг ва мафкураи миллӣ метавонад ба истиқлоли сиёсӣ ва таҳкими асосҳои давлати миллӣ мусоидат карда, яке аз омилҳои муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти суботу оромӣ ва амнияту устувории ҷомеа гардад. Бинобар ин, мо ҳамеша арзишҳои диниро чун ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ пазируфта, ба рушди онҳо ҳамчун василаи муассири тарбияи ахлоқӣ муносибат мекунем».                         

Аз "Гулистон"-и Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ

Ҳакиме писаронро панд ҳаме дод, ки "Эй ҷонони падар ҳунар омӯзед, ба молу давлати дунё эътимод нашояд, симу зар дар сафар маҳаллӣ хатар аст, ё дузд ба якборагӣ бубарад, ё хоҷа ба тафориқ бихурад. Аммо ҳунар давлати поянда ва чашмаи зояндааст.

Агар ҳунарманд аз давлат биафтад ғам набошад, ҳунар дар навбати худ давлат аст. Ҳунарманд, ҳар ҷо ки равад қадр бинад ва дар садр нишинад, беҳунар ҳар ҷо ки равад, луқма чинад ва сахтӣ бинад.

Қитъа:

ЗОДРӮЗ МУБОРАК!

Имрӯз, 15- уми сентябри соли 2023 директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода ҷашни зодрӯз доранд.

Аз номи Роҳбарият ва кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо некутарин таманниёту эҳтиромоти қалбӣ 56-умин баҳори умратонро сидқан шодбош мегӯем.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот карданд.

Тоҷикистон макони баргузории нишастҳои сатҳи олӣ, таҳти раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикистон макони баргузории нишастҳои сатҳи олӣ, маҳсули сиёсати муваффақонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар, таҳти раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

14 -15 сентябри соли ҷорӣ Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Ҳикояи гург ва хар

Улоғ (хар) гуфт:
Ранги алаф қирмиз (сурх) аст!!!
Гург гуфт:
На сабз аст!!!
Бо ҳам рафтанд пеши султони ҷангал, яъне шер ва моҷарои ихтилофро гуфтанд...
Шер гуфт: Гургро зиндонӣ кунед. Гург гуфт:
Эй султон магар алаф сабз нест?
Шер гуфт: Сабз аст, вале далели зиндонӣ кардани ту, баҳс карданат бо улоғ аст...

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

ТАЪЛИМОТИ БРОНИСЛАВ МАЛИНОВСКИЙ ДАР БОРАИ МОҲИЯТ ВА ВАЗИФАИ ФАРҲАНГ

Бронислав Малиновский (1884-1942) як намояндаи пешбари антропологияи иҷтимоӣ (этнология, қавмшиносӣ)-и бритониёӣ  аст, ки дар Полша (Лаҳистон) таваллуд шуда ва ба воя расидааст. Ба гумон аст, ки ягон каси дигар, ба истиснои Ҷ. Фрейзер, Ф. Боас ва А. Рэдклифф-Браун ба инкишофи назария ва амалияи этнография ва этнологияи умумиљаҳонӣ мисли ӯ чунин таъсири калон расонда бошад.

Бархезу ғанимат шумар ин як-ду-се дамро!

Дӯш аз дари майхона бидидем ҳарамро,
Май нӯшу бубин фусҳати майдони карамро!
Фармони хирад бар дили ҳушёр нависанд,
Хукме набувад бар сари девона қаламро,
Эй маст, гар афтӣ ба сари турбати шоҳон,
Муштоқи лаби чом биёбӣ лаби Ҷамро.
Пои ситам аз соҳати ҷон гард баровард,
Биншину ба май бознишон гарди ситамро!
Ҷангат хабари роҳи тараб доду зи пирон,
Бишнав сухани рост мабин пушти ба хамро!
Дар шиша гар аз май камие ҳаст зиён нест
Лекин ғами бисьёр бувад давлати камро.
Субҳ аст Камолу маю овози хуши най,

Страницы

Яндекс.Метрика