Дӯш аз дари майхона бидидем ҳарамро,
Май нӯшу бубин фусҳати майдони карамро!
Фармони хирад бар дили ҳушёр нависанд,
Хукме набувад бар сари девона қаламро,
Эй маст, гар афтӣ ба сари турбати шоҳон,
Муштоқи лаби чом биёбӣ лаби Ҷамро.
Пои ситам аз соҳати ҷон гард баровард,
Биншину ба май бознишон гарди ситамро!
Ҷангат хабари роҳи тараб доду зи пирон,
Бишнав сухани рост мабин пушти ба хамро!
Дар шиша гар аз май камие ҳаст зиён нест
Лекин ғами бисьёр бувад давлати камро.
Субҳ аст Камолу маю овози хуши най,
Бархезу ғанимат шумар ин як-ду-се дамро!
✍️✍️Камоли Хуҷандӣ
Таҳиякунанда:
Абдуллоҳи Қодирӣ