Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Федеративии Олмон” ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Машварати корӣ

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд.

Вазъи корҳо дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ҷамъоварии саривақтии ҳосил, омодагӣ ба зимистони дарпешистода, аз ҷумла ба фасли сармо омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ, аҳолӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт ва захираи маводи ғизоӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосии машварати корӣ буданд.

Чингиз Айтматов, известный кыргызский писатель:

Чингиз Айтматов, известный кыргызский писатель:

"В лице Президента Эмомали Рахмона я вижу истинный пример цивилизованного таджикского народа и с уверенностью подчеркиваю, что этот великий человек увековечит свое имя, возродив имена героев нации. Потому что только привнесение мира и благополучия в жизни людей привело его к высокому положению. Ничего другого от великого таджика ожидать и не приходится".

Таҳиякунандаи мавод:
Абдуллоҳи Қодирӣ

Суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Сарвазир оид ба кишоварзӣ ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо

Санаи 26.09.2023 сол Асосгузори сулху вахдати милли, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Сарвазир оид ба соҳаи кишоварзӣ, вазири кишоварзӣ, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Панҷ, Ҷайҳун, Шаҳритус ва Қубодиён суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи роҳбарони зикршударо доир ба вазъи корҳо дар соҳа ва ноҳияҳои мазкур шуниданд.

ОДОБИ ГУЗАРОНИДАНИ ҶАШНУ МАРОСИМҲО ДАР ДОИРАИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ

Халқи тоҷик таъриху фарҳанги қадима дорад. Расму оини мардуми мо садсолаҳо аз насл ба насл гузашта, ташаккул ёфтааст ва дар ин муддат тавонистааст, ки моҳияти худро нигоҳ дорад. Як давр даври дигарро иваз карда бошад ҳам, тоҷикон тавонистаанд, ки рукнҳои муҳимтарини фарҳанги аҷдодони хешро нигоҳ доранд. Расму оинҳои халқи тоҷик аз давраҳои қадим ташаккул ёфта, имрӯз на фақат тарзи ҳаёти мо, балки шуури миллии моро ташкил медиҳанд ва ифодагари хусусиятҳои шарқии миллати моянд.

Бӯйи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме

Бӯйи ҷӯйи Мулиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омуву дуруштиҳои у,
Зери поям парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайхун аз нишоти рӯйи дӯст,
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Мир наздат шодмон ояд ҳаме.
Мир моҳ асту Бухоро осмон,
Мох сӯйи осмон ояд ҳаме.
Мир сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме.
Офарину мадҳ суд ояд ҳаме,
Гар ба ганҷ-андар зиён ояд ҳаме

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Рӯзи Рӯдакӣ муборак!

Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй...

Ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён - устод Абӯ Абдулло Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад.

Номи устод Абӯ Абдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун қофиласолори адабиёт, ҳамчун шоири бузург ва Одамушшуаро дар нахустсафҳаи таърихи адабиёти тоҷик бо ҳарфҳои заррин ва ҷовидонӣ сабт шудааст.

Терроризм хатари глобалист

Солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардида истодааст. Дар ин давра давлатҳои зиёде мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтанд. Бадбахтона, нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ зиёд мешаванд. Ба ин монанд асосан амалҳои номатлуби замон экстремизм ва терроризм ба амният ва рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша хатар эҷод намуда, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар маркази таваҷҷуҳи кишварҳои гуногуни олам қарор гирифтааст.

Страницы

Яндекс.Метрика