ОДОБИ ГУЗАРОНИДАНИ ҶАШНУ МАРОСИМҲО ДАР ДОИРАИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ

Халқи тоҷик таъриху фарҳанги қадима дорад. Расму оини мардуми мо садсолаҳо аз насл ба насл гузашта, ташаккул ёфтааст ва дар ин муддат тавонистааст, ки моҳияти худро нигоҳ дорад. Як давр даври дигарро иваз карда бошад ҳам, тоҷикон тавонистаанд, ки рукнҳои муҳимтарини фарҳанги аҷдодони хешро нигоҳ доранд. Расму оинҳои халқи тоҷик аз давраҳои қадим ташаккул ёфта, имрӯз на фақат тарзи ҳаёти мо, балки шуури миллии моро ташкил медиҳанд ва ифодагари хусусиятҳои шарқии миллати моянд.
Якчанд солҳо пештар бисёр ҷашну маъракаҳои мардумӣ, чӣ маъракаҳои хурсандӣ ва чӣ маъракаҳои азодорӣ ба чорабиниҳои пурдабдабаву серхароҷот табдил ёфта, хилофи ҳам манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии мардум ва ҳам шариати исломӣ шуда буданд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 8-уми июни соли 2007 ба танзими анъана ва маросимҳои миллию динӣ мусоидат карда, барои ҳифзи манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона гардид. Бинобар ин, дар тафсирҳои қонуни мазкур омадааст, ки мақсад аз қабули қонун “аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст”.
Дар Тоҷикистон, ба монанди дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Шарқ, оила дар ҳаёти шаҳрвандон мақоми баланд дорад. Бинобар ин, дар доираи оила бештар ба анъанаву маросимҳои оилавӣ, ба монанди тӯйи арӯсию домодӣ, хатна, таҷлили зодрӯз, маъракаҳои азодорӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.
Маросими тӯй бештар хусусиятҳои миллӣ дорад. Хусусияти тӯйи миллӣ дар он аст, ки одатан тамоми маъракаҳо дар хонаи ҳам домод ва ҳам арӯс гузаронида мешуданд. Дар чунин мавридҳо дастархон ороста мешуд, хешу табори домоду арӯс ҷамъ меомаданд ва меҳмонони зиёдеро меҳмондорӣ мекарданд. Имрӯз мувофиқи қонуни мазкур тӯйи домодию арӯсӣ бояд дар давоми на бештар аз ду рӯз, бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва оши наҳор барои то 200 нафар бо иштироки ду ҷониб гузаронида шавад. Ташкили маъракаҳои дигар мувофиқи ин қонун манъ карда шудааст. Он маъракаҳое, ки пештар бо дабдабаю шукӯҳ мегузаштанд (домодталбон, арӯсбинон, зодрӯз ва амсоли он), бояд дар ҳудуди оила гузаронида шаванд. Барои халқи мо мафҳуми оила хеле васеъ мебошад. Албатта, оилаҳои тоҷик одатан серфарзанд мебошанд, баъд аз тӯйи арӯсиву домодӣ ва фарзанддор шудан холаву амма, амаку тағо ва фарзандони онҳо низ хешовандони надик ҳисоб мешаванд. Ҷамъ шудани онҳо дар арафаи тӯй ва маъракаҳо харҷи зиёд талаб мекунад. Бинобар ин, барои вазнин нашудан ба ташкилкунандагони тӯй ва маъракаҳои дигар зарур аст, ки ороиши дастархонро дар давраи омодагӣ низ содаву камхарҷ кунанд. 
То оғоз шудани маърака бояд ҳавлӣ ва ё назди биное, ки маърака мегузарад, тоза рӯбучин шуда бошад. Макони маъракагузаронӣ то анҷоми чорабинӣ бояд тозаву озода бошад.
Ҳангоми гузаронидани тӯй ва маъракаҳо ба тозагӣ ва ороиши дастархон диққати ҷиддӣ додан лозим аст. Обдаста ва сачоқ дар даромадгоҳ омода бошад. Сачоқ бояд хушк бошад, зуд-зуд хабар гирифтан зарур аст, ки сачоқ тар ва ифлос нашуда бошад.
Ҳангоми гузаронидани тӯй ва маъракаҳои дигар соҳибони хона бо овози баланд сухан нагуфта, асосан бо овози паст ва имою ишора муошират мекунанд, танҳо вақти омадани меҳмони нав каме баландтар “Хуш омадед!” мегӯянд. Меҳмон барои иззати соҳиби маърака меояд, бинобар ин, арҷгузории меҳмон ҳангоми гузаронидани маъракаҳо шарти аввали одоби маъракагузаронӣ мебошад. Дар навбати худ меҳмонон низ дар давоми иштирок дар маъракаҳо бо якдигар бояд халал нарасонанд.
Тӯй ва маъракаҳои дигар мувофиқи имкони молиявию иқтисодии соҳиби маърака баргузор карда шаванд. Аз ҳама асосӣ, дар гузаронидани маъракаҳо на ҳаҷм ва андозаи зиёд, балки забони хуш, хӯроки каму бомазза ва ташкили меҳмоннавозии олидараҷа дар давоми маърака мебошад.
 
Садуллоев Аҳмадҷон – мутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Яндекс.Метрика