Милоди накӯи умратон хуҷаста бод, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз, 5 -уми октябр, Асосгузори сулҳу ваҳди миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба синни мубораки 71 гом ниҳоданд.

Пешвои миллати мо кафили сулҳ, меъмори ваҳдат, пушту паноҳи тоҷикони дунё ва муаррифгари фарҳангу анъана ва асолати миллист, ки ба ӯ ҳамчун шахсияти таърихӣ ҳамеша ифтихор менамоем.

Маҳз имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Шумо Тоҷикистони азиз сол то сол рушду такомул ёфта, имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки рамзи муқаддасу ҷовидонаи ҳастии миллат, муҳимтарин нишонаи давлатдории миллии тоҷикон ва асоситарин омили ваҳдату сарҷамъии мардуми Тоҷикистон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Забони мо дар зарфи таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, сарнавишти пурҳаводис ва ҷаҳони маънавии тоҷиконро бо тамоми обу ранг ва дурахшу ҷилои худ инъикос кардааст ва барои худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷик нақши барҷаста бозидааст.

МУБОРАК БОШАД!

Давлат Болтаев пас аз 17 сол барои Тоҷикистон аз Бозиҳои Осиёӣ медали тилло ба даст овард.

Ин нишони дуюми тиллои Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2022 ва аввалин аз риштаи бокс маҳсуб мешавад.

Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пирӯзии Давлат Болтаевро дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2022
ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон табрику муборакбод мегӯяд.

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Паёми табрикии директори Маркази исломшиносӣ бахшида ба Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли кормандони Марказ ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, дар роҳи ҳифзу арҷгузорӣ ва гиромидошти забони давлатӣ, ки рукни муҳими давлатдории миллиамон ба ҳисоб меравад, барору муваффақиятҳо таманно менамоям.

ОЛЕГ ОЛЕЙНИК:

Ман шарафмандам, ки Шумо Ҷаноби Олӣ Президенти ҷумҳурии Тоҷикистонро барои саҳми бузурги шахсиятон дар таҳкими сулҳ, суботи амният, вусъати ҳамкориии халқҳои Тоҷикистону Русия ва дастгири ташаббусҳои ҷомеа, ки ҳадафи онҳо таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқи инсон, эҳтироми илм ва фарҳанг мебошад, аз номи ШӯроИ сарпарастони Бунёди Байналмилалии хайрияи "Сарпарастони аср" бо ордени "Ситораи сарпараст" сарфароз мегардонам. Ҷоизаи мазкур шаҳодати баҳои баландест, ки одамони машҳур ва соҳибэҳтироми Россия ба заҳмати самарабахши Шумо медиҳанд.

Ҷаласаи муштараки навбатии байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор шуд

2 октябри соли 2023 дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи муштараки навбатии байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳайати гурӯҳи кории ҷониби Тоҷикистонро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва ҷониби Қирғизистонро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев роҳбарӣ намуданд.

НАҶОТЗОДА МУТЕЪУЛЛО БО " ИФТИХОРНОМА" - И ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САРФАРОЗ ГАРДОНИДА ШУД!

Имрӯз, 2- юми октябри соли 2023 дар Маркази исломшиносӣ дар маросими ботантана директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим" Ифтихорнома" - и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро , ки бахшида ба 32 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Наҷотзода Мутеъулло Абдулқосим сарфароз гардонида шудааст, тақдим намуд.

Дар ҷараёни маросим Холиқзода Абдураҳим дар бораи тақвияти ҳамкориҳо бо Вазорати адлия таъкид намуд.

ДАР ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТ МАСЪУЛИЯТШИНОС БОШЕД!

ДИҚҚАТ ДИҚҚАТ ДИҚҚАТ !!!!!!
Шаҳрвандони азиз шумо бояд хуб дарк намоед, ки барои таҳия ва паҳн кардани маводи марбут ба ташкилотҳои террористӣ – экстремистӣ тибқи моддаҳои 307, 307(1), 307(2), 307(3), 307(4) – и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст !
Дар аксҳое, ки шумо дар охири ин матлаб мебинед рӯйхати сомона ва саҳифаҳои иҷтимоие, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун таблиғгари ғояҳои экстремистӣ –террористӣ фаъолияташон манъ карда шудааст!!!!

Страницы

Яндекс.Метрика