Милоди накӯи умратон хуҷаста бод, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз, 5 -уми октябр, Асосгузори сулҳу ваҳди миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба синни мубораки 71 гом ниҳоданд.

Пешвои миллати мо кафили сулҳ, меъмори ваҳдат, пушту паноҳи тоҷикони дунё ва муаррифгари фарҳангу анъана ва асолати миллист, ки ба ӯ ҳамчун шахсияти таърихӣ ҳамеша ифтихор менамоем.

Маҳз имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Шумо Тоҷикистони азиз сол то сол рушду такомул ёфта, имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Аз саҳифаҳои таърихи башарӣ бармеояд, ки барои ҳар миллат дар марҳилаи муҳим шахсиятҳое ба арсаи сиёсат ва умури давлатдорӣ омада, барои миллату давлати хеш сарнавиштсоз гардидаанд.

Толеи баланди халқи Тоҷикистон аст, ки дар айёми тақдирсоз таърих зимоми давлатдориро ба уҳдаи Шумо, ҳамчун фарзанди ҷоннисор ва фарзонаи миллат вогузор намуд.

Бо заҳмату талошҳои хастанопазири Шумо дар Ватан субҳи умед дамидаву халқ аз парешонӣ ва давлат аз фаношавӣ раҳо ёфта, сиришти худро ҳамрозу ҳамдами сиришти халқу миллат намуда, ҷиҳати таҳкими аркони давлатдорӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ ҷонбозиҳо намудаед. Дар натиҷа Тоҷикистон аз кишвари ҷангзада ба давлати мутараққӣ мубаддал гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеъ ва нуфузи шоистаро дарёфт.

Шукри Ваҳдат, шукри бахти пойдор,
Пешво дорем, дорем ифтихор.
Бемалол аз заҳмати пайвастааш
Гулгулафшон аст Меҳан чун баҳор.

Ҳама кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб ба Шумо Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавоми саршор аз ҳаёт ва нерӯ, комёбию тамоми хушиҳои зиндагӣ, инчунин дар ҳама корҳоятон муваффақиятҳои нав ба навро таманно дорем. Гуфтанием, ки аз доштани чунин як Пешвои меҳанпарвар ва инсондӯст ифтихор менамоем.

Зодрӯзатон муборак бод, Пешвои муаззами миллат!

Болам ба ҷаҳон зи Пешвои миллат,
Бар гӯши ҷаҳон барам садои миллат.
Аз миллату аз забони худ менозам,
Берун накунам зи сар ҳавои миллат.

Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ

Яндекс.Метрика