Чист меъроҷ? Инқилоб андар шуур.

Агар барои худам рақами "ҳафт"- ро рамзи муҳиме биҳисобам, пас ин ҳафт китоби башарие ҳастанд, ки ба назари ман мебояд, ки дар ҳар хонаи мардуму миллати мо дастрасу зери мутолиаи доимӣ қарор дошта бошанд:

1. Қуръони Карим;

2. Шоҳномаи Ҳаким Фирдавсӣ;

3. Қонуни шифо-и Шайхурраис Буали Сино;

4. Маснавии маънавии Мавлонои Балхӣ;

5. Куллиёти Шайх Саъдӣ;

6. Девони Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ;

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

Дирӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд.

Сарони давлатҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ намуданд.

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек музокироти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Зимни мулоқот сарони давлатҳо вазъ ва дурнамои тамоми маҷмуи шарикии стратегӣ ва ҳамёрию ҳампаймонии Тоҷикистон ва Русияро муфассал баррасӣ намуданд.

Сафари корӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон

13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд.

Мавқеи шаҳрвандӣ: Беэҳтиромӣ ба корвони Тоҷикистон дар Олмон ва ғавғо атрофи он

Бо салому эҳтиром. Банда корманд ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нестам. Дар ягон ниҳоди давлатӣ низ кор намекунам. Назари ҳукумати кишварро масъулон ва сухангӯёни расмии муҳтарами он баён мекунанд.

Таносуби тафаккури динӣ ва илмӣ

Ислом мухолифи ифротгароӣ ва терроризм

Қисми 3:

РӮЗИ ХОҶА ҲОФИЗ ФАРХУНДА БОД!

Дар ин рӯз беихтиёр мисраҳои ҷовидонӣ аз ғазалҳои ноби шоири “лисонулғайб” ба ёд меоянд...

Донӣ, ки чист давлат? Дидори ёр дидан,
Дар кӯйи ӯ гадойӣ бар хусравӣ гузидан.
Аз ҷон тамаъ буридан осон бувад, валекин
Аз дӯстони ҷонӣ мушкил тавон буридан...
Бӯсидани лаби ёр аввал зи даст магзор,
К-охир малул гардӣ аз дасту лаб газидан.
Фурсат шумор суҳбат, к-аз ин дуроҳа манзил
Чун бигзарем, дигар натвон ба ҳам расидан...

Страницы

Яндекс.Метрика