Дар ин рӯз беихтиёр мисраҳои ҷовидонӣ аз ғазалҳои ноби шоири “лисонулғайб” ба ёд меоянд...
Донӣ, ки чист давлат? Дидори ёр дидан,
Дар кӯйи ӯ гадойӣ бар хусравӣ гузидан.
Аз ҷон тамаъ буридан осон бувад, валекин
Аз дӯстони ҷонӣ мушкил тавон буридан...
Бӯсидани лаби ёр аввал зи даст магзор,
К-охир малул гардӣ аз дасту лаб газидан.
Фурсат шумор суҳбат, к-аз ин дуроҳа манзил
Чун бигзарем, дигар натвон ба ҳам расидан...
***
Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис бозпурс:
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?
Гӯиё бовар намедоранд рӯзи доварӣ,
К-ин ҳама қалбу дағал дар кори довар мекунанд...
***
Рӯзи васли дӯстдорон ёд бод,
Ёд бод он рӯзгорон, ёд бод!
Комам аз талхии ғам чун заҳр гашт,
Бонги нӯши шодхорон ёд бод!
Гарчи ёрон фориғанд аз ёди ман,
Аз ман эшонро ҳазорон ёд бод!
***
Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, Худоро,
Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро.
Киштинишастагонем, эй боди шурта, бархез,
Бошад, ки боз бинем дидори ошноро.
Даҳрӯза меҳри гардун афсона асту афсун,
Некӣ ба ҷои ёрон фурсат шумор, ёро...
***
Соқиё, бархезу дардеҳ ҷомро,
Хок бар сар кун ғами айёмро!
Соғари май дар кафам неҳ, то зи сар
Баркашам ин далқи азрақфомро.
Гарчи бадномист назди оқилон,
Мо намехоҳем нангу номро.
Бода дардеҳ, чанд аз ин боди ғурур
Хок бар сар нафси нофарҷомро!..
***
Дӯш аз масҷид суи майхона омад пири мо,
Чист, ёрони тариқат, баъд аз ин тадбири мо?
Мо, муридон, рӯй сӯи қибла чун орем, чун
Рӯй сӯи хонаи хаммор дорад пири мо?!
Дар хароботи тариқат мо ба ҳам манзил шавем,
К-инчунин рафтаст дар аҳди азал тақдири мо.
Ақл агар донад, ки дил дар банди зулфаш чун хуш аст,
Оқилон девона гарданд аз паи занҷири мо...
***
Гул дар бару май дар кафу маъшуқ ба ком аст,
Султони ҷаҳонам ба чунин рӯз ғулом аст.
Гӯ, шамъ маёред дар ин ҷамъ, ки имшаб
Дар маҷлиси мо моҳи рухи дӯст тамом аст.
Дар мазҳаби мо бода ҳалол аст, валекин
Бе рӯи ту, эй сарви гуландом, ҳаром аст.
***
Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳе нав дарандозем.
Агар ғам лашкар ангезад, ки хуни ошиқон резад,
Ману соқӣ ба ҳам созему бунёдаш барандозем.
Шароби арғавониро гулоб андар қадаҳ резем,
Насими атргардонро шакар дар миҷмар андозем...
Биҳишти адн агар хоҳӣ, биё бо мо ба майхона,
Ки аз пои хумат рӯзе ба ҳавзи Кавсар андозем.
Сухандониву хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,
Биё, Ҳофиз, ки то худро ба мулке дигар андозем.
***
Танат ба нози табибон ниёзманд мабод!
Вуҷуди нозукат озурдаи газанд мабод!
Саломати ҳама офоқ дар саломати туст,
Ба ҳеч ориза шахси ту дардманд мабод!
Ҷамоли сурату маънӣ зи амни сиҳҳати туст,
Ки зоҳират дижаму ботинат нажанд мабод!
Таҳиякунанда:
Абдуллоҳи Қодирӣ