Китобхона

ҒАЗАЛҲОИ САЙИДОИ НАСАФӢ

Зи рашки кулбаи ман каъбаву бутхона месӯзад,
Ту дар як хона оташ мезанӣ, сад хона месӯзад.
Ту май бо ғайр менӯшиву мегардам кабобат ман,
Ту шамъи анҷуман мегардиву парвона месӯзад.
Ба ҷисму ҷони ман, эй барқи бепарво, мурувват кун
Ту бар коҳи ман оташ мезаниву дона месӯзад.
Нигоҳи гарм дар майхонаи ман аз кӣ афтодаст?
Май аз хум то барояд, шишаву майхона месӯзад.
Туро имрӯз ҳамчун мӯйи оташдида мебинам,
Кадом ошуфта бар тасхири зулфу шона месӯзад.
Намерезад касе бар оташи бетобиям обе,

Қиссаи Обид ва марде, ки кафшаш дуздида шуд

Марде назди фақеҳе рафт ва гуфт эй обид суоле дорам, обид гуфт бигӯ.
Гуфт: намози худамро шикастам. Обид гуфт далелаш чи буд?

Мард гуфт: ҳангоми иқомаи намоз дидам дузде кафшҳоямро рабуд ва фирор кард бар-он шудам, ки намоз бишканам ва кафшамро аз дузд бигирам.
Ва ҳоло мехоҳам бидонам, ки корам дуруст аст ё нодуруст?

Обид гуфт: кафши ту чанд дирҳам қимат дошт?
Мард гуфт: 5 дирҳам

Обид гуфт: эй мард кори баҷо ва писандидае кардаӣ, зеро намозе, ки ту мехондӣ 2 дирҳам ҳам намеарзид!

Таҳиякунандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ

‼️АЗ ГУФТАНИ НОХУБ НИГАҲ ДОР ЗАБОНРО‼️

❗Хоҳӣ, ки наёрӣ ба сўи хеш зиёнро,
Аз гуфтани нохуб нигаҳ дор забонро.
Гуфтор зиён аст, валекин на мар-онро,
То суд ба як сў ниҳӣ аз баҳри зиёнро.
Гуфтор ба ақл аст, киро ақл надоданд,
Мар-гову хару астару дигар ҳаявонро.
Мардум, ки сухан гўяд, з-он аст, ки дорад
Ақле, ки падид орад бурҳону баёнро.
Пас, баччаи ақл омада гуфтору назебад,
Ки баччаи ақли ту забон дорад ҷонро.
Ҷону хирад аз амри Худоянду ниҳонанд,
Пайдо натавон кард мар-ин ҷуфти ниҳонро.
Тан ҷуфти ниҳон асту ба фармон-т равон аст,

"Диндоритонро ба Худо нишон диҳед, на ин ки ба рухи якдигар бикашед".

Ин тасвири як вилгард (ҳарзагард, бекора) ва ё гадо нест, балки тасвири ғӯли адабиёт ва мутафаккири Русия ва ҷаҳон, "Лев Толстой" аст.
Ӯ дорои сарвати ҳангуфт ва заминҳои густурдае буд, ки ҳамаро ба бенавоён бахшид ва дарвешона зиндагӣ кард.
Ӯ чи зебо мегуфт:
"Бо ман аз дин сӯҳбат накунед, балки бигузоред динро дар кирдори шумо бубинам".
Ӯ мегуфт:
"Диндоритонро ба Худо нишон диҳед, на ин ки ба рухи якдигар бикашед".

Таҳиякунандаи мавод : Абдуллоҳи Қодирӣ

Ривоят!

Абуалӣ Ибни Сино дар сафаре буд. Ҳангоми убур аз шаҳре назди работе аспашро ба дарахте басту миқдоре коҳу юнучқа пеши аспаш рехт. Ва худаш ҳам руйи кати назди меҳмонхона нишаст, то ғизое хурад. Харсаворе ҳам ба он ҷо расид, аз хар фуруд омаду харашро дар паҳлӯи аспи Абуалӣ баст, то дар хурдани коҳ шарики ӯ шавад ва худаш ҳам дар хони Абӯалӣ Сино шарик шуд.
Шайх гуфт:

АШК ЯК ЛАҲЗА БА МИЖГОН БОР АСТ

❗Ашк як лаҳза ба мижгон бор аст,
Фурсати умр ҳамин миқдор аст.
Зиндагӣ олами осоиш нест,
Нафас оинаи ин асрор аст.
Баски гарм аст ҳавои гулшан,
Ғунча ин ҷо сари бедастор аст.
Шишасози нами ашке нашавӣ,
Олам аз сангдилон, кӯҳсор аст.
Хишти доғест иморатгари дил,
Хонаи ойина як девор аст.
Майкашӣ сурмаи ирфон нашавад,
Биниш аз чашми қадаҳ душвор аст.
Ҳамчу ойина, агар соф шавӣ,
Ҳама ҷо анҷумани дидор аст.
Гўш, гӯ, то шавад ойинаи роз,
Нолаи мо нафаси бемор аст.

Биё, к-имрӯз моро рӯзи ид аст!

❗Биё, к-имрӯз моро рӯзи ид аст,
Аз ин пас айшу ишрат бар мазид аст!
Бизан дасте, бигӯ, к-имрӯз шодист,
Ки рӯзи хуш ҳам аз аввал падид аст!
Чу ёри мо дар ин олам кӣ бошад?!
Чунин иде ба сад даврон кӣ дидаст?!
Замину осмонҳо пуршакар шуд,
Ба ҳар сӯйе шакарҳо бардамидаст!
Расид он бонги мавҷи гавҳарафшон,
Ҷаҳон пурмавҷу дарё нопадид аст!
Муҳаммад боз аз миъроҷ омад,
Зи чорум чарх Исо даррасидаст!
Ҳар он нақде, к-аз ин ҷо нест, қалб аст,
Мае, к-аз ҷоми ҷон набвад, палид аст!

МАҲФИЛИ “ТОҶИКШИНОСӢ”

Рӯзи 19-уми майи соли равон дар Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллӣ маҳфили "Тоҷикшиносӣ" баргузор мегардад.

Дар маҳфил доктори илмҳои таърих, профессор Сайфуллоҳ Муллоҷонов оид ба китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва марҳилаҳои худшиносии тоҷикон, шахсияти Бобоҷон Ғафуров дар замони соҳибистиқлолӣ суҳбат хоҳад кард.

Оғоз: соати 10:00
Макон: Ошёнаи 9-уми Китобхонаи миллӣ
Вуруд озод аст.

Манбаъ: Аз саҳифаи Ҷаҳонгиршоҳи Рустам.

Страницы

Яндекс.Метрика