ГУЛШАНИ АДАБ

Эй дареғ аз фикри хоми одамӣ

❗Шомгоҳе дар раҳе будам равон,
Тан равону дил ба фикри обу нон.
Ман намедонам чунон шуд ё чунин,
Пойи ман лағжид хӯрдам бар замин.
Раҳнаварди меҳрубон сӯям давид,
Дасти ӯ то зери бозуям расид.
Бехи гӯшам гуфт лангӣ ё ки маст,
Вораси кун бин куҷоҳоят шикаст.
Гуфтамаш не мастаму не ҳам алил,
Афтодаам худ ҳам намедонам далил.
Ё гунаҳ аз кафш ё тақсир зи пой,
Дасти ман гир то ки бархезам зи ҷой.
Дасти ман бигрифт бо дасти дигар,
Кисаам меҷуст то ёбад магар.
Ман дар ин фикрам ки ӯ марди худост,

Сабо, агар гузаре афтадат ба кишвари дӯст...

Сабо, агар гузаре афтадат ба кишвари дӯст,
Биёр нафҳае аз гесуи муанбари дӯст.
Ба ҷони ӯ, ки ба шукрона ҷон барафшонам,
Агар ба сӯйи ман орӣ паёме аз бари дӯст,
В-агар чунон, ки дар он ҳазратат набошад бор,
Барои дида биёвар ғуборе аз дари дӯст.
Мани гадову таманнои васли ӯ? Ҳайҳот!
Магар ба хоб бубинам хаёли манзари дӯст!
Дили санавбариям ҳамчу бед ларзон аст
Зи ҳасрати қаду болои чун санавбари дӯст.
Агарчи дӯст ба чизе намехарад моро,
Ба оламе нафурӯшем мӯе аз сари дӯст.

Даъво макун, ки бартарам аз дигарон ба илм,

Даъво макун, ки бартарам аз дигарон ба илм,
Чун кибр кардӣ, аз ҳама нодон фурутарӣ!
Аз ман бигуй олими тафсиргуйро:
Гар дар амал накӯшӣ, нодон муфассарӣ.
Бори дарахти илм надонам ба ҷуз амал,
Бо илм агар амал накунӣ, шохи бебарӣ.
Илм одамият асту ҷавонмардиву адаб,
В-арна дуде, ба сурати инсон мусавварӣ.
Мардон ба саъю ранҷ, ба ҷое расидаанд,
Ту беҳунар куҷо расӣ, ар нафспарварӣ.
Умре, ки меравад ба ҳама ҳол, ҷаҳд кун,
То дар ризои Эзидӣ бину басар барӣ!
✍️Саъдии Шерозӣ.

Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Афсарон

А-фсарони Тоҷикистонро паём,
Ф-отеҳони давру давронро паём.

С-арвати тоҷик бувад - созандагӣ,
А-вҷу мавҷи рӯзгоронро паём.

Р-озгӯи ҳар гулу хори ватан,
О-лами андешадоронро паём.

Н-ангу номуси ватандори асил,
И-нқилоби ақли инсонро паём.

М-одари гаҳвораҷунбони ватан,
А-ллаи афсонадоронро паём.

Р-одмардону далеронро суҷуд,
З-анги он зангӯладоронро паём.

И-ттиҳоди Сулҳ , Ваҳдат- ҳамдилист,
Т-олибони фатҳи кайҳонро паём.

О-лам андар қабзаи тоҷикнасаб,
Ҷ-ӯи кавсардору ёронро паём.

Аз насиҳат ноқисон комил шаванд

⚠️Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд!

⚠️Аз насиҳат ноқисон комил шаванд,
В-аз насиҳат мудбирон муқбил шаванд.
В-аз насиҳат тоза гардад ҳар диле,
В-аз насиҳат ҳал шавад ҳар мушкиле!

⚠️Аз Худо ҷӯем тавфиқи адаб,
Беадаб маҳрум гашт аз лутфи Ҳақ.
Беадаб танҳо на худро дошт бад,
Балки оташ дар ҳама офоқ зад!
✍️Ҷалолиддини Балхӣ-Румӣ.

Аз саҳифаи Марвориди тоҷику форс

Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд:

- Донотарин одам кист?
- Касе, ки аз ташвиши рӯзгор дилтанг намешавад.
- Ҳимматбаланд кист?
- Он ки неъматашро аз неъмати дунё болотар мегузорад.
- Тавонотарини мардум кист?
- Касе, ки ақлаш комил аст.
- Он кадом оташ аст, ки худро месӯзонад?
- Ҳасад.
- Кадом бино хароб намешавад?
- Адолат.
- Кадом талхӣ дар охир ширин мешавад?
- Сабр.
- Кадом ширинӣ дар охир талх мешавад?
- Шитоб
- Он кадом беморӣ аст, ки табибон ба муолиҷаи он оҷизанд?
- Беақлӣ.
Аз саҳифаи Хазинаи маърифат.

Ақл гӯяд: «Шаш ҷиҳат ҳаддасту берун роҳ нест»

Дар миёни пардаи хун ишқро гулзорҳо,
Ошиқонро бо ҷамоли ишқ бечун корҳо.
Ақл гӯяд: «Шаш ҷиҳат ҳаддасту берун роҳ нест»,
Ишқ гӯяд: «Роҳ ҳасту рафтаам ман борҳо».
Ақл бозоре надиду тоҷирӣ оғоз кард,
Ишқ дида з-он суи бозори ӯ бозорҳо.
Ай басо Мансури пинҳон, з-эътимоди ҷони ишқ
Тарки минбарҳо бигуфта, бар шуда бар дорҳо.
Ошиқони дурдкашро дар даруна завқҳо,
Оқилони тирадилро дар дарун инкорҳо.
Ақл гӯяд: «По манеҳ, к-андар фано ҷуз хор нест»,
Ишқ гӯяд ақлро, к-андар ту аст он хорҳо.

Фахриддини Ироқӣ

Зи ду дида хун фишонам, зи ғамат шаби ҷудоӣ,

Чи кунам, ки ҳаст инҳо гули боги ошноӣ.

Ҳама шаб ниҳодаам сар, чу сагон бар остонат,

Ки рақиб дарнаёяд ба баҳонаи гадоӣ.

Мижаҳову чашми ёрам ба назар чунон намояд,

Ки миёни сунбулистон чарад оҳуи хитоӣ.

Дари гулситони чашмам зи чӣ рӯ ҳамеша боз аст?

Ба умеди он ки шояд ту ба чашми ман дароӣ.

Сари барги гул надорам ба чӣ рӯ равам ба гулшан?

Ки шунидаам зи гулҳо ҳама бӯи бевафоӣ.

Ба кадом мазҳаб аст ин? Ба кадом миллат аст ин?

Ки кушанд ошиқеро, ки ту ошиқам чароӣ?

Страницы

Яндекс.Метрика