Дар миёни пардаи хун ишқро гулзорҳо,
Ошиқонро бо ҷамоли ишқ бечун корҳо.
Ақл гӯяд: «Шаш ҷиҳат ҳаддасту берун роҳ нест»,
Ишқ гӯяд: «Роҳ ҳасту рафтаам ман борҳо».
Ақл бозоре надиду тоҷирӣ оғоз кард,
Ишқ дида з-он суи бозори ӯ бозорҳо.
Ай басо Мансури пинҳон, з-эътимоди ҷони ишқ
Тарки минбарҳо бигуфта, бар шуда бар дорҳо.
Ошиқони дурдкашро дар даруна завқҳо,
Оқилони тирадилро дар дарун инкорҳо.
Ақл гӯяд: «По манеҳ, к-андар фано ҷуз хор нест»,
Ишқ гӯяд ақлро, к-андар ту аст он хорҳо.
Ҳин, хамуш кун, хори ҳастиро зи пои дил бикан,
То бибинӣ дар даруни хештан гулзорҳо.
Шамси Табрезӣ, туйӣ хуршед андар абри ҳарф,
Чун баромад офтобат, маҳв шуд гуфторҳо.
✍️✍️✍️ Мавлоно Балхӣ