Китоби "Ахлоқи муҳсинӣ"- и Ҳусайн Воизи Кошифӣ аз зумраи беҳтарин китобҳои ахлоқист, то имрӯз маъруфияти худро аз даст надодааст. Китоб баробари ҳовии муҳимтарин матолиби ахлоқӣ-тарбиявӣ будан, фарогири ҳикоёти дилписанд, ашъори латифи шуарои гуногундавр ва зубдаи панду андарзҳои бузургон буда, намунаи насри зебои асри XV мебошад.
Ин асар дар байни осоре, ки дар ин замина ба қалам омадаанд, ба монанди "Насиҳату-л-мулук"-и Абӯҳомиди Ғаззолӣ, "Сияру-л-мулук"-и Низомулмулки Тӯсӣ, "Ахлоқи носирӣ"-и Насируддини Тӯсӣ ва ғ. аз мақоми хосса бархурдор аст.